Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тахрир
Сатри 11:
Тобистони соли 1941 ҷанг бо Германияи фашистӣ шурӯъ шуд. Бештари киностудияҳои шӯравиро аз Маскав ба Осиёи Марказӣ кӯчониданд. Маҳз дар ҳамон солҳо ҳамкории студияи «Союздетфилм» (ҳозира киностудияи ба номи Максим Горкий) ва «Тоҷикфилм» оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин давра кадрҳои маҳаллӣ аз ҳамкасбони ботаҷрибаи «Союздетфилм» сабақ меомӯхтанд ва малакаи худро дар филмбардорӣ сайқал медоданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзиҳо филмҳои ҷолиби ҳунарии «Писари Тоҷикистон» (соли 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (соли истеҳсолаш номаълум) ба вуҷуд омаданд. Дар ҳар ду филм бидуни ҳадафҳои ташвиқотӣ кўшиши тараннуми хислатҳои ҳамидаи миллӣ мушоҳида мешавад.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе, 2012,394 с.</ref>
== Эҳё ва рушд==
Аз нимаи дуюми солҳои 50, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Дар марҳилаи солҳои 50 – 70 таҳиягар [[Кимёгаров Бенсион Ариевич|Борис Кимёгаров]] яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ў дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онон буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзўҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рўдакии бузург - филми «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ - филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик - «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 -1978) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд. Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо ҳамкории Л. Степа¬новаСтепанова (соҳиби медали биринҷӣ ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1974), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР, соли1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик – ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон – меросбарони бойтарин фарҳанги маънавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сарчашмаҳои маънавии гузаштаамон раҳнамун сохт.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе, 2012,394 с.</ref>
 
[[Борис Кимёгаров]] нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халқҳои эронӣ рӯй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли ҳунари нав – кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.