Артишсолор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ, навсозӣ, вироишоти сабкӣ
х ислоҳ
Сатри 32:
 
== Вожашиносӣ ==
«''Артишсолор''» аз ду [[вожа]] сохта шудааст: ''[[артиш]]'' ({{lang-fa|'''ارتش'''}} > {{lang-pal|''artēštār''}} «''сарбоз'', ''лашкарӣ'', ''ҷанговар'', ''сипоҳӣ''» > {{lang-ae|''raθaē-štar-''}} «''гардунасавор'', ''разманда''»)<ref name="Ҳасандӯст">''Ҳасандӯст, Муҳаммад''. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.</ref> + ''[[солор]]'' ({{lang-fa|'''سالار'''}} > {{lang-pal|''sālār''}} > {{lang-xpr|''sarδār''}} > эронии бостон: ''*sara-dāra-'')<ref>'' name="Ҳасандӯст," Муҳаммад''. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1648.</ref>.
 
Мақулаи дастурии ин вожа [[исм]] ва сохтвожаи он ба сурати [исм (''[[артиш]]'') + [[исм]] (''[[солор]]'')] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «''Солор''» гунае дигар аз «''[[сардор]]''» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «''раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал''» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад.
 
Вожаи «''артиш''» дар забонҳои порсии бостон ва миёна вуҷуд надошта ва бо равиши «''пасинсозӣ''» ({{lang-en|back-formation}}) аз «''артишдор''» ({{lang-pal|''artēštār''}}) сохта шуда, ки аз вожаи авестоии «''raθaē-štar-''» (‘''гардунасавор''’, ‘''разманда''’; аз «''raθa''-» – ‘''[[гардуна]]''’ + «''štar''-» – ‘''истода''’ дар эронии бостон) гирифта шудааст. [[Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ|''Фарҳангистони забони Эрон'']] ин вожаро сохташуда аз «''артиш''» + «-''дор''» ба маънии «''дорандаи артиш'', ''[[Сипаҳсолор|сипаҳбад]]''» пиндошта ва «''артиш''»-ро аз он ҷудо кардаву онро ба маънии «''[[сипоҳ]]'', ''[[лашкар]]''» хусусан ва «''[[Нерӯҳои мусаллаҳ|маҷмуъи сипоҳиён ва нерӯҳои мусаллаҳи кишваре]]''» умуман ба кор гирифтаанд<ref>'' name="Ҳасандӯст, Муҳаммад''. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с." 162.</ref><ref>[http://www.iranicaonline.org/articles/artestar-learned-calque ''W. Sundermann''. ARTĒŠTĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, pp. 661-662]</ref>.
 
[[Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ|''Фарҳангистони Эрон'']] бо пешниҳоди ''Анҷумани вожасозии артиш'' дар соли 1935 «''артиш''»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «''қӯшун''» ({{lang-fa|'''قشون'''}}) кард<ref>[http://ganjineh.nlai.ir/article_1831.html ''Рустоӣ, Муҳсин''. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «''Ганҷинаи аснод''». Зимистони 1373, №16. — с. 38]</ref>. Ин истилоҳ ҳамакнун дар Тоҷикистон низ расман ба кор меравад<ref>[https://archive.org/details/farhangitafsirii01naza/page/80 ''Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд)''. Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 80.]</ref>.