Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (форсӣ: میر سید علی شهابالدین همدانی; 22 октябр 1314, Ҳамадон — 18 январ 1385, Кӯлоб, Бекигарии Кӯлоб) — файласуф, мутакаллим, ориф, сӯфӣ, шоир ва нависандаи форс-тоҷик.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир, файласуф, ориф |
Таърихи таваллуд: | 22 октябр 1314 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 18 январ 1385 (70 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишСоли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхуҷа Султонов шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпӯш, Мири Сиёҳпӯш, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар Тоҷикистон, хоса дар шаҳри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, аз рӯи муҳаббати бепоёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳободдин буда, дар Ҳамадонӣ Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар аксар сарчашмаҳои таърихию адабӣ, соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи Раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ мешуморанд.
- На-з он Ҳамадонам, кӣ надонанд Алӣ кист,
- Ман з-он Ҳамадонам, кӣ Алиро ҳама донанд.
Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавқеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар сини 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақиқати асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19 солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пай дар пай гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташон ободу зебо ва муҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоён, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дар воқеъ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳли ақрабояш, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳи мекарданд, марди ғариб буд.
Дар мусофират ӯ Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Туркия ва дигар мамолики дунёро на паи сарвату моли дунё, ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард, балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кумак мекард. Ӯ дар ин сафарҳо аз суҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа «Авроди фатҳия» барои асари ҷовидонии тасаввуфиро эҷод кард. Дар ин мудат ба қавли Саида Ашраф Зафар бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли 1373 милоди ба вилояти Хатлон ва Кӯлоби имрӯза ташриф овард. Воқеъан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарқ мисли Сайиди Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятеро дучор омад, ки ин қадар сафарҳо намуда ба хидмати авлиёҳову дустони Худо камар баста ва аз онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол одами бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд.
- Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо,
- Ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид.
Ин мартаба ба Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар синну соли ҷавонӣ муяссар гардид. Шайх Муҳаммадхони Азконӣ яке аз олимону орифони шуҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди ӯ хидмати муридӣ ба ҷо оварда матавонист. Алии Ҳамадонӣ ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист ки ба дарбори ӯ сазовор гардад ва ҳатто Шайх либоси ифтихории худ хирқаро ба шогирди хеш туҳфа намуд. Ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид аст. Он чи ки аз илму маърифат омухту ғун кард дар сахифоти ҷудогона сабт кард ва ахиран онҳоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо ба қавле аз 70 беш аст. Дар ин солҳо аз умри пурбаракати Сайид Алии Ҳамадонӣ 60 сол зиёдтар рафта буд.
Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои ӯро барбод доданд. Темурланг ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёде кард, шаҳрҳои мутараққии Шерозу Табрез, Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон кард. Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Темурлангро дар хусуси дар дарбори ӯ хидмат карданро низ рад намуд. Соли 1379 дар сини 65 солагӣ бо ҳамроҳии пайвандону наздиконаш ва беш аз 700 шогирдону муридони хеш ҷилои Ватан кард ва Кашмири Ҳиндустонро макони худ қарор дод.
Баҳоре ки сину соли муборакаш вориди 73 мегашт, гирифтори дарди ҷонкоҳе гардид. Оре, сафарҳои пай дар пай, муҳоҷироти солиёни зиёд, дурӣ аз Ватани азизаш, ҳиҷрони хешу пайвандони меҳрубонаш, ки қисмаш дар Эрону қисми дигараш дар хоки Хатлон мезистанд, бузургворо хело хаста карда буд. Ӯ дар яке аз сафарҳои охирин духтараш Моҳи Хуросонро ба Хоҷа — Абуисҳоки Хатлонӣ (1314—1346), ки марқадаш дар деҳаи Хоҷаҳисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб воқеъ аст, ба шавҳар дода ва дар охири умр тану рӯҳи қавии ин марди бузург заифу нотавон ва дардманд гардида буд. Ӯ дар бистараи беморӣ афтод, аммо ҳамеша хайёлаш банди диёри Хатлон ва муриду шахсиятҳои нирӯманди ин сарзамини пурфайз буд. Ҳангоми бозгашт дар вилояти Кунари Афғонистон ҷон ба Ҳақ таслим дод ва мувофиқи васияташ тобути ӯро ба Кӯлоб оварда, ҷасадашро дар ҳамин ҷо дафн намуданд. Яке аз муридони он ҳазрат рӯзи видоъ бо дару ҳасрати ҷангудоз таърихи фавти ӯро ба таври зайл иншо намуд;
- Ҳазрати шоҳи Ҳамадони Карим,
- Ояти раҳмат зи каломи қадим.
- Гуфт дами охиру Таърих шуд;
- «Бисмиллоҳир-раҳмони-раҳим».
Мисраи охири порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрӣ мутобиқи 1386-и мелодӣ рост меояд. Соли вафоти Сайид Алли Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385 мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде ҳаст. Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонӣ дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз Алии Ҳамадонӣ 70 не, балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридашон Мавлоно Нуриддини Бадахшонӣ (ваф. 1393 ҳ.) дар "хулосат-ул-маноқиб " маълумоти саҳеҳ додаст.
Эҷодиёт
вироиш- Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
- Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат,
- Ҳар ки масти олами ирфон бувад,
- Бар ҳама халқи ҷаҳон султон бувад.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар паи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқӣ гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқу илоҳиёт баҳс мекунанд. Миқдори асарҳои ӯро олими шинохтаи тоҷик, файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Хамадонӣ мухтасаран малумот дод. Аммо назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ, ки шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадониро зиёдтар аз 90 медонад. Ҳамчунин илова кард, ки аксари асарҳоӣ ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳақиқонаш маълум нест.
Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ», «Захират-ул -мулук», «Анвор-ул-азуор», «Вуҷудия», «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузошт. Баробари ин асарҳои мазмуни ӯ низ, ки дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубои, дубайтӣ, маснавӣ иншо шудаанд, ба мо мерос мондаанд.
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад.
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан афкори тасаввуфӣ, фалсафавӣ ва панду ахлоқиро дар бар мегирад, вале дар ривоҷи мавзӯъҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ пояҳои баландтареро ишғол менамоянд, ки хоса каломи мазмунаш хеле содаю равон дилчаспу оммафаҳманд. Мулоҳиза фармоед ба ин чанд мисраи ғазали бузургвор:
- Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ӯро ёр бод,
- Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
- Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
- Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
- Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,
- Ҳар кӣ моро ранҷа дорад роҳаташ бисёр бод.
Дар мисраъҳои зикрёфта чӣ хоксории олӣ чӣ фурутанию самимият муҳаббати безаволи ӯ ба насли башарият бо фасоҳату дилбастагии том ифода ёфтааст ин ғазал тахминан 600 сол муқаддам иншо шудааст аммо ягон калимаю ифодааш барои форсизабонони имрӯза хоса тоҷикон номафҳум нест пас ҳамду сано бод ба килки сеҳрноки ин суханофарини азалӣ ва пайваста бояд бигӯем: Рӯҳат шоду марқадат пурнуру хонаи охиратат обод бошад, Сайид Алии Ҳамадони!
Шояд ҳамин пурқувватии ақидаю афкори фикр ва соддагию оммафаҳмии забони асарҳояш бошад, ки ихлосмандони ҳақиқии равияи ӯ, дӯсдорони каломи раббонӣ асрҳо боз вайро ҳамчун пири хирадманд
- Аҳволи дил, эй Шоҳ, нагуям, ки надонӣ,
- Воллоҳ, ҳамадонӣ, ки ту шоҳи Ҳамадонӣ.
Сад афсӯс, ки ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти адабӣ осори муқаддаси ин шахсияти шариф ҳанӯз ҳам барои мо ворисонаш чандон равшан нест. Дуруст аст, ки ҳангоми равшан сохтани паҳлӯҳои ҷӯдогонаи суфизм ва намояндагони барҷастаи он номи Сайид Алии Ҳамадониро ёдовар мешаванд, аммо маҳсули эҷодии ӯ аз назари муҳаққиқон дур мондааст. Мо аминем, ки дар равиши таҷлили зодрӯзи ин олими маъруфи Шарқ саҳифаҳои тозаи осораш бо кумаки мусташриқон манзури ихлосмандонаш хоҳад гашт. Барои муайян кардани мавқеи Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷику форс аз ҳама пеш ба эҷодиёти ӯ ва шогирдони ҳамасаронаш мурофият бояд кард. Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфарӣ Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, барои шахсият ва шарҳи ҳоли ӯ «Хулосат-ул-маноқиб» ном асаре офарид ва яке аз сарчашмаҳои нахустин ва боэътимод ба шумор меравад. Муҳаққиқони баъдина ҳангоми рӯ овардан ба эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ҳамон асари номбурдаро муттакои ақидаи хеш қарор дрдаанд. Алҳол бошад дар Ҳиндустону Покистон ва Эрон доир ба аҳвол ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба таъб расидаанд, ки мутаассифона, дастраси мо нашудаанд. Ба гуфти олимон Ахмад Ҳасани Донӣ, Аҳмад Ҳасани Обидӣ, Абдулаҳмади Ҷовид,Анкари Деҳлавӣ, Муҳаммад Осимӣ, Моҳирхуҷа Султонов дар Покистон ассосиатсияи байналхақии «Шоҳи Ҳамадонӣ» амал мекунад, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ ҷиддан равона карда шудааст. Мутаасифона, дар Тоҷикистон, хоса дар Кӯлоби мо, касе аз файласуф ва ё адабиётшинос ба омӯзиши осори ӯ ба таври дилхоҳ машғул нагардидиааст. Танҳо М.Султонов тахминан 16 сол муқаддам китобчае бо номи «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр намуд. Бояд иқрор намуд, ки аввалин шиносоии оммаи васеи хонандагон бо шарҳи ҳол ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамин китобча амалӣ шуд. Дар "Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон (1991) ном раҳнамои М.Азизов ва Р. Асоев баъзе маълумотҳои нисбатан тоза, ки дар солҳои охир гирд оварда шудаанд, ба диққати хонандагон расонда шуд. Дуруст аст, ки дар шароити мавҷуда таҳқиқи эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ, хусусан барои муҳақиқони кӯлобӣ мушкил аст, чунки аз ин олим дар вилояти Кӯлоб танҳо як асараш «Захират-ул-мулук», дар фонди эҳтиёти осорхонаи таъриху кишваромӯзии вилояти Кӯлоб маҳфуз аст ва истифодаи васеи хонандагон аз он ғайриимкон аст.
Ривоятҳо дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
вироишСайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми яке аз сафарҳояш дар Хатлон муддате истиқомат мекунад ва аз Амир Темур хоҳиш мекунад, ки мулки Хатлонро Ба ӯ ҳадия кунад. Амир Темур ин дархости ӯро рад мекунад. Саид Алии Ҳамадонӣ аз ин қаҳраш афзуда, ба суй Самарқанд хасчубаеро баҳри ҳалокати Амир Темур мепартояд. Ҳамин вақт Баҳовиддини Нақшбанди Балогардон, ки Дар Самарқанд мезистааст, он хасчубаро аз ҳаво дошта гирифта назди Амир Темур мебарад, ва иброз медорад, ки Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ин рафтори ту дар ғазаб шуда, туро ана ба ҳамин хасчуба ҳалок месозад. Агар мулки Кӯлобро ба ӯ набахшӣ, ҳалокати ту ногузир аст. Амир Темур ин дафъа ҳам розӣ намешавад. Боз Сайид Алии Ҳамадонӣ хасчубаи дигареро равон мекунад ва боз Баҳовидини Балогардон онро аз ҳаво дошта мегирад. Ба Амир Темур мегӯяд, ки ман дигар қудрат ва тавонои надорам якин хасчубаи дигар туро несту нобуд мекунад. Салохи кор он аст, ки дархости Алии Ҳамадониро иҷро намоӣ. Ниҳоят Амир Темур ночор шуда, мулки Кӯлобро ба Сайид Алии Ҳамадонӣ туҳфа мекунад.
Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари Кашмири сеҳрнок расидан Дар музофоти Кабарсавод бо як гурӯҳи олимони он диёр вохурду байни онҳо баҳси домандоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, ба Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тулонӣ баҳсу мунозира намуд. Охиран саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, авҷ мегирад. Ҳалли ин масъала он буд, ки вазъи гов муаян карда шавад. Олими Кашмирӣ аввалан ба ин савол ҷавоб доданӣ шуда мегӯяд, ки гов дар вуҷуди худ гусола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарфи худро тавъзех дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гусола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст. Гусола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки сафедии нуги думи гусола дар пешонааш ҷой гирифтааст. Барои аниқ кардани фикрҳои мухталифи бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гусоларо мебинанд, ки воқеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст. Мубади Кашмирӣ аз мағлубияташ дар назди қавми хеш шармсор гашта ҳамон замон ба ҳаво парвоз карда ногаҳон аз чашм нопадид мешавад. Ҳазрати Алии Ҳамадонӣ кавши пояшро ба ҳаво мепартояд ва дар як мижа задан мубади мағлубшуда дар ҳаво пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки боло баромадани мешавад, он кавш ба сараи ӯ бархурда ба сӯйи замин сарозераш мекунад. Охирон ба зарбаи пай дар пайи кавши соибкаромат мубад ба назди кавмаш шармандавор бармегардад. Баъди он ки пири хиради Кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама қавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба ӯ содиқ мемонанд. Аз ҳамин давр сар карда, на танҳо дини мубиини ислом, балки забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар ин ноҳияи Ҳиндустон авчу барори тоза пайдо кард.
Ривоят дар бораи деҳаи Тудакавш
вироишДар қисми шарқии шаҳри Кулоб канорест, ки деҳае бо номи Тудакавш арзи вуҷуд мекунад. Пайдоиши деҳа мувофиқи нақли мардони солхурда ва кӯҳансол чунин аст. Қисми зиёди ихлосмандони Алии Хамадонӣ аз мамолики шарқу ҷануб тавасути ҳамин мавзеъ вориди шаҳри Кӯлоб шуда, ба зиёрати бузургвор мушарраф мегардиданд. Ба ин мақон расидан замон аз рӯи ӯурмат ва эҳтироми бузургвор ҳама зоирон кавшҳои худро аз пой берун карда, сипас суйи мақбараи хазрати Сайид Алии Хамадонӣ раҳсипор мешуданд шумораи меҳмонону ихлосмандони бузургвор он қадар зиёд буд, ки ҳар рӯз он ҷо ғарам-ғарам тудаи кавшҳо ба амал меомад. Ҳамин ҳодиса сабаб гашта бо мурури замон он маконро Тудакавш номиданд.
Ривояте дар бораи деҳаи Сангпар
вироишБа қавли ровиёни рӯзгордида таърихи пайдоиши деҳаи Сангпар, ки дар тарафи шимоли шаҳри Кулоб вокеъ гардидааст чунин аст. Зоирон ҳангоми ба наздики маконе, ки ҳоло деҳа қарор гирифтааст, расида аввалан аз аспҳои худ фаромада, суйи шаҳр равон мегардидаанд. Бо мақсади он ки дар рох ягон сухани ношоям ба забон нагиранд қамчинҳои худро зери дандон гузошта то ба мақбараи бузургвор расидан хомушона ба зикру дуруду санои ҳазрати Самадият машғул мешудаанд. Боре чанд тан марди кӯҳистонӣ бо мақсади имтиҳон кардани русуми номбаршуда аз он маҳал савора гузашта сӯи шаҳр рох мепаймуданд. Дар ҳамин асно аз тарафи теппаҳои болои деҳа ногаҳон суяшон сангпартоӣ сар мешавад. Саворон товбаву надомат карда, аз аспҳо ба замин мефароянд ва қамчинҳоро ба зери дандон гузошта тарафи мақбараи бузургвор зикру саногуён раҳсипор мешаванд. Аз ҳамон вақт сар карда он маконро деҳаи Сангпар мегуянд.
Ривоятҳо дар бораи Ҳамадонӣ
вироишРочеъ ба ҳаёту фаъолият ва бузургиву каромоти Алии Ҳамадонӣ байни мардуми шарқ асрҳо инҷониб нақлу ривоятҳои зиёд пайдо шуда, аз насл ба насл гузашта истодаанд. Албатта, дар бораи бузургон чунин ривоятҳо бисёранд ва ҳатто баъзан як ривоятро ба чанд нафари онҳо нисбат медиҳанд. Мо чунин ривоятҳоро нисбат ба Абӯали Ибни Сино, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд, Саъдии Шерозӣ ва амсоли онҳо бисёр шунидаем ва медонем, ки аксари онҳо бо пушонидани пардаи динни ниҳоят муболиғаомез гуфта шудаанд. Вале ба ҳар ҳол худи мавҷудияти чунин ривоятҳо аз бузургию эътибори ин ашхос ва аз ҷумла Алии Ҳамадонӣ байни халқ дарак дода, беасос нестанд.
Гиромидошти мутафаккир
вироишДар Ҷумҳурии Тоҷикистон марқадаш дар деҳаи Хоҷаисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб (Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон) воқеъ аст. Дар ганҷинаи Пажуҳишшгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешавад. Нисбати мутафаккир доимо конфронсу нишастҳои фарҳанги баргузор мегарданд ва мероси Ҳамадонӣ нашр карда мешавад. Дар «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон» (1991) ном раҳнамои М. Азизов ва Р. Асоев чоп шудааст. Асари Ҳамадонӣ «Захират-ул-мулук», дар фонди эҳтиёти Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб маҳфуз аст. Дар зерсохтори Комплекси осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии ш. Кулоб дар шаҳри Кулоб — Осорхонаи мероси хаттӣ ва адабии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият карда истодааст аст.[1]
Хотира
вироиш- Ба шарафи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар пули миллӣ 10 сомонӣ расм, мақбара ва мисраи шеъраш дарҷ гардидааст.
- Пештара ноҳияи Москва ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ номгузорӣ шудааст.