Гов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 10:
}}
 
'''Гов''' (Bos taurus), '''гав''' — ҳайвони хонагии ҷуфтсум. Бино ба таснифоти зоологӣ ба синфи ширхӯрҳо (Mammalia), оилаи ковокшохон (Bovidae) мансуб аст.
'''Гов''' — [[ҳайвон]]ест хонагӣ ва ҷуфтсум. Бино ба таснифоти зоологӣ ба синфи ширхурҳо (оилаи ковокшохон) мансуб аст. Гов ба ақидаи аксарияти олимон аз тур (Bos primidenius), ки чандин ҳазор сол пеш аз мелод дар [[Аврупо]]ю [[Осиё]] ва [[Африка]] паҳн гардида садаи XVII нест шудааст, ба вучуд омадааст. Турҳоро такрибан 8 ҳазор сол мукаддам, сараввал дар Ҳиндустон ва баъдтар дар Осиёи Пеш, кишварҳои баҳри Миёназамин, Европаи Миёна ром ва дастомуз кардан хусусиятҳои биологии Гов хеле тагӣир ёфтанд. Гов вобаста ба хусусиятҳои биологи ва маҳсулнокиаш барои инсон ахамияти багоят калон дорад. Шири гов ашёи пурбаҳои саноати хурокворист. Шири холис ва пасмондаи он барои парвариши ҷавонаҳои ҳайвоноти хоҷагии русто низ истифода мешавад. Гушти гов ваг усола сергизо буда, калорияаш зиёд аст; дар организм зуд хазм мешавад ва хусусияти парҳези дорад. Аз пусти гов, чарм, аз маҳсулоти пасмондааш орди гушту устухон, доруҳои эндокрин, стеарин, ширеш, собун ва ғайра истеҳсол мекунанд. Барзагов ва буккахоро дар корҳои хоҷагии халқ истифода менамоянд. Гов ба хисоби миёна аз 15 то 35 сол умр мебинад. Майли алокаи чинсии модаговхо ба хисоби миёна 19 – 22 ва давраи хамлашон 285 шабонарӯз аст. Гусолаи навзодвобаста ба зот 18 – 45 (баъзан то 60) кг мешавад. Вазни гусолаи навзоди нар назар ба мода одатан 1 – 3 кг зиёдтар аст. Гуночин бори аввал дар 18 – 22 моҳагиаш бордо мешавад. Бармахал бордор шудан боиси камшири вас уст инкишоф ёфтани гуночин мегардад. Буккахоро барои насл гирифтанбори авал дар 14 – 18 моҳагиашон ба пода сар медиханд. Дар як мавсим барои хар буккаи ҷавон 80 – 90 сар модагов чудо мекунанд. Аз нутфаи як букка бор охи сунъи зиёда аз 1500 модаговро бордор кардан мумкин аст. Давраи серширии Гов моҳи дуюми баъди наслдихи сар шуда, такрибан 305 рӯз давом мекунад. Каму зиёдшавии шири гов ба бисёр омилхо – зот, пайдоиш ва хусусиятҳои фардии ҳайвонот, сину сол ва ҳолати физиологии он, нигохубин, фасли сол ва ғайра вобаста мебошад. Дар хоҷагии бехтарини мамлакат аз модагов то 6000 кг шир медушанд. Модаговҳои зоти гуштдех дар мавсим то 1000 кг шир медиханд. Баъди 2 – 3 моҳи зоидан шири гов тадричан кам мешавад. Махсулнокии гушти Говро аз руи вазни зинда ва хос, гушти холис, сифати гушт ва хуроки сарфшуда муайян мекунанд; 1 кг гушти Гов аз 1500 то 3000 каллорий дорад. Говхоро асосан ба се гурӯҳ – зотҳои ширдех, ширу гуштдех ва гуштдех чудо мекунанд. Гов бо алафи сабзи чарогох, хасу беда, силос, бехмеваихо, консентрат, пасмондаи истеҳсолоти техники ( кунчора, хар хел тифл, дурда), хуроки иловагии протеин ва витаминдор конеъ мекунад. Ҳангоми додани хурок чинс, синнусол, ахамияти хоҷаги, маҳсулноки ва ҳолати физиологии Говро ба назар мегиранд. Талаботи гови маҳсулдех ба моддаи гизои зиёд аст. Талаботи гов ба микроэлементхо ба хисоби 1 кг моддаи хушки вояи хурок такрибан чуни наст ( ба хисоби мг ): кобальт 0,5 -1, мисс 5 – 10, Рух 40 – 60, манган 40 – 60, йод 0,3 - -0,5. Дар асоси талаботи чорво ба моддаҳои гизои меъёри солонаи сарфи моддаҳои гизоиро тартиб медиханд.
 
Касалиҳои асосии гов инхоянд: сухтани, сили ҳайвонот, бруцеллез, кутур, туляремия, лептоспирозхо, нагзак, листериоз, актиномикоз, фастиолёз, гиподерматоз ва ғайра.
== Таърих ==
Дар Тоҷикистон Гови зотҳои абердинии ангуси, сафеди казоки, сиёҳало, швиции зебумонанд ва калмокиро мепарваранд. Вобаста ба шароити табиии ҷумҳури говҳои зоти ширдех дар вилоятҳои Сугд, Хатлон, Хисор, Говҳои зоти ширу гуштдех дар районҳои наздикӯҳи, зоти говҳои гуштдех дар районҳои кӯҳсор парвариш мешавад. 1 январи соли 1986 дар Тоҷикистон 585 ҳазор сар чорвои шохдори калон, аз ҷумла 152 ҳазор сар модагов буд.
Гов дар таърихи инсон мақоми асосӣ дорад. Он дар ҳама давру замонҳо мушкилкушои одам буд. Говро барои иҷрои корҳои душвору вазнин истифода мебурданд, бо гови ассор равған мекашиданд, бо гови варза замин меронданд, бо гови гардун бор мекашониданд, бо гови харос осиё мегардониданд. Дар адабиётшиносии тоҷик ибораҳои гови парворӣ, гови Фаридун, гови сипеҳр (гови фалак ё чарх) ва ғ. мавҷуданд. Гови парворӣ бо хӯрокиҳои муносиб фарбеҳ карда мешавад. Гови Фаридун гове будааст, ки Фаридун (қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) дар кӯдакӣ шири онро хӯрда, дар бузургӣ ба он савор шуда мегаштааст. Бино ба ривоятҳои асотирӣ гӯё Замин низ бар болои шохи гов қарор гирифтааст ва он гов бар пушти моҳӣ ва моҳӣ дар об меистад. Бурҷи дуввум аз дувоздаҳ бурҷи фалакро бурҷи Савр (гови гардун, гови сипеҳр ё гови чарх) ва яке аз солҳои мучалро Бақар номидаанд, ки ба маънои гов аст. Дарозтарин сураи Қуръони карим низ Бақара ном дорад. Бисёр бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки одамон дар гузашта зарфҳои гуногуни рӯзгорро аз тилову нуқра ва сафол ба шакли гов месохтаанд, паҳлавонону муборизони далерро маҷозан гав меномиданд. Гов дар Ҳиндустон ҳайвони муқаддас маҳсуб мешавад. Ҳиндуҳо онро таҷассуми Модари бузург – Адита ва замин мешуморанд. Гов бо қонунҳои коинот ва Вишна ҳифз гашта, кушандаи он мансуб ба аҳли ҷаҳаннам дониста мешавад; ӯ гӯё баробари ҳар тор мӯи гов дар ҷаҳаннам месӯхтааст.
 
== Паҳншавӣ ==
Говро дар давраҳои аввали неолит, тақрибан 8500 сол қабл хонагӣ кардаанд. Бино ба ақидаи олимон, хонагӣ кардани он дар секунҷаи Олтой – Ҳиндустон – Эрон сурат гирифтааст. Бино ба пажӯҳишҳои илмӣ гов аз тур (Bos primidehius), ки ҳазорҳо сол пеш аз м. дар Аврупову Осиё ва Африқо паҳн гардида, дар асри 17 нест шудааст, ба вуҷуд омадааст. Дар натиҷаи ром кардан хусусиятҳои биологии гов хеле тағйир ёфтанд. Гов барои инсон аҳаммияти бағоят калон дорад. Шири гов ашёи пурбаҳои саноати хӯрокворист. Шири холис ва пасмондаи он барои парвариши ҷавонаҳо низ истифода мешавад. Гӯшти гов ва гӯсола серғизову зудҳазм буда, хусусияти парҳезӣ дорад. Аз пӯсти гов чарм, аз маҳсулоти пасмондааш орди гӯшту устухон, дору (эндокрин, стеарин), ширеш, собун ва ғ. истеҳсол мекунанд. ''Барзагов'' ва ''буққаҳоро'' дар кишоварзӣ истифода мебаранд. Гов 15–35 сол умр мебинад. Майли алоқаи ҷинсии модаговҳо 19–22, даври ҳамлашон 285 шаборӯз аст. Вазни гӯсолаи навзод вобаста ба зоти гов 18–45 (баъзан то 60) кг мешавад. Гӯсолаи нар нисбат ба гӯсолаи мода, маъмулан, 1–3 кг вазнинтар аст. Ғуноҷинҳо бори аввал дар 18–22-моҳагӣ бордор мешаванд. Пеш аз вақт бордор шудан боиси камширӣ ва рушди сусти онҳо мегардад. Буққаҳоро барои наслгирӣ дар 14–18-моҳагӣ ба пода сар медиҳанд. Дар як мавсим барои ҳар буққа 80–90 сар модагов ҷудо мекунанд. Аз нутфаи як буққа зиёда аз 1500 модаговро бордор кардан мумкин аст (нигар ''Бордоркунии сунъӣ''). Давраи серширии модаговҳо аз моҳи дуввуми баъди зоиданашон оғоз шуда, тақр. 305 рӯз давом мекунад. Каму зиёдии шир ба зот ва хусусиятҳои фардии модагов, синну сол, ҳолати физиологии организм, нигоҳубин, фасли сол ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад. Дар хоҷагиҳои беҳтарин аз модаговҳо то 6000 кг шир медӯшанд. Аз говҳои зоти гӯштдеҳ дар мавсим то 1000 кг шир дӯшидан мумкин аст. Баъди 2–3 моҳи зоидан шири гов тадриҷан кам мешавад. Маҳсулнокии гӯшти говро аз рӯи вазни зинда ва хос, гӯшти холис, сифати гӯшт ва миқдори хӯроки сарфшуда муайян мекунанд; 1 кг гӯшти гов дорои 1500–3000 калория аст.
 
Говҳоро асосан ба зоти ширдеҳ, ширу гӯштдеҳ ва гӯштдеҳ ҷудо мекунанд. Гов бо алафи сабзи чарогоҳ, хасу беда, силос, бехмева, ғизои омехта, пасмондаи истеҳсолот (кунҷора, дурда ва ғ.), хӯроки иловагӣ парвариш карда мешавад. Ҳангоми додани хӯрок ҷинс, синну сол, маҳсулнокӣ ва ҳолати физиологии говро ба назар мегиранд. Говҳои маҳсулдеҳ ба моддаҳои ғизоӣ талаботи зиёд доранд. Мас., барои ҳосил шудани 1 кг шири равғаннокиаш 4% ба гов 0,5–0,6 воҳиди хӯрокӣ (нигар ''Воҳиди хӯроки чорво'') ва қариб 70 г протеини ҳозим зарур аст. Меъёри хӯроки говҳои дӯшоро баъди 2–3 моҳи насл оварданашон 5–10% зиёд мекунанд. Талаботи гов ба микроэлементҳо тақр. чунин аст (ба ҳисоби мг): кобалт 0,5–1, мис 5–10, руҳ 40–60, манган 40–60, йод 0,3–0,5. Дар заминаи талаботи ба маводди ғизоӣ доштаи чорво меъёри солонаи сарфи онро тартиб медиҳанд. Талаботи солонаи модаговҳо ба маводди ғизоӣ (ҳангоми 3,8–4% будани равғаннокии шир) дар ҷадвал нишон дода шудааст.
{| class="wikitable"
|Миқдори солонаи шире, ки аз модагов дӯшида мешавад, кг
|Вазни модагов ба ҳисоби миёна, кг
|Воҳиди хӯрокӣ, кг
|Протеини ҳозим, кг
|-
|2000
|300–400
|2600–2800
|281–302
|-
|3000
|400–450
|3300–3500
|363–385
|-
|4000
|450–550
|4000–4200
|448–470
|-
|5000
|550–600
|4600–4800
|529–552
|}
 
== Касалиҳо ==
Касалиҳои асосии гов инхоянд: сухтани''сӯхтанӣ, сили ҳайвонот, бруцеллезбрутселлёз, кутурқӯтур, туляремия, лептоспирозхолептоспирозҳо, нагзакнағзак, листериоз, актиномикоз, фастиолёзфассиолёз, гиподерматоз'' ва ғайрағ.
 
Дар Тоҷикистон гови зотҳои абердинии ангусӣ, сарсафеди қазоқӣ, сиёҳало, сиёҳалои тоҷикӣ, швитсӣ, швитсии зебумонанд ва қалмиқиро парвариш мекунанд. Соли 2014 дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 2015,3 ҳазор сар гов, аз ҷумла 1037,0 ҳазор сар модагов мавҷуд буд.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гов"