Афканишот: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Alfa beta gamma radiation penetration.svg|thumb|Ин тасвир тавонойии се гунаи мухталифи афканишотро нишон медиҳад: алфа-зарраҳао (α) бо бархӯрд ба баргаи коғаз мутаваққиф мешаванд. Бета-зарраҳо (β) ба варақаи алюминиум, вале қисмате аз гамма-зарраҳо (γ) метавонанд аз варақаи сурбӣ бигзаранд.|220x220px240x240px]]
'''АФКАНИШÓТ''', раванди [[Афканишот|афканиш]] ва паҳншавии [[Энергия|энер­гия]] ба шакли [[мавҷ]] ва [[зарра]]. Аксар мавридҳо таҳти ин ис­тилоҳ [[Афканишоти электромагнитӣ]] фаҳмида мешавад, ки дар нав­бати худ вобаста ба манбаъ ба Афканишотҳои гуногун тақсим мешавад. Физикаи классикӣ афканишотро чун афканиши мавҷ­ҳои электромагнитӣ аз ҷониби барқа (зарядҳо)-и электрикии ши­тобёфта муоина мекунад. Назарияи классикӣ бисёр ҷи­ҳатҳои равандҳои афканишотро маънидод карда тавонист, лекин баъзеи онҳо, хусусан афканишоти ҳароратии ҷисмҳо ва афканишоти [[атом|атому]] [[молекулаҳо|молекулаҳоро]] тавсиф дода натавонист. Чунин тавсифот танҳо дар назарияи квантии афканишот имконпазир гашт, ки мувофиқи он афканишот ин тавлиди [[фотон]] ҳангоми тағйир ёфта­ни ҳолати [[системаҳои квантӣ]] (масалан, атомҳо) мебошад. Назарияи квантӣ афканишотро амиқ омӯхта, ҳудудҳои истифодаи афканишоти классикиро муайян кард.
 
Сатри 6:
 
Аз рӯйи басомад афканишоти электромагнитиро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
[[File:FarNearFields-USP-4998112-1.svg|thumb|220x220px240x240px|Афканишоти электромагнитӣ]]
афканишоти намоён (рӯшноӣ), афканишоти маҷ­бурӣ (илқоӣ), гамма-афканишот, афканишоти инфрасурх, афканишоти ионзо, афканишоти микромавҷӣ (баландбасомад), афканишоти моно­хро­матикӣ, афканишоти гузаришӣ, радиоафканишот (радио­мавҷ­ҳо), афканишоти рентгенӣ, афканишоти син­хро­тронӣ, афканишоти худ ба худ рӯй­диҳанда, афканишоти ҳароратӣ, афканишоти тераҳерсӣ, афканишоти боздоштӣ (тор­мозӣ), афканишоти ултрабунафш, афканишоти сиклотронӣ (магнитотро­нӣ), афканишоти Вавилову Черенков ва афканишоти реликтӣ (афканишот фонии мик­ромавҷии кайҳонӣ).