Ноҳияи Ҳисор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 115:
 
Сарвари ноҳияи Ҳисор Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҳисор — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ҳисор ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
 
== Таърих ==
 
Сарзамине, ки ҳамакнун ноҳияи Ҳисор дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «'''Шумон'''» ({{lang-fa|«شومان»}}) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «'''Сумон'''» ({{lang-fa|«سومان»}}) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».<ref>«Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110</ref> Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - [[Файзобод]]) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» ({{lang-fa|«حصار شادمان»}}) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» ({{lang-fa|«حصار»}}) ё «Ҳисорак» ({{lang-fa|«حصارک»}}) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.<ref>''ЛеСтренж, Ги''. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468</ref> Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри [[Душанбе]] қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «'''ҳисори Шодмон'''», яъне «'''қалъаи Шодмон'''», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «'''Ҳисор'''» – гашт.
 
Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи [[8 сентябр]]и соли [[1907]] вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба '''қалъаи Душанбе''' кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
 
== Пайнавиштҳо ==