Луълуъ ва марҷон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
{{Fcfh}}
«'''Луълуъ ва марҷон'''» ({{lang-fa|اللؤلؤ و المرجان}}), «'''ал-Луълуъ ва-л-марҷон фима-ттафақа ъалайҳи-ш-шайхон'''» ({{lang-ar|اللؤلؤ والمرجان فيما اتفق عليه الشيخان}}) — китоби муҳим ва машҳур дар ҳадис; таълифи муҳаққиқ ва феҳристнигор ‒ [[Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ]].
 
«Луълуъ ва марҷон» аз ду муқаддима, 54 китоб, 1293 боби фарогири 1906 ҳадис ва тавзеҳоти мухтасар иборат аст. Муаллиф дар муқаддимаи якум оиди ривиши таснифи асар ва дар муқаддимаи дуввум бобати «тағлиз (сухани дурушт) бар зидди касе, ки бар паёмбар (с) дурӯғ мебандад», маълумот додааст. «Луълуъ ва марҷон» аз «Китобу-л-имон» оғоз ва бо «Китобу-т-тафсир» хотима ёфтаааст. Дар китоб аҳодисе гирдоварӣ шудааст, ки имомон ‒ Бухорӣ ва Муслим дар «Саҳеҳайн» дар мавриди матну санади онҳо иттифоқи назар доранд. Муаллиф дар асар алфози аҳодиси «Саҳеҳ»-и Бухориро интихоб карда, сипас номи китоб, боб ва рақамҳои аҳодиси «Саҳеҳ»-и Муслимро, ки бо аҳодиси интихобшуда аз рӯи матну маъно наздикӣ доранд, мураттаб сохтааст. Ҳамчунин номи китоб, боб ва рақами аҳодиси «Саҳеҳ»-и Бухориро дар зери ҳар як ҳадис оварда шудааст. Муаллиф дар «Луълуъ ва марҷон» зимни шарҳи истилоҳи ҳадиси "«муттафақунъалайҳ"» қавли Ибни Ҳаҷари Асқалониро меорад: «Манзур аз иттифоқи Муслим бо Бухорӣ ин аст, ки ин ду имом дар тахриҷи асли ҳадис аз саҳобае, ки ин ҳадисро аз паёмбар (с) ривоят карда, бо ҳам дар маъно ва матни он ҳамраъй бошанд, ҳарчанд баъзеи тарзи ҷумлабандиҳои аҳодис бо ҳам мутафовит будааст». Инчунин ӯ ҷойгоҳи аҳодиси муттафақунъалайҳро дар миёни аҳодиси дигар нишон дода, аҳаммияти дар як китоб фароҳам овардани онҳоро кори судманд арзёбӣ кардааст.
 
«Луълуъ ва марҷон» бо дархости чопхонаи «Дору эҳёи-л-кутуби-л-арабия» дар як ҷилд ва ҳафсад саҳифа, замони зиндагии муаллиф чоп шуд. Китоб аз рӯзи интишор инҷониб мавриди қабули хонандагону соҳибназарон гардида, дар баъзеи кишварҳои арабӣ ва исломӣ ҳамчун дастури таълимӣ истифода мешавад. Он ба даҳҳо забонҳо, аз ҷумла, тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст.