Африқо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 48:
 
=== Хок ва наботот ===
[[Акс:Zebras, Serengeti savana plains, Tanzania.jpg|alt=Зебраҳо, заминҳои саваннаи Серенгети, Танзания|thumb|390x390px371x371px|Зебраҳо, заминҳои саваннаи Серенгети, Танзания]]
Хок ва набототи Африқо ба минтақаҳо тақсим мешавад. Қад-қади соҳилҳои халиҷи Гвинея ва пастхамии Конго бешаҳои сернами истивоӣ воқеанд. Бешаҳои анбӯҳи рустаниҳояшон гуногун, печактанаву эпифитҳо бисёранд. Дарахтҳо тақрибан ба 3000 навъ мерасанд. Дарахтони пурарзиш – сиёҳдарахт, кола, хурмо (аз баъзе навъҳои он май ва равған тайёр мекунанд) ва ғайра мерӯянд; хокаш хокистарранги латеритӣ. Дар Шимол ва Ҷануби дар ноҳияҳои гармсер тобистон боришот зиёд аст, то 35%-и масоҳати қитъаро саваннаҳои хоки сурхтоб, бешаҳои камдарахт ва буттазорон пӯшондаанд. Замини биёбонҳои тропикӣ (Саҳрои Кабир, Калахари) регзор ва санглох буда, набототаш аз рустаниҳои хушкидӯсту суккулентӣ иборат аст. Ба иқлими Саҳрои Кабир гиёҳҳои хӯшадори бебарг, буттаҳои паст хоссанд. Дар даштҳо гиёҳҳои хӯшадор ва дарахтони калон (баобаб), хурмо, ақоқиё мерӯянд. Дар канори шимолу ғарбӣ, ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ, яъне ноҳияҳои иқлимаш гармсер, бешаҳои хушк ва буттазорҳои хокашон хурмоӣ бештаранд. Дар Африқо 3712 ҷинс ва 4000 навъи рустаниҳо, аз ҷумла 900 флораи тропикии эндемӣ (дарахти аждаҳо, нахли сейшелӣ) мавҷуданд; хусусан дар қисми ҷан. Африқо, ки он ба флораи ноҳияи Голартика, Атлас, африқоию алпӣ, мадагаскарӣ, Кап ва ғайра мансуб аст. Канорҳои шимол ва ҷануби қораро, ки хокашон хурмоист, буттазорҳои ҳаме­шасабз фа­ро гирифтаанд. Нимаи дуюми а. 20 фаъолияти инсон ҷангалҳоро коста ва чарогоҳҳоро камгиёҳ кардааст.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Африқо"