Фарқият байни намунаҳои "Гимн"

6 264 bytes added ,  8 моҳ пеш
no edit summary
'''Гимн''' (юн. hymnos – мадҳ, ситоиш ё ниёиш) — сурудиоҳанг ё сурудҳои мутантани ситоишӣҷашнӣ, ки барои иҷрои умумӣ дар назар гирифта шудаастшудаанд. Гимн чанд навъ – расмӣ ё давлатӣ, инқилобӣ, ҷангию низомӣ, мазҳабию динӣ ва ғ.ғайра буда, маъмулан ба ифтихори ин ё он қаҳрамон ва ё ҳодисаи таърихӣ эҷод мешавад. Матни Гимнгимн сода, оҳангаш хотирнишин вабуда, андозаизарби мусиқияш 2 –ҳиссагӣ ё 4 –ҳиссагӣ буда,мавзун (ғолибан хислати маршӣ) дорад.
 
== Таърих ==
Гимн дар ибтидо муроҷиати мардум ба Офаридгорро дар чаҳорчӯби ниёиш ва ё маросимҳои сеҳрангез аз баҳри дархости ҳалли мушкилоти дунявии онон ифода мекард (навъи дастаҷамъии ибодат). То имрӯз гимнҳои шумерӣ-акадӣ (3 ҳазор сол то м.), Мисри Бостон (2 ҳазор сол то м, мас. «Гимни сӯи Отанхудо»), ҳийтиҳо («Гимнҳо ба Хуршед», асри 13 то м.), форсии бостон («Яштҳо»-и Авесто, як ҳазор сол то м.), яҳудии бостон («Забур» дар Аҳди Атиқ, дар моварои асри 7 ва 1 то м.) ва ғ. маҳфуз мондаанд. Аз охири ҳазорсолаи 1 то м. Гимн, асосан, ҳамчун жанри маросимҳои динӣ шакли хос мегирад. Дар Юнони Бостон урфи гимнофарӣ бо номҳои шоирони номию асотирӣ – Олен аз Лидия, Орфей, Эвмолп, Мусей марбут дониста мешавад. Рапсодияҳои дар ҷашнҳо қироатшавандаро (ба номи «гомерипо») ба Гомер мансуб медонистанд. Дар миёни муаллифони гимнҳои атиқа Анакреон ва Пиндар ном бурда шудаанд.
То имрӯз Гимнҳои шумерӣ–акадӣ (3 ҳазор с. то м.), Мисри Қадим (2 ҳазор с. то м.), ҳийитиҳо (а. 13 то м.), форсии бостон («Яштҳо»-и Авесто, 1 ҳазор с. то м.), яҳудии бостон (дар маворои а. 7 –ва 1 то м.) ва ғ. маҳфуз мондаанд. Ба Гимн дар мафҳуми умумӣ наът, просодия ё худ таносуби ҳиҷо дар мисраъ, васлу ваҷди калом ва ғ. марбутанд.
Ҳамаи давлатҳои имрӯза Гимн доранд, ки якҷо бо нишону парчам рамзи давлат аст.
== Дар Тоҷикистон ==
Ноябри 1946 Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон [[Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон |Гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон]]ро (шеъри А. Лоҳутӣ, мусиқии [[Сулаймон Юдаков]]) тасдиқ кард ва он аввалин бор 15 ноябри ҳамон сол аз тариқи радио садо дод. Варианти нави [[Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон |Гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон]] 4 ноябри 1977 тасдиқ карда шудааст. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон лозим омад, ки [[Суруди миллии Тоҷикистон|Гимни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон]]ро офарид. Ба мусиқии Гимни пештараи [[Сулаймон Юдаков]], матни нави шоир [[Гулназар Келдӣ]] мувофиқ карда, он [[7 сентябр]]и с. [[1994]] ҳамчун Гимни нави ҷумҳурии соҳибистиқлол тасқид карда шудааст (ниг. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон). <ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.96-97. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}} </ref>
 
Ба гимн дар мафҳуми умумӣ наът, просодия, ё худ таносуби ҳиҷо дар мисраъ, васлу ваҷди калом ва ғ. марбутанд. Ин жанр дар даврони эллинизм (асрҳои 4–1 то м.) дар адабиёти Юнон хеле рушд карда буд. Гимнҳои хосси адабӣ пайдо шуданд (Каллимах, асрҳои 4–3 то м.). Гимнҳо ба чанд шоха –раҷаз ё мадҳӣ (роҷеъ ба Аполлон), ситоишу тамҷидӣ (ба ифтихори худои Диюниюс, сарчашмаи жанри трагедия), арӯзӣ (ки ҳангоми гаштҳои расмӣ иҷро мешуданд), рақсӣ ё гипорхемӣ (гимн бо само), парфенӣ (ки духтарон ба шакли дастаҷамъӣ месуруданд) тақсим мешуданд. Сабти нотаҳои гимни Музе, Гелиосу ва Немесиде (асри 2) бори нахуст соли 1581 мунташир шуданд. Муҳтавои гимнҳои Юнони Бостон чунин буд: ниёиш ба Офаридгор, ситоиши он (бо устура дар мавриди ӯ), талаб аз Худо (дуо ва арзи бандагӣ). Дар адабиёти Рум гимн дар осори Горатсий (асри 1 то м.) дида мешавад. Дар охири даврони атиқа адабиётшинос Менандр (асрҳои 3–4) гимнро ҳамчун жанре дар илми фасоҳат (ба гунаи нутқи ситоишӣ) мушаххас сохта, нахустин табақабандии онро пешниҳод кард. Дар тӯли давраи аввалияи масеҳият (асрҳои 1–4) жанри гимн ба фарҳанги яҳудӣ, суриягӣ ва юнонурумӣ сахт таъсир кард; дар муҳтавои динии гимнҳо таъсири бидъатҳои масеҳии нимаи ҳазораи аввал ба назар мерасад. Дар асрҳои миёна ва даврони Эҳё гимншиносон – Ф. Аквинский, Ф. Ассизский гимнҳои динии масеҳӣ таълиф карданд. Маҷмӯаи гимнҳо аз асри 7 то имрӯз (асосан дар дайрҳо) тадвин мешаванд. Дар асри 12 «Gaudeamus iqitur», яъне гимни донишҷӯён таъсис дода мешавад. Дар асри 14 баробари пешрафти ҳунари чандовозӣ гимни полифонӣ ба миён меояд, ки дар маросимҳои расмӣ ва калисоӣ иҷро мешуд; аз миёни нахустин муаллифони машҳури ин жанр гимн Дюфан (1400–74) ном бурда мешавад. Асрҳои 15–16 гимни протестантӣ, аз ҷумла сурудҳои гуситӣ дар Чехия, «Худованд пушту паноҳи мо» (маъмултарин гимн дар замони Ҷанги кишоварзони Олмон), «Вилгелм ван Нассауве» (гимни миллии Ҳолландияи озодшуда) ва ғ. ба вуҷуд омаданд. П. Ронсар дар гимнҳои хеш аз мавзӯи соф мазҳабӣ канора мегирад. Гимнро Ф. Малерб ҳамчун жанри олии адабӣ инкишоф дод ва бад-ин тартиб гимни ғайримазҳабӣ густариш ёфт.
== Нигаред ==
 
Гимн дар назми англисӣ (Э. Спенсер, Д. Донн Д. Милтон), олмонӣ (Ф. Клопшток, И. Гёте, Ф. Шиллер, Новалис, И. К. Ф. Гулдерин), русӣ (М. Ломоносов, Г. Державин) ва дигар мавқеи намоён пайдо мекунад. Дар даврони Инқилоби бузурги Фаронса ба туфайли як силсила таълифот, ба мисли «Марселёза» (1792; К. Ж. Ружеди Лил), «Гимни ба сӯйи озодӣ» (Ф. Госсек), «Гимни ба сӯи идрок» (Э. Мегюл) гимн вижагии хоссе пайдо мекунад. Дар асри 19 «Гимни Гарибалди» (Итолиё), «Гимни Риего» (Испания), «Ракотси-марш» (Маҷористон), гимни пролетариати инқилобии «Интернатсионал» (навиштаи Э. Потйе, оҳанги П. Дегейтра) ва ғ. маъруфияти тамом доштанд.
 
Гимн дар давоми Ҷангҳои салибӣ (пеш аз асри 12) тадриҷан вориди адабиёти араб ва баъдан форсӣ шуд. Аз вижагиҳои аслии гимн ҳамчун рӯҳияи базмиву ҷашниву инқилобӣ адабиёти ирфонии форс-тоҷик (ғазалиёти Саноӣ, Аттор, Ҳофиз ва бавижа Ҷалолуддини Балхӣ) таъсир гирифт. Дар адабиёти муосири тоҷик шоирон С. Айнӣ («Марши Ҳуррият»), А. Лоҳутӣ («Сипоҳи сурх», «Мо коргарзодагонем») ва П. Сулаймонӣ («Марши пионерӣ») дар ҳавои гимн шеърҳо эҷод кардаанд.
 
Ҳамаи давлатҳои имрӯза Гимнгимн доранд, ки якҷо бо нишону парчам рамзи давлат аст.
 
== ДарГимни Тоҷикистон ==
Ноябри 1946 Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. Гимни давлатии ҷумҳури (шеъри [[Абулқосим Лоҳутӣ]], мусиқии [[Сулаймон Юдаков]])-ро тасдиқ кард ва он аввалин бор 15 ноябри ҳамон сол аз тариқи радио садо дод. Варианти нави Гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон 4 ноябри 1977 тасдиқ карда шудааст. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гимни нави ҷумҳурӣ (шеъри [[Гулназар Келдӣ]], мусиқии Сулаймон Юдаков) эҷод шуд.
 
== Нигаред низ ==
* [[Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]]
* [[ Суруди миллии Тоҷикистон ]]
* [[Суруди миллӣ]]
 
== Адабиёт ==
 
* Губер Р. И. ''Всеобщая история музыки.'' Ч. 1. М., 1965;
* ''Энциклопедияи советии тоҷик.'' Ҷ. 2. Д., 1980;
* ''Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.'' Ҷ. 1. Д,, 1988;
* Гаспаров М. Л. ''Древнегреческая хоровая лирика: Топика и композиция гимнов Горация//Гаспаров'' М. Л. Избр. труды. Т. 1. М., 1997;
* ''Новая российская энциклопедия,'' Т. IV(2). М., 2008.
 
== Пайвандҳо ==