Канзи шифо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Аз муаллиф: ислоҳи вожаҳо using AWB
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 5:
== Аз муаллиф ==
Дар навиштани «Канзи шифо» асосан аз китобҳои тибби қадими «Тӯҳфат-ул-мӯъминин», «Ихтиёроти бадеӣ», «Махзан-ул-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити аъзам», «Илоҷ-ул-ғурабо» истифода бурдем. Низ ҳамчун унсурҳои иловагӣ ва мададрасон аз «Кашф-ул- луғот», «Бурҳони қотеъ», «Баҳр-ул-ҷавоҳир», «Ғиёс-ул- луғот»,"Суроҳ ва қуроҳ", «Фарҳанги форсӣ ба русӣ», «Қомуси арабӣ-русӣ», «Энциклопедический словарь лекарственных и ядовитых растений» ва дигар манбаъҳои тибби қадим ва даврони мо баҳра бардоштем, ки хонандаҳои ин китоб ҳангоми истифода аз равиши матн дармеёбанд, вале як қисмашонро на, бинобар номбар нагаштани унвони онҳо.
Аз ҳама душвортарини амалиёт он буд, ки шаш китоби беҳад калонро дар рӯйи миз кушода донггадошта, аз саҳифаҳои онҳо маъно ва мазмун чидан ба ҳеҷ ваҷҳ имконпазир нест, зеро ҳамаи онҳо ба саҳни корӣ намеғунҷид. Барои хайрият аз ҳар яки китобҳои мазкур давоҳои алоҳидаро шарҳан ба рӯйи варақ овардему баъд аз ҳар шаши онҳо ҷамъбандӣ намуда, ба услуби тоҷикӣ даровардем. Инак, навиштаҷот дар ҳафтдаҳ соли пурмашаққат ба поён расид.
Дар китоб маҳз он давоҳое гирд оварда шуданд, ки дар диёрҳоидиёри мо мавҷуданд, мерӯянд, сохта мешаванд, ки мо онҳоро мешиносем, инчунин он дармонҳои хориҷӣ дар бозорҳои мо ёфта мешаванд ва дар айни ҳол ҳамаи онҳо дар китобҳои тибби қадимаи номбурда дарҷ гардидаанд, низ ин ҷо ба қайд расиданд.
Ҳангоми шарҳ додани баъзе давоҳо низ як миқдор аз мушоҳидаҳои худро, ки хислатҳои онҳо бо карроти таҷриба собит гашта буданд, ба матн илова намудем.
Дар моҳияти ин китоб ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки дар ин асар давоҳои мундариҷ гардида ба 98 фоизи иллат ва бемориҳои мавҷуда бо муваффақият шифо мебахшанд.