Шилпа Шеттӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 22:
 
== Корҳои ҷамъиятӣ ==
Ба ҷуз аз модел ва ҳунарпеша будан, Шилма Шеттӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол аст. Ӯ моҳи феврали соли [[2006]] дар барномаи телевизионии шабакаи [[ВВС]], ки ба мавзӯи паҳн шудани бемории СПИД дар Ҳиндустон иштирок кард. Дар он ҷо ӯ изҳор дошт, ки масъалаи бемории СПИД масъалаи доғи рӯзи ҷомеа мебошад ва нақши синамо низ дар огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари он хеле калон аст. Мавзӯи [[бемории СПИД]] диққати Шилпаро ҳанӯз аз замони офаридани нақш дар филми Phir Milenge ҷалб карда буд.
 
Шилпа Шеттӣ, инчунин муборизи фаъоли ҳаракати манъ кардани истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сиркҳо мебошад. Ӯ чандин суратҳо дар даруни қафас гирифтааст, ки дар муқоваи маҷаллаҳои гуногун ба чоп баромадаанд. Бо ин роҳ Шилпа эътирози худро ба ҷомеа оид ба ҳоли ҳайвоноти ваҳшӣ дар даруни қафас баён намудааст. Мувофиқи суханони ӯ: “Ин ҷонварони бечора қафасро, ки андозаи он каме аз онҳо калон аст, танҳо ҳангоми баромадҳои маҷбурии ҳаррӯза тарк мекунанд. Аз ин баромадҳо ба онҳо ягон суде нест ва ҳайвонотро танҳо хаста мекунад. Роҳи беҳтарини дастгирии ин ҳайвонот, пурра даст кашидан аз тамошои барномаҳои сирк, ки дар он ҳайвонот иштирок мекунанд, мебошад.”