Бемористон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 1:
[[File:Hospital room ubt.jpeg|alt=Бемористон дар Дания|thumb|337x337px|Бемористон дар [[Дания]]]]
'''БЕМОРИСТÓН''', [[шифохона]], [[беморхона]], муассисаест барои дармони беморони бистарӣ. Бемористоне, ки дармонгоҳ (поликлиника) дорад (бемористони муттаҳид), дар баробари муолиҷа оид ба пешгирии бемориҳо низ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бемористонҳо чанд навъ мешаванд: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ. Бемористонҳои умумӣ (иборат аз шуъбаҳои гуногун) ва махсус (бемористонҳои касалиҳои сил, бемориҳои сироятӣ, амрози рӯҳӣ, иллатҳои чашм ва ғайра) низ мавҷуданд (аз ҷумла барои кӯдакон). Бемористони ёрии таъҷилӣ ду навъ аст: собит ва сайёр. Агар бемористон дар заминаи мактаби олии тиббӣ ё пажӯҳишгоҳ амал кунад, онро бемористони клиникӣ меноманд. Бемористонҳое низ вуҷуд доранд, ки ба одамон мувофиқи касбу корашон хизматхидмат мерасонанд, масоли, бемористони кормандони роҳи оҳан, милитсия ва ғайра.<br />
Бемористон аз шуъбаҳои қабулгоҳ (духтур беморро муоина карда, ҳуҷҷати тиббӣ медиҳад, тадбирҳои беҳдоштиву гигиенӣ меандешад), муолиҷа ([[ҷарроҳӣ]], [[терапевтӣ]] ва ғайра), ташхису табобат (рентгенологӣ, физиотерапевтӣ), лаборатория, дорухона, ошхона, хонаи либосшӯйӣ ва ғайра иборат аст. Ҳайати кормандон, аз ҷумла духтурони бемористон ба миқдори кат вобаста мебошад.<br />
Ба бемористон одамонеро равон мекунанд, ки онҳо ба муоина ва муолиҷаи муттасили тиббӣ муҳтоҷанд. Ба бемор роҳхатро духтури дармонгоҳ ва дар ҳолати оҷил духтури ёрии таъҷилӣ медиҳад. Шифои бемор дар бемористон на фақат ба имкониятҳои тиббӣ, балки ба худи ӯ ва хешу табораш низ вобаста аст. Рафтори дуруст, кайфияти хуш, бовар ба муолиҷа, иҷро кардани тамоми фармудаҳои духтур, риояи парҳез ва низоми бемористон шарти муҳимми шифоёбист.<br />