Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 41:
 
== Таърих ==
{{main|Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС|||}}Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он академик [[Сергей Олденбург]] (1868—1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника, зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт<ref name=":1" />.
 
Соли 1940 Пойгоҳи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон бо институтҳои геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёт табдил  дода шуд. Филиали Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро академик [[Евгений Павловский]] роҳбарӣ менамуд, ки ӯ дар барқарор ва пешрафти илм дар Тоҷикистон хидматҳои зиёде кардааст.