Абдусалом Деҳотӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 28:
Абдусалом Деҳотӣ 14 марти [[1911 дар деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро соли 1930 хатм кардааст. Аз соли 1931 дар шаҳри [[Самарқанд]], дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор мекард. Соли 1935 ба [[Сталинобод]] омада, дар идораи маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» кор кардааст.
Дар солҳои [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] (солҳои 1941—1945) корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон, пас аз ҷанг котиби масъул ва муҳаррири журнали «Шарқи Сурх», муҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон», котиби иҷроияи [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]], мудири шуъбаи адабиёти бадеӣ ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд ва ба сифати яке аз арбобони барҷастаи матбуоту нашриёти тоҷик
шӯҳратшуҳрат пайдо кард. Солҳои 1946—1949 ходими илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи филиали тоҷикистонии АИ СССР буда, бо Н. Н. Ершов «Луғати русӣ — тоҷикӣ» — ро таҳрир намуд ([[1949]]). Дар таҳрири чанд ҷилди тарҷумаи тоҷикии асарҳои В. И. Ленин иштирок дошт. Аз соли 1959 то охири умр корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, яке аз муҳаррирони «[[Фарҳанги забони тоҷикӣ]]» (ҷ. 1 — 2, М., 1969) буд. Яке аз донишмандони забону адабиёти тоҷик ва аввалин муҳаррири асарҳои илмии [[Садриддин Айнӣ]] буда, дар таҳияи нахустин маҷмӯаи шеърҳои [[Рӯдакӣ]] (1940) бо [[Садриддин Айнӣ]] ҳамкорӣ кардааст. «Ҳафт пайкар» ва «Лайливу Маҷнун»-и Низомӣ, мухтасари «Куллиёт»-и Саъдӣ, «Латифаҳои тоҷикӣ»-ро ба чоп ҳозир кардааст.
 
== Эҷодиёт ==