Синамои Тоҷикистон
Синамои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намудааст. Синамои (Кинои) тоҷик дар тӯли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаасту имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Синамои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Саҳифаҳо аз таърихи Синамои тоҷик
вироиш11 сентябри соли 1929
вироишСанҷиш хуб гузашту акнун мардум, тибқи анъанаҳои нави Ҳокимияти Шӯравӣ, омадани аввалин қатораи мусофиркаши Тирмиз-Душанберо, ки пойтахти тоҷиконро бо шабакаи роҳи оҳани умумииттифоқ мепайваст, нигарон буданд. Дар вокзали тозабунёди Душанбе миёни ҳозирин, ки аксарият намояндагони ҳукумат буданду бояд маҷлиси тантанавӣ доир менамуданд, се ҷавони аврупоӣ, ки дар сар кулоҳи базеби чармин доштанд, ба кадом як кори барои аксарияти ҳозирин номаълум машғул буданд. Онҳо рӯйи саҳнаи вокзал чобукона гоҳ ин сӯву гоҳ он сӯ ҳаракат карда, сепояи калонеро дар ҷое муқаррар менамуданд, рӯи он кадом дастгоҳеро ниҳода, гӯшаки онро тоб медоданд. Баъд ҳамин корро боз дар гӯшаи дигар анҷом медоданд. Баногоҳ таваҷҷуҳи ҳамаро поезди аз гардиш намудоршуда ба худ кашид, ки ҳуштак кашида меомад. Ҳаяҷону хурсандӣ ва тааҷҷубу ҳайрат ҳадду канор надошт, чунки ба ин куҳан диёри дурдасте, ки ҳатто роҳи ҳамвораш хеле кам буд, бори аввал “аспи оҳанин” ё, ба истилоҳи дигари мардуми содалавҳ, “шайтон-ароба” меомад.
Аз ҳозирини сари роҳи оҳан касе ба амали ҳайратовари се ҷавон дигар эътиборе намедод. Он сегона низ ба ваҷд омада гӯшаки қуттиашонро гӯё беист тоб медоданду тоб медоданд. Паровоз фашшосзанон дуду буғ бароварда дар назди майдончаи вокзал қарор гирифт... Баъди чанд рӯз мардум ба Душанбе омадани поезд ва чеҳраҳои худу шиносонашонро дар пардаи кино дида, фаҳмиданд, ки ин се ҷавони аврупоӣ чикора будаанд. Ҳаваскорони кино Н. Гизулин, В. Кузин, А. Шевич, ки бо аппарати фартути киногирии «Кинамо», омадани поезди аввалро ба навор мебардоштанд, минбаъд дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун асосгузорони кинои тоҷик сабт шуданд. Василий Василевич Кузин дар ёддоштҳояш менависад, ки
«15 октябри соли 1929 – рӯзи кушодашавии Анҷумани сеюми фавқулоддаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон, ки дар рафти он оид ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР декларатсия қабул шуд, ба вакилон киножурнали нахустини “Тоҷикистони Cоветӣ” намоиш дода шуд. Он иборат аз ду сужет буд: “Рӯзи байналмилалии ҷавонон” ва “Омадани қатораи нахустин ба Душанбе”. «Пас аз хотимаи қисми кории анҷуман дар саҳна пардаи сафед кашиданд. Миёни тақрибан 800 нафар ҳозирин, ки дар курсиҳо нишаставу дар роҳравҳо истода буданд, толорро хомӯшӣ фаро гирифт. Садои ба кор даромадани дастгоҳи намоиши филм баланд шуду ҳозирин рӯи парда воқеаҳои ба қарибӣ дар пойтахт рухдодаро диданд. Чархи филм дароз набуд – ҳамагӣ 300 метр. Вале ҳамон бегоҳ кадрҳоро даҳҳо бор гаштаву баргашта тамошо мекарданд ва ҳар дафъа бо садоҳои хушҳолона ва кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол мегирифтанд».
Тасодуфи рамзнок аст, ки кинои ҷаҳонӣ ва кинои тоҷик таърихи худро аз омадани поезд шурӯъ намудаанд. Поезд дар таърихи фарҳанги баъдиинқилобии тоҷикон рамзи ба кишвари қафомондаи эшон босуръат омадани тамаддуни пешқадами башарро дошт.
Ибтидо
вироиш18 майи соли 1930 трести истеҳсоли филми “Тоҷиккино” ё, ба истилоҳи дигар, киностудияи миллӣ таъсис ёфт. Трест ҳанӯз таҷҳизот ва технологияи зарурӣ надошт. Ташаббускорони он ихтироъкорӣ мекарданд, дастгоҳҳои кӯҳнаи суратгириро ба дастгоҳҳои кино табдил медоданд. Филмсозон гоҳ пиёда, гоҳ бо хару шутуру асп ва гоҳе, агар омад кунад, бо мошинҳои тасодуфӣ ба мавзеъҳои филмбардорӣ мерафтанд ва филмҳо сохта, таърихи сарнавишти нави мардуми моро дар навор сабт мекарданд. Худи ҳамон солҳо баробари таҳияи шумораи зиёди филмҳои мустанади тарғиботӣ ҳар замон филмҳои бадеӣ низ эҷод мешуданд. Вале филмҳои он давра сиёҳу сафед ва беовоз буданд. Оре, он вақт технологияи филмбардорӣ хеле соддаву заиф буд. Дар радифи филмҳои аввалини бадеии беовози ҳамондавра метавон филмҳои «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худои зинда»-ро (соли 1935) номбар кард.
Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад.Филми «Муҳоҷир» (соли 1934, коргардон Комил Ёрматов), барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад. Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи Комил Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон - нақши асосии занонаро - аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик София Тӯйбоева бозӣ кардаанд. Аз ин хотир таъсиси воқеии кинои касбии тоҷикро бояд аз он давра ва аз он омил ба ҳисоб гирифт, ки маҳз кинематографистони миллӣ – Комил Ёрматов (таҳиягар, филмноманавис, актер), София Тӯйбоева (актриса) Фирӯз Баҳор (таҳиягари филмҳои мустанад ва бастакор), Р. Қурбонов, Р. Пирмуҳаммадов, Д. Саидов (актерон), Қ.Олимӣ (асосгузори дубляжи тоҷик), М.Раҳимӣ (филмноманавис) ва дигарон рӯйи саҳнаи кино омаданд ва бо масъулияти том рӯзгори миллаташонро дар пардаи кино муаррифӣ карданд. Зимнан ин ҳаргиз чунин маъно надорад, ки саҳми бебаҳои кинематографистони рус ва халқҳои дигар дар таъсиси кинои тоҷик инкор шавад. Ин афрод дар тавлиди кинематографияи миллӣ саҳми бузург гузоштаанд. Аммо табиист, ки бунёдгари фарҳанги миллӣ ғолибан намояндагони худи ҳамон миллат шуда метавонистанд. Маҳз ҳамин масъала боис шуд, ки баъди киностудия ва Тоҷикистонро тарк кардани коргардон К. Ёрматов (соли 1940) истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ гардид. Тобистони соли 1941 ҷанг бо Германияи фашистӣ шурӯъ шуд. Бештари киностудияҳои шӯравиро аз Маскав ба Осиёи Марказӣ кӯчониданд. Маҳз дар ҳамон солҳо ҳамкории студияи «Союздетфилм» (ҳозира киностудияи ба номи Максим Горкий) ва «Тоҷикфилм» оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин давра кадрҳои маҳаллӣ аз ҳамкасбони ботаҷрибаи «Союздетфилм» сабақ меомӯхтанд ва малакаи худро дар филмбардорӣ сайқал медоданд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ва таҷрибаомӯзиҳо филмҳои ҷолиби ҳунарии «Писари Тоҷикистон» (соли 1942) ва «Киноконсерти тоҷикӣ» (соли истеҳсолаш номаълум) ба вуҷуд омаданд. Дар ҳар ду филм бидуни ҳадафҳои ташвиқотӣ кӯшиши тараннуми хислатҳои ҳамидаи миллӣ мушоҳида мешавад.[1]
Эҳё ва рушд
вироишАз нимаи дуюми солҳои 50, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Дар марҳилаи солҳои 50 – 70 таҳиягар Борис Кимёгаров яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ӯ дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онон буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзӯҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург - филми «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ - филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Суҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик - «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 -1978) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд. Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо ҳамкории Л. Степанова (соҳиби медали биринҷӣ ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1974), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР, соли 1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик – ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон – меросбарони бойтарин фарҳанги маънавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сарчашмаҳои маънавии гузаштаамон раҳнамун сохт.[2]
Борис Кимёгаров нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халқҳои эронӣ рӯй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли ҳунари нав – кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод. Дар паҳлӯи Кимёгаров таҳиягарони шинохта ба мисли Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Тоҳир Собиров, Марат Орифов, Анвар Тӯраев, Марворид Қосимова, Абдусалом Раҳимов, Сӯҳбат Ҳомидов, Муқаддас Маҳмудов, Майрам Юсуфова, Марворид Қосимова ва чанде дигарон фаъолият намуда, филмҳои хотирмон таҳия кардаанд. Хусусан филмҳои
- Р. Перельштейн - «Ман бо духтаре вохурдам» (ба заб. русӣ «Я встретил девушку»1957),
- Тоҳир Собиров — “Писар бояд зан гирад” (соли 1959), “Марги судхӯр” (соли 1966),
силсилаи “Афсонаҳои Шаҳрзод” (солҳои 1966, 1984, 1987), “Зане аз роҳи дур” (соли 1978), “Вохӯрӣ дар дараи “марг” (соли 1980);
- Абдусалом Раҳимов — “Зумрад” (соли 1962), “Ситора дар тирашаб” (соли 1972);
- Анвар Тӯраев — “Духтари сеюм” (соли 1970), “Ишқи нахустини Насриддин” (соли 1977), “Дарди ишқ” (соли 1989);
- Марворид Қосимова — “Тобистони соли 43” (соли 1968), “Ҷӯра Саркор” (соли 1970), «Имрӯз ва ҳама рӯз” (соли 1979);
- Сӯҳбат Ҳомидов — “Ривояти зиндони Павиак” (соли 1970);
- Марат Орифов — “Муҳосира” (соли 1977), “Қалби ман дар кӯҳсор” (соли 1966);
- Муқаддас Маҳмудов — “Қиссаҳои кӯтоҳ дар бораи бачаҳое, ки...” (соли 1962), “Рояли сафед” (соли 1969);
- Давлат Худоназаров — “Субҳи нахустини ҷавонӣ” (соли 1979), “Марди роҳ” (соли 1982);
- Валерий Аҳадов — “Дарвеши ланг” (соли 1986), “Асрори оила” (соли 1983);
- Елизавета Кимёгарова — “Қиссаҳои Муки кӯчак” (соли 1983)
ба саҳифаи таърихи кинои тоҷик ҳамчун филмҳои беҳтарини давраи шӯравӣ ворид шудаанд. Дар ин радиф гуфтан лозим аст, ки Евгений Мотиле, ки дар ҷаҳон бо филми “Офтоби дурахшони биёбон” машҳур аст, фаъолияти касбии худро дар “Тоҷикфилм” шурӯъ кардааст. Филме, ки ӯ таҳти унвони “Бачаҳои Помир” (соли 1963) ба навор гирифтааст, бо худ давраи нави гуяндагиро ҳам дар самти “забони филм” ва ҳам дар маҷмӯъ эстетикаи кинои тоҷик оғоз намуд.[2]
Солҳои 80 ва аввали 90
вироишОхири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри бист дар кинои тоҷик табаддулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филми мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷӯйи сабку усул ва мавзӯъҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешавад, дар ҳоле, ки кулли кинои ондавраи шӯравиро рӯҳияи ташвиқот пахш карда буд. Ин рӯҳияи нави воқеъбинию воқеънигориро насли нави коргардонон - Майрам Юсуфова, Пӯлод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, Гулбаҳор Мирзоева, Толиб Ҳомидов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бахтиёр Худойназаров, Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ ва амсоли инҳо дар филмҳояшон татбиқ карданд. Аз филмҳои баландпояи он давр метавон филмҳои “Айёми алафҳои зард” (соли 1991), “Мусофир” (соли 1989), “Братан” (ё “Бародар”, соли 1991), “Ситораҳои сари танур” (соли 1991), филмҳои кӯтоҳметараи ҳунарии “Панҷара” (соли 1989), “Чоҳ” (соли 1991), “Хоби бедорӣ” (соли 1990)-ро ном гирифт, ки дар онҳо назари амиқ ба зиндагӣ ва олами ботинии қаҳрамонҳо дида мешавад. Яке аз хусусиятҳои умдаи ин филмҳо дар истифода ва кашфи забони ҷадиди кинематографӣ ва эстетикаи нав таҷассум ёфтааст.[3]
Солҳои Истиқлолият
вироишБаъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Бар замми ин, дар кишвари тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид. Қисми зиёди кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сармоя ва сарпараст биҷӯянд.[4] Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлол дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллӣ ба ду тариқа арзи вуҷуд кард – яке дар дохил ва дигар дар хориҷи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар “Қош ба қош” (соли 1993) ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), “Парвози занбӯр” (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва “Фариштаи китфи рост”-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби бӯҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави кинематография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шуҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчӯбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли таҳияаш 1998), “Муҷассамаи ишқ” (У.Мирзоширинов, соли 2003), “Овора” (Г. Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), “Тақвими интизорӣ” (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кӯтоҳметраи “Хушбахтӣ” (соли 2006), “Синамои муҳаррик” (соли 2007) - ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи кинематографияи продюсерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар харитаи кинематографияи миллӣ студияҳои мухталиф аз қабили “Синамо”, “Киносервис”, студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омаданд.
Кинофестивали байналмилалӣ
вироишДар пойтахти Тоҷикистон ҳар ду сол кинофестивали байналмилалии “Дидор” баргузор мегардад. Кинематографистони тоҷик дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро кардааст. Вай ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд. Аз соли 2012 директори киностудия "Тоҷикфилм" коргардони варзида Носир Саидов аст.[5] Филми "Муаллим" (соли 2014) дар таҳияи коргардон Носир Саидов ба зумраи дастовардҳои киностудияи "Тоҷикфилм" дохил мешавад. Яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ- ин филми «Қиёми рӯз»-и Носир Саидов мебошад. Филми ҳирфаии “Қиёми рӯз” аз ҷониби Носир Саидов дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009) ва дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шудааст. Ин филм дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Аз ҷумла, филми «Қиёми рӯз» дар кинофестивали ҷаҳонӣ дар шаҳри Кералаи Ҳиндустон, ҷашнвораи кинои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Россия, Япония, Ҳиндустон, Италия ва Голландия ширкат карда, ҷоизаҳо ба даст овардааст. Дар ҷашнвораи кинои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон «Қиёми рӯз» дар миёни 266 филм ҷоизаи «Самандари тилоӣ» -ро соҳиб шуд. Ин ҷоиза ба ин филм барои беҳтарин кори коргардонӣ дода шудааст. Филми дигари Носир Саидов «Оинаи беҷило» соли 2013 ба навор бардошта шуд, ки он низ дорои касбияти баланд аст. Филми «Муаллим»-и ин коргардон соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Аз нигоҳи мавзӯъ кинои тоҷик хусусияти ахлоқиву тарбиявӣ дошта, бинандагонро ба дарки хубиву бадӣ ва фарқи аслии сиёҳу сафед раҳнамун месозад. Ҷанбаи дигаре, ки хусусияти баланди таъсиррасонӣ дорад, ин санъати зебои филмофарии коргардонҳо мебошад. Бояд гуфт, ки яке аз филмҳои машҳури тоҷик -«Коса»-и Суғдсинамо дар Фестивали IX филмҳои афғонӣ чанде қабл дар шаҳри Стокголми Шветсия дар байни филмҳои хориҷӣ сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми кӯтоҳмуддат» гардид. Дар ҷашнвораи мазкур аз Тоҷикистон ду филм- «Коса» ва «Духтари Сайҳун», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидаанд, дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё иштирок карданд. Бояд зикр намуд, ки мавзӯи филмҳои фестивал- мушкилоти кӯдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. Филми «Коса» доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур соли гузашта дар кинофестивалҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Британияи Кабир низ иштирок карда, санъати кинои тоҷикро муаррифӣ карда буд.
Рӯзи кинои тоҷик
вироишДар даврони истиқлоли ҷумҳурӣ ҳамасола дар Тоҷикистон 16 октябр ҳамчун рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.[6]
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38 с.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38
- ↑ Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38
- ↑ Анвар Тӯраев тарки Тоҷикистон кард(тоҷ.). www.ozodi.org. 8 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ «Таджикфильм» возглавил известный режиссер Носир Саидов(тоҷ.). www.avesta.tj. 8 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 апрели 2015.
- ↑ 16 октябр-Рӯзи кинои тоҷик. Санъате, ки тавассути он неруи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт. 16 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2021.