Панҷрӯд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
Аз таърихи Панҷрўд
[[Абдураҳмони Мустаҷир]] ном нависандае бо ҳамроҳии аскари Урусия, ки соли 1870 ба бо болооби Зарафшон экспедитсияи ҳарбӣ ташкил намуда буданд, ба Панчруд низ сафар кардааст ва маҳсули ин дидаҳояшро дар китоби «Рўзномаи сафари Искандаркўл» тасвир намудааст. Вай дар бораи Панҷрўд чунин менависад: «Баъд аз он тангӣ гузашта будем, ки як қишлоқи калоне намудор шуд. Ба он қишлоқ рафта, дар як чорбоғе фуромада, шаб хоб карда, пагоҳирўз хеста, дидем, ки бисёр ҷои васеи файзосор ва чаҳорбоғи бисёр дорад. Зардолу ва себ ва олуча ва чормағз ва зироати бисёре дорад, мисли гандум ва ҷав ва зағир ва боқило ва арзан ва қуноқ. Панҷ санги осиёб ва се масҷид доштааст. Мардуми он қишлоқ миқдори сад хонавор. Ва ҷои ободе будааст. Ба он ҷой ҳам оташ заданд. Ва он қишлоқро Панҷрўд мегўянд, аз он сабаб, ки сари ҷўй аз панҷ ҷо будааст». Ин тасвири Мустаҷир то ҳол боқӣ мондааст, чун Панҷрўд ҳоло ҳам макони файзосор ва чорбоғҳои зиёде дорад. Ҳар хонадори ин мулк соҳиби боғу роғ аст, ки бисёр ҷои бофароғат ва зебост. Боғҳо аз зардолу, себ, нок, олуча, чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳанда иборатанд ва дар кўҳҳо дарахтони худрўи хасакии себу писта ва зирку ҳулўлу вағнич зиёданд. То солҳои наздик тамоми аҳолии Панҷрўд рисқашонро аз боғдорӣ медиданд
 
[[Гурӯҳ:Тоҷикистон]]
{{stub}}
[[Гурӯҳ:Ҷамоати Рӯдакӣ]][[Гурӯҳ:Тоҷикистон]]