Отахон Латифӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳо: ислоҳи вожаҳо using AWB
х ислоҳи имло using AWB
Сатри 36:
Отахон Латифӣ бар асари воқеаҳои [[Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон]] иҷборан тарки Ватан карда то соли [[1997]] чанд муддат дар [[Федератсияи Русия]] ва [[Ҷумҳурии Исломии Эрон]] кору зиндагӣ кардааст. Вай раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ дар кишварҳои [[Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ]] буд.
 
Отахон Латифӣ яке аз ташаббускорони оғози музокироти Сулҳи байни тоҷикон буда дар барқарории сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон хидматҳои бебаҳо кардааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, ки ин рӯйдод [[27 июн]]и соли [[1997]] ба вуқӯъ пайваст, Отахони Латифӣ ба Душанбе баргашт аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии Комисияи оштии миллии (КОМ) Тоҷикистон ба кор пардохт. О.Латифӣ раисии зеркомиссияи КОМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба ӯҳдауҳда дошт. Субҳи [[22 сентябр]]и соли [[1998]] Отахон Латифӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар наздикии қароргоҳи КОМ кушта мешавад. 26 январи соли [[1999]] ВКД Тоҷикистон изҳор кард, ки яке аз қотилони Латифӣ Равшан Ғафуров ҳангоми фирор аз боздоштгоҳ паронда шуд. 7 июни соли [[2000]] бошад, Суди Олӣ Абдулло Турсуновро, ки бевосита Латифиро ҳадафи тир қарор дода буд, 17 сол аз озодӣ маҳрум кард, ҷинояткори дигари ин куштор Нозим Воҳидов ҳангоми боздошт шудан безарар гардонида мешавад. Қотилони Латифӣ дар филми мустанади ВКД-и Тоҷикистон 8 августи соли 2017 фош карда шудаанд, ки агентии [[Азия-Плюс]] пешкаш намудааст<ref>{{Cite news|title=Власти Таджикистана обвинили Иран в финансировании громких убийств {{!}} Новости Таджикистана ASIA-Plus|url=https://news.tj/ru/news/tajikistan/security/20170809/vlasti-tadzhikistana-obvinili-iran-v-finansirovanii-gromkih-ubiistv|accessdate=2017-09-22|archivedate=2017-09-11|archiveurl=https://web.archive.org/web/20170911212430/http://www.news.tj/ru/news/tajikistan/security/20170809/vlasti-tadzhikistana-obvinili-iran-v-finansirovanii-gromkih-ubiistv}}</ref>.
 
== Ҷоизаҳо ==
Сатри 44:
[[Кароматулло Олимов]], узви КОМ саҳми Отахони Латифиро дар ҷараёни музокирот ва барқарорсозии сулҳ хеле муассир арзёбӣ мекунад. [[Кароматулло Олимов]] мегӯяд, ҳарчанд дар ҷараёни музокирот миёни онҳо баъзан баҳсу мунозираҳо ҳам сурат мегирифт, аммо талоши Латифӣ барои ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани сулҳ эҳсос мешуд : {{аввали иқтибос}}«Дар қабули як силсила санадҳо оид ба масоили ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули қонуни афв, афви онҳое, ки дар муқовиатҳои дохилӣ ширкат кардаанд ва ҳалли масоили вобаста ба сулҳ дар бештари маврид Латифӣ мавқеи муҳим ва мусбат дошт».{{охири иқтибос|сарчашма=[[Кароматулло Олимов]]}}
 
[[Иброҳим Усмонов]], [[{{рӯзноманигор]]}}, [[профессор]], узви КОМ. {{аввали иқтибос}}"Навиштаҳои Латифӣ ба мисли «Высокое гнездо», «Долгое эхо в горах», «Ключи к богатству гор», «Плотина», «Родники жарких долин», «Кишлак в Душанбе», «Откровенный разговор», «Цена рекорда»,"Рабочего нужно готовить" худ сарлавҳаи ҷолиб доштанд. дар мақолаҳои дусадсатрӣ ва камтар аз он Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, масъалаҳои доғи рӯз бардошта мешуданд, ки миллионҳо хонандагони газетаи «Правда» (адади нашр 12 млн нусха) дар тамоми гӯшаву канори дунё аз он бохабар мешуданд, роҳбарону мансабдорони сатҳи гуногунро мақолаҳои Латифӣ такон медод. «Латифӣ он чизеро, ки медид ҳамонро менавишт, бинобар ҳамин хонанда он чизеро Латифӣ менавишт, бо чашми худ медид. Латифӣ ҳар чизеро, ки худ дарк мекард, менавишт, бинобар ҳамин хонанда ҳам ба шарафи қалами ӯ ҷаҳонбиниашро васеъ мекард».{{охири иқтибос|сарчашма=[[Иброҳим Усмонов]]}}.
 
== Эзоҳ ==