Муҳаммадҷон Шакурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Вироиш
Вироиш
Сатри 7:
|Пеша=[[забоншинос]]
}}
'''Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ''' ([[30 октябр]]и соли [[1926]] (февралфеврали [[1925]]), [[Бухоро]]) - забоншинос, пажӯҳишгар, адиб ва нависандаи тоҷик, аъзои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону абадиадаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон, яке аз муаллифони Қонуни [[забони тоҷикӣ]] аст.
 
== Зиндагинома ==
Сатри 27:
Вай ҳамчунин узви гурўҳи таҳқиқи насри классикии форсӣ-тоҷикӣ дар Пажўҳишгоҳи забону адабиёти Рудакӣ ба раҳбарии профессор И.С. Брагинский буд ки чандин асари насри классикӣ ва омиёнаро, аз ҷумла «Синбоднома»-и Заҳирӣ, «Ҳотами Той», «Самаки айёр», «Шоҳнома»-и мансури қиссахонҳо, «Ҷомеъулҳикоёт» ва ғайраро ба табъ расонид. Мавзуи аслии пажӯҳиши Шакурӣ дар ин Пажӯҳишгоҳ нақши суннатҳои назму насри классикии форсӣ-тоҷикӣ дар насри нави реалистии тоҷикӣ дар садаи 20 буд ва натиҷаҳои пажўҳишаш дар чанд мақолаву китоб, аз ҷумла дар китоби «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ» (1973) баён шудааст.
 
Шакурӣ ҳамроҳ бо Холиқ Мирзозода, Атахон Сайфуллоев, Абдураҳмон Абдуманнонов, Лариса Демидчик ва Раҷаб Амонов узви гурӯҳи пажӯҳиш ва таълифи «Таърихи адабиёти шўравии тоҷикӣ. Инкишофи жанрҳо» буд ки чаҳор ҷилд аз шаш ҷилди он солҳои 1978 - 1984 чоп шуда аст. Пажӯҳишгарон аз он шаш ҷилд мухтасаре дар ду ҷилд ба забони русӣ омода карданд ки дар Пажўҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон (Маскав, Фарҳангистони улуми шўравӣ) чун намунаи тозаи таърихнигорӣ хуш пазируфта шуд вале ин ду ҷилд ҳам чоп нашуд.
Солҳои 1960 - 1970 Шакурӣ дар заминаи нақди адабии насри муосири тоҷикӣ ва масъалаҳои забони форсии тоҷикӣ, ба хусус масъалаҳои амалӣ ва корбасти ҳаррўзаи он, ки бештар ҷанбаи ҷомиашиносӣ дошт, фаъол буд. Натиҷаи ин пажўҳишу баррасии забони матбуоти ҷорӣ, радиову телевизион, навиштаҳои илмии вай китобест ба номи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», ки соли 1964 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (имрўза «Садои Шарқ») ва соли 1968 ба шакли китоб ба чоп расид. Чопи дувуми он соли 1986 ва нашри севумаш соли 2005 сурат гирифт, ки иборат аз 400 саҳифа аст.
Шакурӣ яке аз муаллифони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» аст ки дар ду ҷилд дар Маскав соли 1969 чоп шуда аст. Вай торихи тадвини ин китоби муҳимро дар пешгуфтори нашри форсии он – «Фарҳанги форсии тоҷикӣ» (Теҳрон, Фарҳанги муосир, 2006) ҳамчунин дар рисолааш «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорўд дар садаи бист» (нашри дувум, Душанбе, Деваштич, 2005, ба хатти форсӣ) ҳикоят кардаст.
Вай солҳои 1969 - 1970 дар Пажўҳишгоҳи адабиёти ҷаҳон дар Маскав пажӯҳишномае дар «Масъалаҳои жанр ва услуб дар насри муосири тоҷикӣ» навишт ва соли 1971 онро дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Маскав дифоъ карда унвони доктори илми суханшиносиро дарёфт кард. Ин рисола дертар ҷилди чаҳоруми «Таърихи адбиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо»-ро ташкил кард (Душанбе, Дониш, 1980).
 
Шакурӣ аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳаст ва дар солҳои 1968 - 1991 узви Шўрои нақду адабиётшиносӣ дар Иттиҳодияи нависандагони Шўравӣ буд. Соли 1981 бо пешниҳоди Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шўравӣ узви вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикситон интихоб гардид. Соли 1987 узви пайваста (академик)-и Фарҳангистони улуми Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1989 ба муддати панҷ сол узви Риёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд. Аз соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.
 
Муҳаммадҷон Шакурӣ яке муаллифони нахустин Қонуни забони тоҷикӣ аст ки 22 июли 1989 дар иҷлосияи Шўрои Олӣ тасвиб шуда ва забони форсии тоҷикиро забони давлатии Тоҷикиситон эълом карда буд.
 
 
 
== Китобҳо ==
Муҳаммадҷон Шакурӣ муафллимуаллифи 44 [[китоб]] ва бештар аз 500 мақола аст.
 
* [http://www.shakuri.tj/mdrs/khuroson_ast_injo.pdf Хуросон аст инҷо]
* [http://www.shakuri.tj/mdrs/fe_sb.pdf Садри Бухоро]
* [http://www.shakuri.tj/mdrs/frb.pdf Равшангари бузург]
* [http://www.shakuri.tj/mdrs/Panturkizm.pdf Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон]
 
== Пайвандхои беруна ==