Амрикои Шимолӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Тақсимоти сиёсӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Хок ва олами наботот: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 33:
 
=== Хок ва олами наботот ===
Хок ва олами набототи Америкаи Шимолӣ гуногун аст; дар шарқи материк як қатор минтақаҳои арзӣ ва дар ноҳ.ноҳияи кӯҳсори Кордилйера якчанд минтақаҳои баландкӯҳ мавҷуданд. Қисми шимолии материкро минтақаи биёбони арктикӣ фаро гирифта, каму беш бо ушна пӯшида шудааст ва заминаш санглох мебошад. Ҷанубтар минтақаи тундра воқеъ гардидааст, ки қисми ҷанубии галаҷаз. Арктикии Канада ва соҳилҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолиро дар бар мегирад. Дар ин ҷо ушнаю гулсанг, рустаниҳои буттагӣ, паканатӯс, бед ва ғайра мерӯянд. Боз ҳам ҷанубтар, аз доманаҳои кӯҳҳои Кордилйера то соҳилҳои Уқёнуси Атлантик, минтақаҳои бешатундра ва тайга тӯл кашидаанд. Аз наботот ба тариқи пароканда арча, коҷи баргрез, инчунин пихтаи балзамӣ, ширбини америкоӣ, тӯс ва сафедор мерӯянд. Хокаш бештар хокистарии яхбаста аст. Минтақаи тайгаи Америкаи Шимолӣ нисбат ба қисми аврупоӣ ва осиёӣ бойтар аст. Дар баробари намудҳои арча (сафед ва сиёҳ) рустаниҳои сӯзанбарг, тӯс, сафедор ва дарахтони калони секвойя (то 80 – 100 м баланд мешавад) дучор меоянд. Намудҳои бойи набототро бештар дар соҳили Уқёнуси Ором дидан мумкин аст. Дар бешаҳои паҳнбарг бештар булут, липа, бук, дарахти лолагул, магнолияи баргрез ва ғайра вомехӯранд. Дар ҷангалҳои муссонӣ дарахтони баргрезу ҳамешасабз – санавбар, нахл, сарви ботлоқӣ, ликвидамбр ва нисса мерӯянд. Бешаҳои тропикӣ бештар аз дарахтони нахл иборатанд. Хоки минтақаи бешазор хокистарию сиёҳтоб ва сиёҳтоби бешагӣ, зарду сурхи субтропикӣ, латеритии зарди сурхтоби тропикӣ аст. Дар Ғарб минтақаи бешазор ба минтақаи бешадашт ва дашти сералафи прерияҳо (минтақаҳои байни бешаву дашт), ки хоки онҳо сиёҳтоб ва сиёҳи марғзорӣ аст, табдил ёфта, тадриҷан ба минтақаи даштҳои муқаррарӣ ва хушки хокаш сиёҳтобу хурмоӣ мегузарад. Олами набототу ҳайвоноти ин ҷоро инсон бо фаъолияти худ хеле тағйир додааст. Кӯҳҳои Кордилйера ба минтақаҳои зерин тақсим мешаванд: минтақаи бешазори тайгаи кӯҳӣ ва бешазори тунук, инчунин тундраи кӯҳӣ дар Аляска ва Канадаи Шимолӣ; минтақаи бешазори дарахтони ғафстанаи кӯҳӣ, бешазори субалпӣ ва марғзори алпӣ дар сарҳади ИМА ва Канада; минтақаи даштҳои доманакӯҳ, бешазори сираки санавбари кӯҳӣ ва буттаҳои дуруштбарг, бешазори субалпӣ дар қуллаи кӯҳҳои ҷан. ғарби ИМА ва Мексика; минтақаи бешаҳои омехта ва ҳамешасабзи тропикии кӯҳӣ дар ҷан. Мексика ва Америкаи Марказӣ. Дар кишварҳои Америкаи Шимолӣ оид ба ҳифзи табиат ва муҳити зист қонунҳои қотеъ бароварда шудаанд ва хуб риоя мегарданд.
 
== Обҳои дохилӣ ==