Шилпа Шеттӣ
Шилпа Шеттӣ (каннада: ಶಿಲ್ಪ ಶೆಟ್ಟಿ) яке аз беҳтарин ҳунарпешаҳои синамои Ҳиндустон Болливуд мебошад.
англ. Shilpa Shetty | |
| |
Таърихи таваллуд: | 8 июн 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ: | Мангалур |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, мудел, karateka, бозигари синамо |
Корнома: | 1993 — то ҳол |
IMDb: | ID 0792908 |
shilpa-shetty.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишӮ 8 июни соли 1975 дар шаҳри Тамилнодуи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Забони модарии ӯ забони тулу мебошад. Ӯ бо забонҳои англисӣ, ҳиндӣ, маратҳӣ, гуҷаротӣ, тамилӣ, телугу ҳарф зада, андаке забони фаронсавиро ҳам медонад. Шеттӣ Мактаби олии духтаронаи Сент Антонии шаҳри Чембурро хатм кардааст. Дар ин давра ӯ сарвари дастаи бейсбол буда, соҳиби камарбанди сиёҳ дар каратэ гардидааст. Шилпа яке аз қадбаландтарин ҳунарпешагони Болливуд мебошад. Дар айни замон ӯ дар шаҳри Мумбай (Бомбай) зиндагӣ мекунад. Шилпа Шеттӣ эҷодиёти ҳунарии худро ба сифати модел дар наворгирии рекламаи маҳсулоти ширкати "Limba" сар кардааст. Филми аввалин бо иштироки ӯ филми “Бозингар” (соли 1993) буд, ки дар он бо ҳамроҳии чунин ситорагони бузурги синамои Ҳинд Шоҳруххон ва Каҷол нақш офаридааст. Ҳарчанд ки нақши Шеттӣ дуюмдараҷа буд, вале ӯ онро хеле моҳирона бозид ва барои ин сазовори ҷоизаи “Дебюти беҳтарин” гардид. Шӯҳрати ӯ баъд аз баромадани филми "Main Khiladi Tu Anari" (соли 1994) (дар нақшҳои асосӣ Шилпа Шеттӣ ва Акшай Кумар) боз афзуд.
Дар солҳои минбаъда Шилпа дар чандин филмҳо, аз қабили “Мистер Ромео”, (соли 1996), “Инсоф” (1997), “Притвӣ” (1997), “Лаъли подшоҳ” (1999) “Ҷонвар” (1999), Dhadkan (2000), “”Ҳинду” (2001), Fareb (2005) ва Dus (2005) нақшҳо офарид, вале ягоне аз онҳо он қадар муваффақ нагардиданд. Филми Phir Milenge (соли 2004), ки дар он Шеттӣ нақши духтари ба бемории СПИД гирифтор шударо бозида буд, аз ин миён истисност. Ин филм ба тамошобинон ва мунаққидон хеле писанд омад. Барои иштирок дар он Шилпа соҳиби ҷоизаи “Ҳунарпешаи беҳтарин” гардид.
Ҳаёти шахсӣ
вироишШилпа Шеттӣ 22 ноябри соли 2009 ба тоҷир ва продюсери ҳинд Раҷ Кундра (с.т.1975) ба шавҳар баромадааст. Дар соли 2012 онҳо соҳиби писаре бо номи Виаан гардиданд.
Корҳои ҷамъиятӣ
вироишБа ҷуз аз модел ва ҳунарпеша будан, Шилма Шеттӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол аст. Ӯ моҳи феврали соли 2006 дар барномаи телевизионии шабакаи ВВС, ки ба мавзӯи паҳн шудани бемории СПИД дар Ҳиндустон иштирок кард. Дар он ҷо ӯ изҳор дошт, ки масъалаи бемории СПИД масъалаи доғи рӯзи ҷомеа мебошад ва нақши синамо низ дар огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари он хеле калон аст. Мавзӯи бемории СПИД диққати Шилпаро ҳанӯз аз замони офаридани нақш дар филми Phir Milenge ҷалб карда буд.
Шилпа Шеттӣ, инчунин муборизи фаъоли ҳаракати манъ кардани истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ дар сиркҳо мебошад. Ӯ чандин суратҳо дар даруни қафас гирифтааст, ки дар муқоваи маҷаллаҳои гуногун ба чоп баромадаанд. Бо ин роҳ Шилпа эътирози худро ба ҷомеа оид ба ҳоли ҳайвоноти ваҳшӣ дар даруни қафас баён намудааст. Мувофиқи суханони ӯ: “Ин ҷонварони бечора қафасро, ки андозаи он каме аз онҳо калон аст, танҳо ҳангоми баромадҳои маҷбурии ҳаррӯза тарк мекунанд. Аз ин баромадҳо ба онҳо ягон суде нест ва ҳайвонотро танҳо хаста мекунад. Роҳи беҳтарини дастгирии ин ҳайвонот, пурра даст кашидан аз тамошои барномаҳои сирк, ки дар он ҳайвонот иштирок мекунанд, мебошад.”
Филмҳо бо иштироки Шилпа Шеттӣ
вироишИн мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |