Тӯмор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
 
Сатри 18:
Баъзе уламо бо истинод ба зоҳир ва насси аҳодисе, ки дар наҳйи тамима ва ҳар гуна таълиқа — овезае ворид шуда, ин навъи тӯморро низ ноҷоиз ва онро бо амалкарди саҳобаи киром ва салафи солеҳ дар ин бора мухолиф гуфтаанд. Зеро равиши маснун ва мавфур дар байни онҳо ин буда, ки оятҳои Қуръон ва дуоҳои маъсураро хонда ва бар худ меда-миданд ва чунин ривояте аз онҳо ба сиҳҳат нарасида, ки Қуръони карим, оятҳое аз он ё дуоҳое аз [[Суннат]]<nowiki/>ро навишта бар худ биовезанд.
 
Назари ин уламоро мантуқ ва далолати сареҳи лафзи аҳодис таъйид мекунад ва дар ҳеҷҳеч ҷое аз онҳо истисное барои ҷавози он дар мавридҳои хос сурат нагирифтааст. Далоили наҳй дар шаръ ба сиҳҳат расида, вале барои исбот, далеле ҳатто ба сурати истисно ҳам собит нашудааст. Илова бар ин, агар чунин чизе ҷоиз ва воқеан ҳам, муфид мебуд, пас беҳтар буд, ки оятҳо ва сураҳое аз Қуръонро набишта бар худ меовехтанд, дар ҳоле ки чунин матлабе аз саҳобаи киром ба сиҳҳат нарасидааст. Аммо чумҳури уламо бо назардошти шаън ва фазои вуруди ин аҳодис онҳоро ба ҳолати иҷтимоӣ ва фазои фарҳангӣ-динии муайяне мутааллиқ ва барои муолиҷаи вазъи эътиқодии хоссе — аз байн бурдани осори ақоиди даврони ҷоҳилият ва ибтоли нигоҳи фетешизмии онҳо ба ашё донистаанд. Бинобар ин, ҳар замон ва фазои эътиқодие, ки ба он давра шабоҳат дошта бошад ва тӯмор ба ҳамон эътиқод гирифта шавад, онро ноҷоиз ва шаръан мамнӯъ гуфтаанд, вале дар ғайри он боке надорад, он навъе аз шифоҷӯӣ аз каломи Худованд аст ва иншоаллоҳ муфид хоҳад буд.
 
Вожаҳои [[ҳайкал]], [[раднома]], [[бозубанд]], [[таштоб]] ва [[кӯрхат]] низ дар луғат аз калимаҳои наздикмаъно ва ҳампайванд бо тӯмор ҳастанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Тӯмор"