Благовешенск: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х →Манбаъ: бот: гурӯҳ илова карда истодааст. |
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ |
||
Сатри 1:
[[Акс:Coat of Arms of Blagoveshchensk (Amur oblat).png|thumb|200px]]
'''БЛАГОВЀШЕНСК''', шаҳр дар Россия, маркази маъмурии вил. Амур. Дар қисми ҷан. ғарбии дашти байни деҳаҳои Зея ва Бурея, дар соҳили д. Амур ва резишгоҳи д. Зея ҷойгир аст. Бандари дарёӣ ва аэропорти
Благовешенск маркази серсоҳаи саноати кишвар аст; корхонаҳои бузургаш: з-дҳои «Амурский металлист» (аз 1893, истеҳсоли таҷҳизот барои истихроҷи маъдан ва тило), киштисозӣ (аз 1887), «Амурэлектроприбор». Истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ (коркарди рустаниҳои лӯбиёӣ ва нӯшобаҳои спиртӣ), саноати коркарди чӯбу тахта ба роҳ монда шудааст. Дар Благовешенск Донишгоҳи давлатии Амур, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Благовешенск, донишгоҳи аграрӣ ва Институтинизомии Шарқи Дур, академияи тиббӣ, 15 мактаби касбию миёна, Институтитаҳқиқоти илмии Амур, Маркази илмии физиология ва паталогияи роҳҳои нафас, осорхонаи кишваршиносӣ (1891), театрҳои драмавӣ (1883) ва лухтак фаъолият доранд. Дар ох. с-ҳои 40 а. 20 дар Благовешенск скелети динозавр ёфт шудааст.
== Манбаъ ==
Сатри 8:
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳои Русия]]
[[Гурӯҳ:Маҳаллаҳои аҳолинишин аз рӯи алифбо]]
|