Фарқият байни намунаҳои "Иззатулло Ҳаёев"

х
х (илова)
Иззатулло Ҳаёев корро аз вазифаи корманди Кумитаи иҷроияи вилояти Ғарм ва нозири Вазорати молия (1956-1961) шуруъ карда, баъдан Вазири кишоварзии [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] буд. Вай ба ҳайси муовини сардори шӯъбаи Кумитаи назорати халқии ҶШС Тоҷикистон, вазири саноат ва гӯшти Тоҷикистон (1978-1983), котиби аввали Кумитаи ҳизби минтақавии Кӯлоб (1983-1986), раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1986-1990), ноиби раисҷумҳури Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1990-1991) ва нахуствазири Тоҷикистон (1991-1992) кор кардааст.
Ӯ дар пайи кушта шудани 25 нафар дар [[12 феврал]]и [[соли 1990]], ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо номи "баҳманмоҳи хунин" ёд мешавад, ҳамроҳ бо котиби аввали Кумитаи марказӣ -- [[Қаҳҳор Маҳкамов]] ва раиси раёсати Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон -- [[Ғоибназар Паллаев]] ба истеъфо рафтанд. Хабари истеъфои онҳо дар матбуоти расмӣ нашр шуд ва аз телевизиони давлатӣ ҳам садо дод.<ref>[http://www.ozodi.org/content/article/26978300.html Маросими видоъ ва бахоксупории Иззатулло Ҳаёев дар Душанбе]</ref> Вале Пленуми КМ Хизби коммунистии Тоҷикистон ин амалро бекор кард ва роҳбарони номбурдаро дар мансабашон барқарор кард.
Баъд аз истиқлоли Тоҷикистон ӯ чанд муддат - аз соли 1994 то 4 феврали соли 1996 - раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.<ref>[http://jahonnamo.tj/sijosat/13912-darguzashti-izzatullo-ajoev-dar-sinni-79-solagi.html Даргузашти Иззатулло Ҳаёев дар синни 79-солагӣ]</ref> Иззатулло Ҳаёев, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, [[26 апрел]]и [[соли 2015]] дар қабристони[[қабристон]]и [[Боғи Лучоб|Лучоб]] ба хок супурда шуд.
 
==Нигаред==
* [http://issuu.com/webinator88/docs/______________07__440_ Чор истеъфои Иззатулло Ҳаёев/ "Нигоҳ", №6-8, майи соли 2015]