Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот ислоҳ карда истодааст, replaced: Гарб → ғарб (2)
Сатри 1:
'''Давлати Ҳахоманишиҳо''' - дар замонҳои қадимтарин дар хоки [[Эрон]] қабилаҳои [[Ориёӣ]] зиндагӣ мекарданд. Баъдтар ба он ҷо баъзе қабилаҳои дигар низ омада сокин шуданд. Дар оянда аз онҳо халқҳои форсизабон ба вуҷуд омадаанд, [[Ориёӣ]] ба чорводорӣ ва зироатпарварӣ машғул буданд. [[Қабилаҳои ориёӣ]] аз се табақа – коҳинҳо, ашроф ва аҳли соҳибихтиёри ҷомеа, чорводорону зироатпарварон ва касибон иборат буданд.
Дар бораи ориёни Эрони Қадим дар китоби муқаддаси дини зардуштия «[[Авесто]]» маълумот дода шудааст. Роҳбарони қабилаҳои ориёӣ пешвоён ва подшоҳон буданд. Ҳокимияти онҳо хеле мустаҳкам буд. Қабилаҳо одатан аз байни худ раҳбаронро интихоб мекарданд. Мартабаи пешвои қабила ва шоҳ меросй ҳам буд. Пешвоён ва шоҳони қабилаҳо бо ҳамроҳии шӯрои қабила ҳамаи масъалаҳои қабиларо ҳаллу фасл мекарданд. Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод бо мақсади ҳимоя аз ҳуҷумҳои сершумори қабилаҳои ҳамсоя қабилаҳои ориёии эронӣ иттифоқи қабилаҳоро ташкил намуданд. Дар баъзе минтақаҳои Эрон аз ин ҳам пештар иттифоқҳои қабилаҳои ориёӣ таъсис ёфта буданд, ки онҳо давлатҳои аввалини қадимтарини мардуми форсизабонро ташкил намуданд.
 
== Ташкилёбии Давлати Ҳахоманишиҳо ==
Ба иттифоқи қабилаҳои эронӣ на ҳама вақт муяссар мешуд, ки худро аз ҳуҷумҳои душманон муҳофизат карда тавонанд. Барои ҳамин, ба онҳо лозим меомад, ки иттифоқҳои қабилаҳояшонро калонтару мустаҳкамтар кунанд. Қабилаҳои сершумори хурд омада, бо ихтиёри худ ба иттифоқи қабилаҳои пурзӯртар якљоя шуда, онҳоро боз хам пурқувваттар мегардонанд. Сохти ин иттифоқҳои қабилаҳо ба сохти давлатӣ монанд мешуд.
[[Акс:Persian_EmpirePersian Empire,_490_BC 490 BC.png|right|thumb|Империяи Ҳахоманишиён]]
Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод дар Форс давлате бо номи [[Ҳахоманишиён]] таъсис меёбад. Асосгузори ин давлат писари Куруши I [[Куруши Кабир|Куруши II]]-ро ([[Куруши Кабир]] ([[Хатти ниёгон]]: کورش کبیر)) мешуморанд, ки ӯ солҳои 550 -529 пеш аз милод ҳукумронй кардааст. Номи давлат аз номи сулолае, ки [[Куруши Кабир]] ба он он тааллуқ, гирифта шудааст. Куруш худро «шоҳи Ашан» ва «шоҳи Порсу», яъне шоҳи Форс меномид. Барои васеъ кардани давлати худ Куруши II бар зидди шоҳи Модҳо – Астиаг љанг карда ва пойтахти он шаҳри Экбатан (Ҳамадон)–ро забт карда, тобеи давлати худ мегардонад. Ғалабаи Куруши II бар шоҳи Модҳо аз он сабаб осон гардид, ки халқи он бар зидди шоҳ Астиаг шӯриш бардошта буд. Мувофиқи ривояте шӯришгардон шоҳи худ – Астиагро дастгир карда, ба Куруш месупоранд. Вале Куруши II ӯро қатл накарда, баръакс, ба мартабаи баланд мушарраф мегардонад. Баъди забти Модҳо Куруши II љангҳои истилогаронаи худро давом дода, Арманистон ва Каппадокияро забт мекунад. Баъд аз ин [[Куруши Кабир]]нияти ҳуљум ба Бобулро кард. Шоҳи Бобули нав дар давраи ҳукмронии Навуходоносори II ба давлати пуриқтидор табдил ёфта буд .
Барои ҳамин забти он кори осон набуд. Мушкилии забти Бобул дар он буд, ки шоҳи Лидиён Крез ва шоҳи Миср – фиръавн Яхмост II бо ҳамроҳии Бобул бар зидди давлати Форс иттифоқ баста буданд. Барои ҳамин Куруш аввал ҳокимияти худро дар Осиёи Ғарбӣ ва махсусан дар Осиёи Хурд мустаҳкам карда, одамон ва дороии давлатҳои ишғолкардаро барои мустаҳкам намудани давлат ва қӯшуни худ истифода бурд. Курши II аввал давлати заифтари ин иттифоқ – Лидиёнро торумор ва ба давлати худ ҳамроҳ мекунад. Баъд тамоми қувваро бар зидди Бобул равон кард. Миср ба Лидиён ва Бобул ёрӣ нарасонд. Дар ин ҳолат Куруш бо мушкилии зиёд Бобулро ҳам ишғол кард.
Сатри 14:
Тамоми '''Давлати Ҳахоманишӣ''' ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарби, яъне сатрапиҳо таксим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе, ки Геродот хабар медиҳад (lll,89-94), дар аҳди Дорои l (522-486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд аксаран аз байни форсҳо таъин карда мешуданд. Вазифаи воли асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд. Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоат накарда, муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби воли бештар мероси буд.
 
Боҷу хироҷғундорӣ аз муҳимтарин амалҳои дастгоҳи давлатӣ ҳисоб мешуд. Мувофиқи ислоҳоти дар соҳаи молиёт ҷорӣ намудаи Дорои I ҳар вилоят мебоист андози солонаро бо пул адо кунад.
 
Ғайр аз ин, ба тариқи молиёти ҷинсӣ, яъне маҳсулоти зироатӣ ё ки ҳунармандӣ андоз мепардохтанд. Илова бар ҳамаи ин, боҷҳои дохилӣ ва андозҳои роҳ низ вуҷуд доштанд. Махсусан бо сарбоз таъмин кардани кушуни ҳахоманишӣ барои аҳолӣ бори гароне буд.
Сатри 48:
 
Дар давлати Хахоманишихо, махсусан бохтарихо, хоразмихо, суғдихо, портхо, марвонихо,сакоихо ва дигар халкхои Осиёи Миёна роли бузурге бозидаанд.
Достони халкии эрони, ки аз фикрахои бокимондаи ,,Таърихи Форс” ном асари табиби дарбори Ардашери 2 - Ктесий ба мо маълум аст, аслан дар вилояти Осиёи Миёна, бештар дар махалхои бохтарихова сакоихо офарида шудааст. Баъдтар вай ба тарафхои ГарбҒарб интишор ёфта, пас аз тагироту иловахо асоси хамосаи Миллии эрониро фарохам овард. Бисёр сюжетхои ин достон ба ,,Шохнома”-Фирдавси дохил гардидаанд.
Оини [[Зардушт]]и,ки дар Осиёи Миёна ба зухур омада буд, дар замони Хахоманишихо ба [[Эрон]] ва боз дуртар ба тарафхои ғарб пахн шуда, баъдхо мазхаби давлатии эронихо карор гирифт. Хануз дар асри 5 дар шахри Мемфиси Миср маъбади худои эрони
Митра вучуд дошт. Дар давраи империяи [[Рим]] парастиши Митра дар бисёр мамлакатхо расм гардида, то чазирахои [[Британия]] расида буд.
Сатри 58:
 
Дар замони Хахоманишихо ба тавассути ривочи касбу хунар ва муносибатхои пулию моли тараккиёти босуръати шахрхои Осиёи Миёна хамчун марказхои маъмури ва хунарманди шуруъ гардид. Хаминро бояд хотирнишон кард, ки халкхои Осиёи Миёна дар давраи Хахоманишихо аввалин бор ба пули танга ошно шудаанд. Намунахои тангаи тилло ва дигар сиккахои системаи пули Хахоманиши аз хоки Осиёи Миёна пайдо карда шуд. Хамин тарика, ба хайати давлати Хахоманиши дохил шудани Осиёи Миёна
барои тараккиёти маданият ва муассисахои давлатии хам худи ин сарзмин ва хам хамсояхои ГарбииҒарбии он ахамияти хеле калон дошт.
 
Давлати бузурги Хахоманишихо, хамчун яке аз пуриктидортарин империяи чахонии кадим беш аз 200 сол мавчудияти худро нигох дошт. Комёбихои сохаи хочаги ва анъанахои сиёси ва мадании он дар даврахои баъдина, дар ахди эллинизм ва мавчудияти давлатхои Портхо ва Сосониён низ хамоно дар таърихи халкхои Шарк роли мухим мебозиданд.
Сатри 68:
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, кисмати муҳими Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишӣ қарор гирифта буд. Дар навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд шудааст, ки давлати Ҳахоманишӣ аз сарзамини «сакоиҳои паси Суғд» то Кӯш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекард. Бо чунин ақида мумкин аст розӣ шуд, ки «сакоиҳои паси Суғд» ҳамон сакоиҳои он суӣ дарёи Сир мебошанд, яъне, онҳое, ки дар ҷараёнгоҳи боло қисман миёнаи ин дарьёи Осиёи Миёна зистаанд. Хоразм, Суғд, Бохтар, Порт, аксари вилоятҳое, ки сакоиҳои бодиянишин сукунат доштанд, - ҳама дар овони нашъунамои давлати Ҳахоманишӣ ба ҳайати он дохил мешуданд.
 
Бохтар то охирин лаҳзаҳои мавҷудияти давлати Ҳахоманишӣ дар тахти тасарруфи он буда, муҳимтарин маркази шарқии ин давлат ҳисоб меёфт. Нуфузи зиёд ва имкониятҳои фаровони иқтисодию ҳарбии Бохтар ва вилоятҳои тобеъи он мавқеи ин кишварро дар ҳаёти иқтисоди ва сиёсии тамоми қисмати шарқии давлати Ҳахоманишӣ муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолави барои тахти шоҳаншоҳи низ хеле бузург буд. Зоҳиран, аъёну ашрофи бохтарӣ сиёсати ҷудоиталабиро ҷорӣ карда, дар айни замон гоҳо тарафи ин ва ё он даъвогари тахтро мегирифтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар умури давлат баробари форсҳо мавқеи роҳбарикунанда дошта бошанд.
 
Тамоми давлати Ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарби, яъне сатрапиҳо таксим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе, ки Геродот хабар медиҳад (lll,89-94), дар аҳди Дорои l (522-486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд аксаран аз байни форсҳо таъин карда мешуданд. Вазифаи воли асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд. Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоат накарда, муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби воли бештар мероси буд.
 
Боҷу хироҷғундорӣ аз муҳимтарин амалҳои дастгоҳи давлатӣ ҳисоб мешуд. Мувофиқи ислоҳоти дар соҳаи молиёт ҷорӣ намудаи Дорои I ҳар вилоят мебоист андози солонаро бо пул адо кунад.
 
Ғайр аз ин, ба тариқи молиёти ҷинсӣ, яъне маҳсулоти зироатӣ ё ки ҳунармандӣ андоз мепардохтанд. Илова бар ҳамаи ин, боҷҳои дохилӣ ва андозҳои роҳ низ вуҷуд доштанд. Махсусан бо сарбоз таъмин кардани кушуни ҳахоманишӣ барои аҳолӣ бори гароне буд.
Сатри 79:
Осиё Миёна ба чор сатрапӣ тақсим шуда буд. Қабилаҳои кӯчманчии сокини канораҳои баҳри Каспӣ, ба қавли Геродот, ба таркиби сатрапии ХI дохил шуда, солона ба маблағи 200 таланти нуқраи бобулӣ хироҷ медоданд. Хоразм, Суғд ва Порт сатрапии XVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии XII ба шумор рафта, 360 талант андоз мепардохтанд. Ниҳоят сакоиҳои вилояти XV-ро ташкил намуда, ба маблағи 250 талант андоз медоданд.
 
Яке аз воситаҳое, ки Ҳахоманишиҳо аз аҳолии Осиёи Миёна андозҳои иловаги мегирифтанд, бастани дарғот буд. Ахолӣ аз беоби ба танг омада, маҷбур мешуд, ки барои кушодани дарғот хироҷи иловагӣ бидиҳад. Геродот дар ин бора менависад:
 
"…Вақте, ки онхо беоб монданд, ба аёли худ ба Форс мераванд, дар назди дари қасри подшоҳ ҷамъ шуда, доду фиғон мебардоштанд; подшоҳ аҳволи ин мӯҳтоҷонро дида, амр мекунад, ки дарғотҳоро кушода, обро ба сӯи дашт сар диҳанд. Ҳамин ки замин аз об сер шуд, боз дарғотҳоро мебанданд ва бо амри подшоҳ дарғотҳои дигарро барои дигар мӯҳтоҷони об боз мекунанд. Аз руи ин ривоятҳо ба ман маълум аст, ки подшоҳ гайр аз андозҳои муқаррарӣ ба ивази кушодани дарғотҳо пули бисёр меситонад".([[Бобоҷон Ғафуров]]).
Сатри 85:
Муайян кардани ин ҷои дарғот, ки аз рӯи суханони Геродот дар дарёи Акес вокеъ гардида будааст, кори хеле душвор аст. Ба тибқи ақидаи аксари муҳаққиқон, ин дарғот дар дарёи Теҷен - Ҳарируд аст, ки аҳъёнан дарёи Мурғоб меноманд. Кӯшишҳои боз ҳам аниқтар муайян кардан хам ба назар мерасад.
 
Зоҳиран, дар аҳди ҳукумронии ҳахоманишиҳо иншоотҳои калони объёрӣ дар дасти (ва ё таҳти назорати) маъмурони ҳахоманишӣ карор гирифта буданд. Вазъияти аҳолии меҳнатӣ дар давраи ҳукумронии ҳахоманишиҳо фавқулода вазнин буд. Қабилаву халқҳои озодихоҳи Осиёи Миёна муттасил ба муқобили ҷавру зулми подшоҳони форс шӯриш мебардоштанд.
 
Ҳанӯз аз нимаи дуввуми асри IV пеш аз милод хоразмиҳо давлати мустақили худро таъсис менамоянд. Дар ин вақт сакоиҳо ҳам аз тобеяти Ҳахоманишиҳо берун меоянд.
Сатри 98:
== Манбаъ ==
* Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.
[[Гурӯҳ:Таърихи Осиёи Марказӣ]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
{{манбаъ}}
 
[[Гурӯҳ:Таърихи Осиёи Марказӣ]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
 
[[it:Dinastia achemenide]]