Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: кор карда истодааст, replaced: Шарк → шарқ (4)
Сатри 8:
|Вазифа=мутафаккири ислом
}}
'''Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ''' (میر سید علی شهاب‌الدین همدانی) - яке аз [[олим]]они бузурги [[фалсафа]], [[илоҳиёт]], адиби ширинсухани форсу тоҷик ва [[Ҳинд]]у, [[Покистон]] ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст. Дуруст аст, ки [[соли 1975]] файласуфи шинохтаи тоҷик [[Моҳирхуҷа Султонов]] шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Танҳо бояд илова намуд, ки мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпӯш, Мири Сиёҳпӯш, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар [[Тоҷикистон]]и мо хоса дар шахри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бе поёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳободдин буда, дар Ҳамадонӣ Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар аксар сарчашмаҳои таърихию адаби, соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи Раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба [[12 октябр]]и соли [[1314]] мелодӣ мешуморанд.
 
== Зиндагинома ==
Сатри 15:
:На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист,
:Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд.
 
 
Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавкеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар сини 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақӣқати
асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19 солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пай дар пай гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташон ободу зебо ва мӯҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоёон, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дар воқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ , бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳли ақрабояш, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳи мекарданд, марди ғариб буд.
 
Дар мусофират у [[Макка]]ю [[Мадина]], [[Миср]], Покистону Ҳиндустон, [[Осиёи Миёна]], [[Туркия]] ва дигар мамолики дунёро на паи сарвату моли дунё , ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард , балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кӯмак мекард. Ӯ дар ин сафарҳо аз сӯҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа «Авроди фатҳия» барои асари ҷовидонии тасаввуфиро эҷод кард. Дар ин мудат ба қавли Саида Ашраф Зафар бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли [[1373]] милоди ба [[вилояти Хатлон]] ва [[Кӯлоб]]и имрӯза ташриф овард. Воқеъан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби ШаркШарқ мисли Сайиди Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятеро дучор омад, ки ин қадар сафарҳо намуда ба хизмати авлиёхову дустони Худо камар баста ва аз онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол одами бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд.
 
:Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо,
Line 29 ⟶ 28:
Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои ӯро барбод доданд.
Темурланг ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёде кард, шаҳрҳои мутараққии Шерозу Табрез,Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон кард. Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Темурлангро дар хусуси дар дарбори ӯ хизмат карданро низ рад намуд.
Ин аст,ки соли [[1379]] дар сини 65 солаги бо ҳамроҳии пайвандону наздиконаш ва беш аз 700 шогирдону муридони хеш ҷилои Ватан кард ва Кашмири Ҳиндустонро макони худ қарор дод.
 
Баҳоре ки сину соли муборакаш вориди 73 мегашт, гирифтори дарди ҷонкоҳе гардид. Оре, сафарҳои пай дар пай, муҳоҷироти солиёни зиёд, дурӣ аз Ватани азизаш, ҳиҷрони хешу пайвандони меҳрубонаш, ки қисмаш дар Эрону қисми дигараш дар хоки Хатлон мезистанд,бузургворо хело хаста карда буд. У дар яке аз сафарҳои охирин духтараш Моҳи Хуросонро ба Хоҷа - Абуисҳоки Хатлонӣ (1314-1346), ки марқадаш дар деҳаи Хоҷаҳисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб воқеъ аст, ба шавҳар дода ва дар охири умр тану рӯҳи қавии ин марди бузург заифу нотавон ва дардманд гардида буд. Ӯ дар бистараи беморӣ афтод, аммо ҳамеша хайёлаш банди диёри Хатлон ва муриду шахсиятҳои нирӯманди ин сарзамини пурфайз буд. Ҳангоми бозгашт дар вилояти Кунари Афғонистон ҷон ба Ҳақ таслим дод ва мувофиқи васияташ тобути ӯро ба Кӯлоб оварда, ҷасадашро дар ҳамин ҷо дафн намуданд.Яке аз муридони он ҳазрат рӯзи видоъ бо дару ҳасрати ҷангудоз таърихи фавти ӯро ба таври зайл иншо намуд;
Line 61 ⟶ 60:
:Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
:Дар ду олам нест моро бо касе гарду губор,
:Ҳар кӣ моро ранҷа дорад рохаташ бисёр бод.
 
Дар мисраъҳои зикрёфта чӣ хоксории оли чӣ фурутанию самимият муҳаббати безаволи ӯ ба насли башарият бо фасохату дилбастагии том ифода ёфтааст ин ғазал тахминан 600 сол мукаддам иншо шудааст аммо ягон калимаю ифодааш барои форсизабонони имруза хоса точикон номафҳум нест пас ҳамду сано бод ба килки сеҳрноки ин суханофарини азали ва пайваста бояд бигӯем:
Рӯҳат шоду марқадат пурнуру хонаи охиратат обод бошад,Сайид Алии Ҳамадони!
Шояд ҳамин пурқувватии ақидаю афкори фикр ва соддагию оммафаҳмии забони асарҳояш бошад,ки ихлосмандони ҳақиқии равияи ӯ, дӯсдорони каломи раббонӣ асрҳо боз вайро ҳамчун пири хирадманд
 
:Аҳволи дил, эй Шоҳ, нагуям, ки надони,
:Боллоҳ, ҳамадонӣ, ки ту шоҳи Ҳамадони
 
Сад афсӯс, ки ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти адабӣ осори муқаддаси ин шахсияти шариф ҳанӯз ҳам барои мо ворисонаш чандон равшан нест. Дуруст аст, ки ҳангоми равшан сохтани паҳлӯҳои ҷӯдогонаи суфизм ва намояндагони барҷастаи он номи Сайид Алии Ҳамадониро ёдовар мешаванд, аммо маҳсули эҷодии ӯ аз назари муҳаққиқон дур мондааст. Мо аминем, ки дар равиши таҷлили зодрӯзи ин олими маъруфи Шарқ саҳифаҳои тозаи осораш бо кӯмаки мусташриқон манзури ихлосмандонаш хоҳад гашт.Барои муайян кардани мавқеи Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷику форс аз ҳама пеш ба эҷодиёти ӯ ва шогирдони ҳамасаронаш мурофият бояд кард. Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфарӣ Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, оиди шахсият ва шарҳи ҳоли ӯ «Хулосат-ул-маноқиб» ном асаре офарид ва яке аз сарчашмаҳои нахустин ва боэътимод ба шумор меравад. Муҳаққиқони баъдина ҳангоми рӯ овардан ба эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ҳамон асари номбурдаро муттакои ақидаи хеш қарор дрдаанд. Алҳол бошад дар Ҳиндустону Покистон ва Эрон доир ба аҳвол ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба таъб расидаанд, ки мутаассифона, дастраси мо нашудаанд. Ба гуфти олимон Ахмад Ҳасани Донӣ, Аҳмад Ҳасани Обидӣ, Абдулаҳмади Ҷовид,Анкари Деҳлавӣ, Муҳаммад Осимӣ, Моҳирхуҷа Султонов дар Покистон ассосиатсияи байналхақии «Шоҳи Ҳамадонӣ» амал мекунад , ки ба омӯзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ ҷиддан равона карда шудааст. Мутаасифона, дар Тоҷикистон, хоса дар Кӯлоби мо, касе аз файласуф ва ё адабиётшинос ба омӯзиши осори ӯ ба таври дилхоҳ машғул нагардидиааст. Танҳо М.Султонов тахминан 16 сол муқаддам китобчае бо номи «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр намуд. Бояд иқрор намуд ,ки аввалин шиносоии оммаи васеи хонандагон бо шарҳи ҳол ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамин китобча амалӣ шуд. Дар «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон (1991) ном раҳнамои М.Азизов ва Р. Асоев баъзе маълумотҳои нисбатан тоза ,ки дар солҳои охир гирд оварда шудаанд,ба диққати хонандагон расонда шуд.
Line 83 ⟶ 82:
 
== Ривоят дар бораи дехаи Тудакавш ==
Дар кисми шаркиишарқии шахри [[Кулоб]] канорест, ки дехае бо номи Тудакавш.Арзи вучуд мекунад. Пайдоиши деха мувофики накли мардони солхурда ва кухансол чунин аст. Кисми зиёди ихлосмандони Алии Хамадони аз мамолики шаркушарқу чануб тавасути хамин мавзуъ вориди шахри Кулоб шуда,ба зиёрати бузургвор мушарраф мегардиданд. Ба ин макон расидан замон аз руи хурмат ва эхтироми бузургвор хама зоирон кавшхои худро аз пой берун карда, сипас суйи макбараи хазрати Сайид Алии Хамадони рахсипор мешуданд.шумораи мехмонону ихлосмандони бузургвор он кадар зиёд буд,ки хар руз он чо гарам-гарам тудаи кавшхо ба амал меомад. Хамин ходиса сабаб гашта бо мурури замон он маконро тудакавш номиданд.
 
== Ривояте дар бораи дехаи Сангпар ==
Line 90 ⟶ 89:
 
== Ривоятҳо дар бораи Ҳамадонӣ ==
Рочеъ ба хаёту фаъолият ва бузургиву каромоти Алии Ҳамадонӣ байни мардуми шаркшарқ асрхо инчониб наклу ривоятхои зиёд пайдо шуда, аз насл ба насл гузашта истодаанд. Албатта, дар бораи бузургон чунин ривоятхо бисёранд ва хатто баъзан як ривоятро ба чанд нафари онхо нисбат медиханд. Мо чунин ривоятхоро нисбат ба [[Абӯалӣ Сино|Абӯали Ибни Сино]], [[Умари Хайём]], [[Абдураҳмони Ҷомӣ]], [[Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд]], [[Саъдии Шерозӣ]] ва амсоли онхо бисёр шунидаем ва медонем, ки аксари онхо бо пушонидани пардаи динни нихоят муболигаомез гуфта шудаанд. Вале ба хар хол худи мавчудияти чунин ривоятхо аз бузургию эътибори ин ашхос ва аз чумла Алии Ҳамадонӣ байни халк дарак дода, беасос нестанд.
== Гиромидошти мутафаккир==
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марқадаш дар деҳаи Хоҷаисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и [[ноҳияи Кӯлоб]] (''Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон'') воқеъ аст. Дар ганҷинаи Пажухишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад. Нисбати мутафаккир доимо конфронсу нишастҳои фарҳанги баргузор мегарданд ва мероси Ҳамадонӣ нашр карда мешавад. Дар "Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон" (1991) ном раҳнамои М.Азизов ва Р. Асоев чоп шудааст. Асари Ҳамадонӣ «Захират-ул-мулук», дар фонди эҳтиёти [[Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб]] маҳфуз аст.
Дар зерсохтори [[Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб]] дар шаҳри [[Кулоб]] - Осорхонаи мероси хаттӣ ва адабии ба номи [[Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ]] фаъолият карда истодааст аст.<ref>[http://elint.kunstkamera.ru/catalog/respublikanskij_istoriko_kraevedcheskij_muzejnyj_kompleks_g_kulyab/ Республиканский историко-краеведческий музейный комплекс г. Куляб]</ref>
 
==Пайвандҳои беруна==
<references/>
 
{{Файласуф-зиндагинома-нопурра}}
 
[[Гурӯҳ:Мутафаккирон:Ислом]]