Фазлиддин Шаҳобов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
Сатри 29:
 
'''Фазлиддин Шаҳобов''' ([[21 март]]и соли 1911 – [[1 феврал]]и соли [[1974]]) - мусиқишинос, сарояндаи мақом, навозандаи беназири танбӯр, сарояндаи [[шашмақом]] ва оҳангсози тоҷик. [[Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон]] ([[1952]]), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1944), дорандаи [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ]] (1972) ва Ҷоизаи ба номи Борбад (1990), узви Иттифоқи оҳангсозони СССР (1942), раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1955-1956).
==Зиндагинома==
Фазлиддин Шаҳобов соли 1911 дар шаҳри [[Бухоро]] дар оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро донандаи маъруфи ашъори Бедил Абдураҳими Хатлонӣ (Аҷзӣ) таваллуд шудааст. Падараш таҳсилоти академии писарашро наззора менамуд, меҳри кӯдакро нисбат ба мусиқӣ Изомӣ – танбӯрнавози маъруф, парваридааст. Нахустин дарсҳои танбӯрнавозиро аз тағоияш, сипас дар техникуми мусиқии Бухоро (1925-1929) аз иҷрокунандагон ва донишмандони машҳури мусиқии классикии тоҷик [[Мирзоғиёси Танбӯрӣ]] ва [[Бобоҷалоли Носирӣ]] омӯхтааст.
Пас аз хатми мактаб соли 1929 ӯ ба [[Самарқанд]] омада, маҳорати хешро дар назди ҳофизони машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов, Абдулқодири Найчӣ, Ҳоҷӣ Абдураҳмон, Домулло Ҳалим Ибодов такмил медиҳад. Аз соли 1930 то соли 1932 Ф.Шаҳобов ба ҳайси навозанда дар Оркестри давлатии Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Тошканд, аз соли 1932 то соли 1936 ба сифати дирижёр ва мудири қисми мусиқии Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро фаъолият менамояд. Дар баробари ин ӯ дар Техникуми мусиқии Бухоро дарс медиҳад. Аввалин таҷрибаҳои ӯ дар композитсия ба ҳамин давра рост меоянд, ки дар байни онҳо бузургтарин марши «Шараф» барои ансамбли созҳои миллӣ маҳсуб меёбад.