Адолат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
 
Сатри 3:
'''Адолат''', ''баробарӣ'', ''таодул'', мафҳумест, ки то кадом дараҷа ба воқеияти муайян мувофик будани тасаввуроти фардро дар бораи воҷибии ҳуқуқҳояш ифода мекунад. Адолат гурӯҳи ҳуқуқи [[ахлоқ]]ист. Дар ҳаёти иҷтимоӣ адолат таносуби амъолу подош, заҳмату мукофот ва ҷинояту ҷазоро таҷассум менамояд. Номутобиқатӣ дар ин таносуб чун беадолатӣ тавсиф меёбад. Адолат таносуби чанди ҳодисаро аз нуқтаи назари дар байни одамон тақсим шудани хайру шарри мавҷуда шарҳ медиҳад. Намоядагони фалсафаи машшоъ [[Абунасри Форобӣ]], [[Сино|Абуалӣ ибни Сино]], [[Насируддини Тусӣ]] ва фалсафаи калом [[Муҳаммади Ғазолӣ]], [[Фахруддини Розӣ]] ва дигарон зикр кардаанд, ки адолат аз се фазилат - ҳикмат, шуҷоат, иффат сар мезанад. Ҳар кадом аз фазилати мазкур ба қувваҳои гуногуни нафсии инсон - хирад, ғазаб, шаҳват мансуб аст. Ба тавассути адолат одам дар ҳама кор ҳади эътидолро риоя карда, ба ифроту тафрит роҳ намедиҳад.
 
'''Адолат''' - додрасӣ, накӯкорӣ, яке аз категорияҳои ахлоқ ва ҳуқуқ, ки ба воқеияти конкретӣ мувофиқ омадан ё наомадани моҳият ва ҳуқуқи инсонро
ифода менамояд. Ба воситаи адолат
шаклҳои шуури ҷамъиятӣ-ҳуқуқ ва
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Адолат"