Ғуриён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 5:
Ҳокимони [[Ғур]] баъзе вақтҳо исман ба шинохтани ҳокимияти олии [[Ғазнавиён]] маҷбур шуда бошанд ҳам, вале дар зарфи чандин даҳсолаҳо бар зидди ин сулола мубориза бурдаанд. Ниҳоят, онҳо заиф шудани давлати ғазнавиро фурсати мусоид дарёфта, истиқлоли худро аз нав ба даст оварданд ва дар аҳди ҳукмронии Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ ба rувваи бузурге соҳиб гардиданд.
 
Ин буд, ки Баҳромшоҳ (яке аз охирин султонони ғазнавӣ) аз афзудани иқтидори Ғуриён ва шӯҳратшуҳрат ёфтани Қутбиддин Маҳмуди Ғурӣ тарсида, вайро бо роҳи фиреб ба [[Ғазна]] биёвард ва ба ҳабс гирифта, пас аз чанде заҳр дода ҳалок намуд.
Бо вуҷуди ин, дигарбора тасарруф кардани давлати Ғур ба Баҳромшоҳ муяссар нагардид. Баҳромшоҳи Ғазнавӣ дар чанд муҳорибаи шадиде, ки байни ӯ ва бародарони Қутбиддин ба амал омаданд, якзайл шикаст хӯрд. Асосгузори давлати Ғуриён [[Алоуддин Ҳусейн]] (Ҷаҳонсӯз) соли [[1150]] ба Баҳромшоҳи Ғазнавӣ шикасти ҳалкунанда расонида шаҳри [[Ғазна]]ро забт намуд ва оташ зад (аз инҷо лақаби [[Алоуддин Ҳусейн]]- Ҷаҳонсӯз пайдо щудааст).
Вале муборизаи [[Ғазнавиён]] ва Ғуриён бо ин ҳама ба итмом нарасид. Дар соли 1186–87 бародарзодаи [[Алоуддин Ҳусейн]] - Ғиёсиддин Муҳаммади Ғурӣ дар яке аз ҷангҳо охирин хонадони [[Ғазнавиён|ғазнавӣ]], Ҳокими Лоҳур - Хисравмаликро асир карда, ба пойтахти давлати Ғур - Фирӯзкӯҳ фиристод. Бо ҳамин салтанати [[Ғазнавиён]] тамоман аз миён бардошта шуд. Ғуриён ҳокимияти [[Ғазнавиён]]ро барҳам дода, ҳукмрони давлати бузурге гардиданд, ки дере нагузашта ҳудуди он дар натиҷаи футуҳоти минбаъдаи онҳо хеле вусъат пайдо намуд. Маркази ин давлат ҳамоно [[Ғур]] буд.<ref name="ReferenceA">Б.Ғ. Ғафуров Тоҷикон. Китоби дуюм. - Душанбе, 2008. - с. 414</ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ғуриён"