Аттори Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
|Пеша= [[шоир]]
}}
'''Аттóр''' ([[Забони арабӣ|ар.]] '''عطار'''), '''Абуҳомид Фаридуддин Муҳаммад ибни Абубакр ибни Иброҳими Нишопурӣ''' (1145, деҳаи Кадкани музофоти Нишопур – 1221, [[Нишопур]]) — суханвари бузурги адабиёти форс-тоҷик, шоири мутасаввиф.
== Шаррҳи ҳол ==
Номаш Муҳаммад, бо тахаллуcҳои «Аттор» ва «Фарид» шеър мегуфт. Падараш Абубакр ибни Иброҳим ва гузаш­тагонаш асосан бо атторӣ (дорусозию доруфурӯшӣ) ва табибӣ умр ба сар бурдаанд ва Аттор тахаллус карданаш низ аз ҳамин ҷост. Падари Аттор умри дароз дида, зоҳиран то он замон, ки шоир «Асрорнома»-ро ба назм медаровард, дар қайди ҳаёт будааст. Модари Аттор зани порсо, покдил, босавод, аҳли маънӣ буд ва гӯё парвариши рӯҳонии ӯ писарашро «Аттор» кардааст. Аттор аз кӯдакӣ дар назди волидайн, бахусус модари хушхаттусаводаш, ба таълиму донишомӯзӣ пардохта, дар баробари аз улуму фунуни адабӣ, ҳикмату калом, нуҷум, тиб, дорушиносӣ, улуми динӣ, монанди тафсир, ривоёту аҳодис, фиқҳ ва ғайра суди комил бардоштан, пайваста ба доруфурӯшӣ ва табибӣ машғул гардидааст. Сарфу наҳви арабиро хуб медонист, бо Қуръон, адабиёти араб ва назарияи адабиёт, илми шеър ошноии комил дошт. Талабот ба табибӣ ва доруфурӯшӣ ва шуҳрати касб волидайни Атторро ба шаҳри Нишопур меоварад. Падараш дар шаҳр маркази ташхиси беморон ва чандин дукони доруфурӯшӣ мекушояд. Зоҳиран Аттор дар маркази ташхис фаъолият доштааст, ки дар «Хусравнома» мегӯяд: