Абдулҳусайни Зарринкӯб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 2 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8.1
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 5:
[[19 март|19 марти соли]] [[Соли 1923|1923]] дар шаҳри Боружерд дар оилаи муҳоҷирони аз шаҳри Хонсор таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ дар зодгоҳаш, барои таҳсили ба Теҳрон рафт. Пас аз як сол Зарринкӯб дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Теҳрон ҷои аввалро гирифт. Аммо, аз сабаби он, ки вазъияти нооромии сисёсии Теҳрон дар робита бо Ишғолкориҳои Русияву Бритониё дар Эрон, маҷбур шуд, ки ба ватани худ — Луристон баргардад. Алиакбари Деҳхудо декани он замони факултаи ҳуқуқ, аз рафтани чунин як донишҷӯи боистеъдод изҳори таассуф кард. Пас аз бозгашт ба Бурҷерӯд, Зарринкуб дар мактаби миёна ба таълими таърих, ҷуғрофия, адабиёти форсӣ, забонҳои хориҷӣ, математика, физика, фалсафа ва худошиносӣ шурӯъ кард. Дар ҳамон ҷо, соли [[Соли 1944|1944]] китоби якуми худро бо номи «Фалсафа ва шеър ё таърихи пайдоиши шеъру санъати шоирии дар Эрон» ба табъ расонд.
 
Соли [[Соли 1945|1945]] Зарринкуб ба факултаи адабиётшиносии Донишгоҳи Теҳрон дохил шуда, пас аз се сол инфакултетро бо дипломи аъло хатм кард ва пас аз як сол ба аспирантураи донишгоҳ дохил шуд. Таҳти роҳбарии Бадеуззамон Фурузонфар дар [[соли 1956]] Зарринкуб рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Нақди шеър» ҳимоя кард. Фурузонфар Зарринкӯбро ба ҳайси ёвари факултаи фалсафӣ ва худошиносии Донишгоҳи Теҳрон даъват кард ва дар он ҷо ба лексияҳо оид ба таърихи ислом, худошиносӣ, таърихи тасаввуф ва таърихи илмҳо шурӯъ карда, унвони профессорро дар [[Соли 1960|соли 1960 ба даст овард]] .
 
Ҳанӯз дар замони таҳсил дар бахши аспирантӣ Зарринкӯб ба як гурӯҳ олимони ҷавон ва боистеъдоди эронӣ, аз қабили Аббос Иқболи Оштиёнӣ, Сайид Нафисӣ, Муҳаммад Муъин, Парвиз Нотили Хонларӣ ва дигарон, ки нашрияи ҳолландиии «Brill» дар [[соли 1951]] барои иштирок дар лоиҳа оид ба тарҷумаи мақолаҳо барои китоби бисёрҷилдаи «Донишномаи ислом», даъват карда буд, шинос шуд.
Сатри 14:
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Зарринкӯб олими сатҳи ҷаҳонӣ буда, дорои мероси гаронбаҳои илмӣ дар таърихи ислом, таърихи динҳо, маърифати Худо ва фалсафаи мадрасӣ, таърихи тасаввуф, таърихи илм, нақди адабӣ ва адабиёти муқоисавӣ мебошад . Вай даҳҳо китоб ва садҳо мақола ба забонҳои форсӣ, фаронсавӣ ва англисӣ навиштааст. Машҳуртарин асари ӯ «Ду қарни сукут» мебошад. Як қатор асарҳои ӯ ба забони русӣ тарҷума шудаанд, аз ҷумла китобҳои «Кашфиёти бузург ва дастовардҳои инсоният», «Арзиши мероси сӯфия» ва «Тамаддуни ислом».
 
== Эзоҳ ==