Open main menu

Иззатулло Ҳаёевич Ҳаёев (22 июни 1936, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатии шӯравӣ ва тоҷик, раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз 4 январи 1986 то 30 ноябри 1990), сарвазири Тоҷикистон. (1991—1992)[1].

Иззатулло Ҳаёев
Иззатулло Ҳаёевич Ҳаёев
Иззатулло Ҳаёев
парчам 1-ум Сарвазири Тоҷикистон
декабри соли 1991 — 9 январи соли 1992
Пешгузашта Вазифа таъсис ёфт; Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
Ҷонишин Акбар Мирзоев
парчам Ноиби президенти ҶШС Тоҷикистон
30 ноябри соли 1990 — 31 августи соли 1991
Президент Қаҳҳор Маҳкамов
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин вазифа барҳам хӯрд
парчам 10-ум Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
4 январи соли 1986 — 30 ноябри соли 1990
Пешгузашта Қаҳҳор Маҳкамов
Ҷонишин Қаҳҳор Маҳкамов
парчам Котиби якуми ҲК кумитаи вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон
17 январи соли 1983 — январи соли 1986
Пешгузашта Ахмеджан Хисамутдинов
Ҷонишин Салоҳиддин Ҳасанов
парчам Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯҳистони Бадахшон
соли 1973 — 28 марти соли 1978
Пешгузашта Лакай Кармышев
Ҷонишин Муминшо Абдулвосиев
Таваллуд

22 июн 1936(1936-06-22)
қишлоқи Хоҷаисҳоқ, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС

Даргузашт

25 апрел 2015(2015-04-25) (78 сол)
Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС

Мадфан

Лучоб

Фарзандон

Исматулло, Нусратулло, Ҳикматулло, Ҳасан, Ҳусейн

Ҳизб

ҲКИШ (то соли 1991)

Таҳсилот
Касб

Иқтисоддон

Эътиқод

Ислом

Ҷоизаҳо

Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Мундариҷа

ЗиндагиномаВироиш

Иззатулло Ҳаёев 22 июни соли 1936 дар рустои Хоҷаисҳоқи Кӯлоб ба дунё омада, аз соли 1986 то соли 1990 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон сарвазири Хукумати Тоҷикистон дар давраи 25 январи 1991 — 9 январи 1992 буд.[2]

Фаъолияти меҳнатӣВироиш

Иззатулло Ҳаёев корро аз вазифаи корманди Кумитаи иҷроияи вилояти Ғарм ва нозири Вазорати молия (1956—1961) шуруъ карда, баъдан Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Вай ба ҳайси муовини сардори шӯъбаи Кумитаи назорати халқии ҶШС Тоҷикистон, вазири саноат ва гӯшти Тоҷикистон (1978—1983), котиби аввали Кумитаи ҳизби минтақавии Кӯлоб (1983—1986), раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1986—1990), ноиби раисҷумҳури Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1990—1991) ва нахуствазири Тоҷикистон (1991—1992) кор кардааст. Ӯ дар пайи кушта шудани 25 нафар дар 12 феврали соли 1990, ки дар таърихи навини Тоҷикистон бо номи «баҳманмоҳи хунин» ёд мешавад, ҳамроҳ бо котиби аввали Кумитаи марказӣ — Қаҳҳор Маҳкамов ва раиси раёсати Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон — Ғоибназар Паллаев ба истеъфо рафтанд. Хабари истеъфои онҳо дар матбуоти расмӣ нашр шуд ва аз телевизиони давлатӣ ҳам садо дод.[3] Вале Пленуми КМ Хизби коммунистии Тоҷикистон ин амалро бекор кард ва роҳбарони номбурдаро дар мансабашон барқарор кард. Баъд аз истиқлоли Тоҷикистон ӯ чанд муддат — аз соли 1994 то 4 феврали соли 1996 — раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва ҳамзамон муовини нахуствазири Тоҷикистон буд.[4] Иззатулло Ҳаёев, ки дар 79-солагӣ аз олам даргузашт, 26 апрели соли 2015 дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд.

ЭзоҳВироиш

ПайвандҳоВироиш