Аттори Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 21:
: Хатм шуд чун бар ту бар Хуршед нур,
: «Мантиқ-ут-тайр»-у «Мақомоти туюр».
Асоси маснавиро ғояи ваҳдати вуҷуд ва баёни кайфияти он ташкил медиҳад. Шоир бо забони равону рамзу тамсилот ва амсолу ҳикоёти дилкаш ин маъниро дар зимни ҷамъ сохтани мурғон, интихоби Ҳудҳуд ба сарварию раҳбаладӣ ва барои ба мақсад расидан тай намудани ҳафт водӣ (водии Талаб, водии Ишқ, водии Маърифат, водии Истиғно, водии Тавҳид, водии Ҳайрат ва водии Фақру Фано) бо ишорату киноёт боз намудааст. «Ҳафт водӣ»-и Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ асосан мунтахаби «Мантиқ-ут-тайр» аст.
 
== «Мусибатнома» ==
Маснавии «Мусибатнома» низ бар вазни «Мантиқ-ут-тайр» буда, аз 40 мақола, 374 ҳикоя, хотима ва 7530 байт иборат аст. А. дар он бо забони ҳол, на бо забони қол шарҳи сулуки ботини соликро бо овардани ҳикоёти бисёре матраҳ месозад.