Ҳаловард: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиш ва такмил
Сатри 6:
Сипас маркази [[Вахшонзамин]] ба шаҳраке кӯчонда шуд ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои [[Кофирқалъа]] дар канораи рӯди [[Вахш]] ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ [[Ҳаловард]] ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи «Золи Зар» наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз [[Колхозобод]] ва 23 км дуртар аз [[Қӯрғонтеппа]] бар ҷоянд<ref>''Беленицкий А. М.'' Отчет о работе Вахшского отряда в 1947 г. Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции, т. 1. —М. —Л., 1950. — с. 140—146. саҳ. 144; ''Литвинский Б. А.'' Археологическое изучение Таджикистана советской наукой. — Сталинабад: Изд-во АН ТаджССР, 1954. — 81 с. саҳ. 38</ref>.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои III - IV милодӣ бунёд ёфтааст<ref>Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с. – саҳ. 284</ref>. Пас аз [[истилои араб]] ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои X - XIII шаҳри калоне гардида<ref>''Соловьев В. С.'' Работы Колхозабадского отряда. Археологические открытия 1981 года. — М., 1983. — с. 491—492. саҳ. 491</ref> ва то ҳамлаи [[муғул]] маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст<ref>''Рашид ад-Дин.'' Сборник летописей, в трех томах. Перевод с персидского Л. А. Хетагурова, О. И. Смирновой, Ю. П. Верховского и А. К. Арендса.—М.—Л.: Изд-во АН СССР, 1946 – 1952 г. – ҷ. 1 б. 2, саҳ. 207, 218</ref>.
 
Пас аз садсолаҳо вайронӣ ин сарзамин кам-кам обод шуд ва дар торихномаҳо дар соли [[1884]] аз рустое ёд мекунанд ки '''Туғаланг''' ном дошта ва бахше аз бекнишинии [[Қурғонтеппа]] дар [[Аморати Бухоро]] будааст. Дар соли [[1919]] ин русто 1400 буна хонавор дошта ва мардумаш кишоварзу чорводор будаанд. 21 марти 1933 рустои Туғаланг маркази идории ноҳияи Вахш ва яке аз марокизи ободонии водии Вахш гардид. 20 декабри соли 1934 Туғалангро ба ёди [[:ru:Каганович, Лазарь Моисеевич|Лазар Каганович]], яке аз раҳбарони яҳудитабори шуравӣ, '''Кагановичобод''' ва ноҳияи Вахшро '''ноҳияи Кагановичобод''' номиданд.
[[11 июн]]и соли [[1954]] Кагановичобод расман [[шаҳрак]] ({{lang-ru|''Посёлок городского типа''}}) эълом шуд. 3 июли соли 1957 шаҳраки Кагановичобод ба ёди ободгарони водии Вахш, ки аз шимоли Тоҷикистон кӯчонда шуда ва нахустин колхозҳоро дар водии Вахш ташкил карда буданд, '''Колхозобод''' номида шуд ва ноҳия низ ҳамномаш Колхозобод гардид.
 
10 январи 199? ин шаҳракро ба ёди '''Сироҷиддин Исоев''' - Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ, яке аз ободгарони водии Вахш ки 28 сол раиси ин ноҳия буд, «'''шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев'''» номиданд.
 
Ноҳияи Колхозобод 19 июли соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон '''[[ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ]]''' номида шуд, ҳарчанд рӯшанфикрони хатлонӣ аз масъулини ноҳия хоста буданд, ки номи торихии шаҳраку ноҳия - Ҳаловард бар ноҳия гузошта шавад<ref>[http://www.millat.tj/siyosat/2274-ba-nomguzori-az-zoviyai-mikk-i-bingarem.html Умед Ҷайҳонӣ: Ба номгузорӣ аз зовияи миллӣ бингарем]</ref>.
 
== Пайнавиштҳо ==
Line 26 ⟶ 33:
 
== Пайвандҳо ==
* ''Умед Ҷайҳонӣ''. ҚӮРҒОНТЕППА ё ЛЕВАКАНД [http://www.millat.tj/tarih/1074-qrgonteppa_yo_levaka_308.html]
 
* ''Умед Ҷайҳонӣ.'': [ҚӮРҒОНТЕППАБа ёномгузорӣ ЛЕВАКАНДаз зовияи миллӣ бингарем [http://www.millat.tj/?menu=tarih&page=511siyosat/2274-ba-nomguzori-az-zoviyai-mikk-i-bingarem.html]
 
[[en:Rumi district]]