Шоҳаншоҳии Ашконӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Нигаред: навсозӣ
х →‎Ибтидои садаи I м.: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 38:
 
=== Ибтидои садаи I м. ===
Тибқи маълумоти Плиний, Порт дар ибтидои садаи I м. ба 18 кишвари ниммустақил тақсим шуд. Соли 105 м. Вологези II ба сари ҳокимият омад. Дар ин вақт аз шарқ Кушониён ва аз шарқ аланҳои кӯчӣ таҳдид мекарданд, вале хатари асосӣ аз Рим буд. Соли 109 Ороз соҳиби тахт гардид. Соли 148 Вологези III, ки сарлашкари варзида ва шахси адолатхоҳ буд, ба тахт нишаста, с. 161 барои тасхир намудани Сурияи Рим талош кард, вале ба натиҷае нарасид. Соли 197 писари Вологези III–Вологези IV кӯшид, ки Байнаннаҳрайни Шимолиро тобеъ созад, вале муваффақ нашуд. Парокандагии ҳокимони дохили мамлакат ва ҳамлаҳои пайдарҳами душманони берунӣ сулолаи Ашкониёнро сӯи таназзулёбӣ кашонданд. Пас аз фавти Вологези IV (с. 208) писари ӯ Вологези V ба тахт нишаст, вале андаке нагузашта с. 213 муқобили ӯ бародараш Артабони V бархест. Пас аз муқовимати шадиди тӯлонӣ ӯ Мод, Порт як қисми Байнаннаҳрайну Тайсафунро тасхир кард, вале дар баробараш Вологез ҳам Селевк, Бобул ва чанд шаҳри дигарро нигоҳ дошт. Соли 216 ба Байнаннаҳрайн сипоҳи Рим бо сипаҳсолории Каракалл ҳамла овард. Барои портҳо ин ҳуҷум ногаҳонӣ буд ва бад-ин сабаб Артабон танҳо баъди як сол сипоҳ ҷамъ карда муқобилашон баромад. Дар ноҳ.ноҳияи Нисибин ҷанги шадиде сурат гирифт, вале ҳеч кадом дастболо нашуд. Ин ҷанги охирин байни Рим ва Порт буд. Соли 224 Ардашери I аз авлоди Сосониён дар ҳамвории Урмуздакон Вологези V ва с. 228 Артабони V-ро шикаст дод. Артабон ба кӯҳҳои Эрон паноҳ бурд, вале оқибат дастгир ва дар Тайсафун ба қатл расонда шуд. Бо ҳамин ба сулолаи Ашкониён ва ҳукмронии чаҳорсадсолаи портиҳо хотима гузошта шуд. Ба сари қудрат сулолаи эронии Сосониён омаданд.
 
Дар авоили мавҷудияти давлатдории Ашкониён маданияти эллинии шаҳрҳои юнонӣ ва аҳолии маҳаллӣ аз ҳам ҷудо, қариб дар алоҳидагӣ тараққӣ мекарданд. Аз ибтидои садаи I м. омезиши ин ду маданият оғоз гардид. Тадриҷан унсурҳои санъати эллинӣ аз байн рафта, унсурҳои санъати маҳаллӣ ҷойгузини онҳо гардиданд. Чунончи маъбади Тахти Ҷамшед ба оташкада монанд буд, дар атрофи қасри марказӣ биноҳои гуногуни айвондор сохта шуданд. Шоҳони ашконӣ шаҳрҳои зебое эъмор карда буданд, ки Тайсафун, Дура–Европос, Вологезия, Селевкия, Ошур, Шуш, Кӯҳи Хоҷа, Хатра ва Ансову Марви таҷдидшуда аз қабили онҳоянд. Аксари хонаҳо аз хишти хом сохта шуда мисли ҳозира ҳавлии дарун ва берун доштанд. Вазъи иҷтимоии давраи Ашкониён хеле гуногун буд: ғуломдорӣ сахт маъмул набуд, танҳо дар баъзе қисматҳои Бобулу Байнаннаҳр ба назар мерасид. Аҳолии асосиро деҳқонони озоди деҳот ташкил медоданд, вале бо мурури замон онҳо ба ашроф тобеъ гаштанд. Тибқи маълумоти ҳафриёти бостоншиносон боғдорӣ, токпарварӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ дар қаламрави Ашкониён ривоҷ ёфта буд. Ҳунармандӣ низ ба сатҳи хеле баланд расида, қолиҳои Ашкониён ва маснуоти филиззии Марғиён хеле шуҳратёр буданд. Аз ҳудуди давлатдории Ашкониён Роҳи бузурги абрешим мегузашт. Тоҷирони маҳал ба Рум пӯст, матоъ, оҳан ва бахусус абрешим мебурданд ва бо Хитой, Палмира, Миср, Фаластин низ робитаҳои тиҷоратӣ доштанд.