Тақсими кори байналмилалӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
Тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ)
==Мафҳум ва моҳияти тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ)==
Заминаи асосии муттаҳидшавии иқтисодиёти миллии давлатҳо ба хоҷагии ҷаҳонӣ ТБМ мебошад. ТБМ ин раванди таърихии махсусгардонии давлатҳо дар истеҳсолоти намудҳои муайяни маҳсулот мебошад, ки барои мубодила дар бозори ҷаҳонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ дар намудҳои дигари маҳсулот равона карда шудааст. Иштирок дар ТБМ ба ҳар як давлат имконият медиҳад, ки талаботи худро ба маҳсулоти гуногун бо хароҷотҳои нисбатан кам қонеъ гардонад.

ТБМ дар давраи пайдошавиаш яъне асрхои 17-18 ва то охирҳои асри 18 нимаи аввали асри 19 дар бартариятҳои табиӣ асос меёфт: фарқият дар шароитҳои иқлимию ҷуғрофӣ ва захираҳои табиии давлатҳои алоҳида самти махсусгардонии онҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти гуногун муайян мекард. ТБМ бе мубодила вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин асоси объективии мубодилаи байналхалқии маҳсулот, хадамот ва технология, инкишофи ҳамкории истеҳсолӣ, илми-техникӣ, тиҷорати байни ҳамаи давлатҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи тараққиёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои сохтори иҷтимоӣ мебошад.

Мақсади асосии иштироки давлатҳо дар ТБМ новобаста аз фарқияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ кӯшиши онҳо барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ мебошад. Самарае ки мамлакатҳо ҳангоми иштирок дар ТБМ ба даст меоранд дар натиҷаи амали шудани қонуни арза ба даст оварда мешавад, ки он дар фарқияти байни арзиши миллӣ ва байналмиллалӣ асос меёбад.

Бартариятҳои ТБМ дар мубодилаи байналхалқӣ дар он зуҳур мешавад, ки ҳар як давлат бо назардошти шартҳои мусоид ба фоидаи дар шакли фарқияти арзиши миллию байналхалқии маҳсулоти содиркунанда ноил мегардад.

Ғайр аз ин ба сарфаи хароҷотҳои дохилӣ бо роҳи даст кашидан аз истеҳсолоти миллии молу хадамот аз ҳисоби воридоти нисбатан арзон меоварад.

Дар баробари ин ҷиҳати дигари иштироки давлатҳо дар ТБМ ин истифодаи имкониятҳои он барои ҳалли проблемаҳои глобалии дар назди одамият буда бо кӯшиши ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад.
==Омилҳои асосӣ ва нишондиҳандаҳои ТБМ==
Сатри 38:
Яке аз намояндагони ин консепсия К. Нувенхузе барои асоснок намудани ғояҳои худ ба омилҳои экологӣ рӯ меоварад, ки барои ҳамаи давлатҳо ягона мебошанд. Ба онҳо номуътадилии муҳити атроф ва маҳдудияти захираҳои замин дохил мешаванд. Ба ақидаи вай вобастагии давлатҳои рӯ ба инкишоф аз давлатҳои мутараққӣ дар техника ва технология, ва давлатҳои мутараққӣ аз давлатҳои рӯ ба инкишоф дар ашёи хом мебошад. Бинобар ин вобастагии мутақобилаи мамлакатҳо аз ҳамдигар вуҷуд дорад. ТБМ низ бояд дар ҳамин вобастагӣ асос ёбад.
Дигар иқтисодчӣ Р.Купер (ИМА) низ ба масъалаи баҳамвобастагӣ дар шароитҳои гуногун рӯ меоварад. Ба ақидаи вай чор намуди баҳамвобастагӣ мавҷуд аст:
- * баҳамвобастагии сохторӣ;
- * баҳамвобастагии мақсадҳо дар соҳаи сиёсати иқтисодӣ;
- * баҳамвобастагии омилҳои берунии тараққиёти иқтисодӣ;
- * баҳамвобастагии сиёсӣ.
Ин консепсия дар навбати худ барои кор карда баромадани дигар назария, назарияи ислоҳоти ТБМ асос гардид. Моҳияти назарияи ислоҳоти ТБМ дар он аст, ки давлатҳои рӯ ба инкишоф бояд аз сиёсати протексионистӣ даст кашанд ва ба таври васеъ сармояи хориҷиро ба иқтисодиёти худ чалб намоянд. Дар замони муосир аксар давлатҳо ғояи ин назарияро истифода мебаранд ва дар натиҷа корхонаҳои муштарак, минтақаҳои озоди соҳибкориро ташкил кардаанд.
Асоси амалии ин назария ба фикри иқтисодчиёни Ғарб дар он ифода меёбад, ки самти бароҳмонии сиёсати рушди саноатӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дигар карда шавад. Онҳо бояд дар истеҳсоли маҳсулоти меҳнатталаб, омилталаб барои содирот бо мақсади қонеъ гардонидани талаботҳои давлатҳои мутараққӣ махсус гардонида шаванд. Мамлакатҳои мутараққӣ бошанд дар навбати худ дар соҳаҳои илмталаб бо истифодаи комёбиҳои прогресси илми-техникӣ махсус гардонида мешаванд.
Ин назария пай дар пай дар амал ҷорӣ карда мешавад. Махсусгардонии соҳавӣ бошад дар се қадам амалӣ гардонида мешавад:
- * мамлакатҳои мутараққӣ асосан молҳоеро истеҳсол мекунанд, ки мутахассисони баландихтисос ва технологияи муосирро талаб мекунанд;
- * давлатҳои нисбатан тараққикарда аз қатори далатҳои рӯ ба инкишоф дар истеҳсоли маҳсулоти меҳнатталаб ва коркарди ашёи хом махсус гардонида мешаванд. Давлатҳои қафомонда ба ин схема дохил карда намешаванд;
мамлакатҳои мутараққии саноатӣ бошанд диққати асосиро ба истеҳсоли маҳсулоти илмталаб ва сармояталаб ҷалб мекунанд.
==Шаклҳои асосии ТБМ==