Товус: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х →Сарчашма: clean up using AWB |
No edit summary |
||
Сатри 1:
{{Таксон
| regnum = Ҷонварон
| image file = Pfau imponierend.jpg
| image descr =
| parent = Phasianinae
| rang = Ҷинс
| latin = Pavo
| children name = Навъҳо
| children =
* Pavo cristatus
* Pavo muticus
| author = [[Linnaeus]], 1758
| wikispecies = Pavo
}}
'''Товус''', '''мурғи биҳишт''' ({{btname|Pavo|[[Linnaeus]], 1758}}) — як навъ мурғи зебост аз оилаи [[тазарвиҳо]].
Ду намуди Товус (муқаррарӣ — Pavo cristatus ва кабудбол — Pavo muticus) маълум аст. Товуси муқаррарии нарина хеле хушранг аст; дарозии танаш 100—125 см, думаш 40—45 см. Парҳои болои думаш (калал), ки онҳоро иштибоҳан дум меҳисобанд, хеле дарозанд (120—130 см) ва «чашмакҳо»-и базеб доранд. Вазнаш 4—4,25 кг.
Сар, гардану қафаси синааш кабуд, пушташ сабз, шикамаш сиёҳ. Товуси модина нисбатан хурдҷусса буда, парҳои дароз надорад. Ба монанди Товуси нарина хушранг нест. Дар нимҷазираи Ҳиндустон ва ҷазираи Шри-Ланка маскун аст. Товуси кабудбол хушрангу зебост. Товусҳои наринаву модина аз ҷиҳати ранг ба ҳам хеле монандавд. Дар Ҳиндухитой, Малакка ва Суматра вомехӯрад. Товус дар буттазор ва соҳили дарёҳо зиндагӣ мекунад. Дар замин лона месозад ва 5—6-то тухм метузорад. Товуси модина баъди 27—30 рӯз чӯҷа мебарорад. Асосан нармбаданҳо (моллюскҳо), ҳашарот ва растаниро мехӯрад. Товус дар байни мардуми Шарқ аз қадим машҳур аст. Товус дар Ҳиндустон қисман хонагӣ шудааст.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
|