Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 2 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
х →‎Таърих: ислоҳи имло using AWB
Сатри 38:
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад 20 апрели соли 1973 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмонеро поя гузоштанд, ки бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъъолият мекардааст.
 
Баъди расмият гирифтан раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба ӯҳдауҳда дошт.
 
Ин ҳизб арзишҳо ва аҳдофи худро чунин тавсиф мекунад: “Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеъаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоъӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ.”
Сатри 52:
Мунтақидони Нӯрӣ ӯро бештар ба муъомила бо давлат ва ҳимояти ошкор аз Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳам мекарданд.
 
Ба дунболи фавти Абдуллоҳи Нурӣ дар 9 августи соли 2006 раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ӯҳдаиуҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.
 
Ҳизби наҳзати исломӣ бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ширкат дошт. Дар ин интихобот Давлати Усмон, намояндаи ин ҳизб, танҳо ҳудуди 4 дар сад аз орои интихобкунандагонро ба даст овард.