Гиёҳхорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 57:
Нимгиёххурон: гиёҳхуроне ки гушти сурхро парҳез мекунанд, аммо гушти мург ва моҳиро истифода мекунанд.
Пескетарианҳо: гиёҳхуроне ки аз гушти сурх ва мург парҳез мекунанд, аммо гушти моҳиро истифода мебаранд.
==Саломатӣ ва нигарониҳо==
Аз он cабабе ки бештари гиёҳхӯрон аз ғизоҳои ҳайвонӣ истифода намекунанд ва инчунин бо назардошти он ки холестерин яке аз намудҳои равганҳоест ки танҳо дар ғизоҳои ҳайвонӣ вуҷуд дорад, метавон натиҷа гирифт ки сатҳи холестерини хуни гиёҳхӯрон поён буда ва ин фактор метавонад сабаби пешгирӣ аз бемориҳое ҳамчун фишори хун, атеросклероз ва сактаи дил шавад. Имрӯзҳо собит шудааст, ки касоне ки ба миқдори зиёд аз маҳсулоти гӯштӣ истеъмол мекунанд, бештар ба бемориҳои дил, бемории гурда ва саратон гирифтор мешаванд. Ҳамчунин кам будани равғанҳо дар ғизои гиёҳхӯрон дар пешгирии фарбеҳӣ ва гиперлипидемия ва оқибатҳои он, аз ҷумла саратони простата, инчунин сатҳи баланди нахҳои ғизоӣ дар пешгирии қабзият ва саратони рӯдаи ғафс кӯмак мерасонад.
Тадқиқоти нав [5] [6] нишон медиҳад, ки режими ғизоии гиёҳхӯрон метавонад калиди зиндагии тӯлонӣ бошад.
Бино ба ин тадқиқот, кам кардани истеъмоли сафеда ба монанди гӯшт метавонад раванди пиршавиро дар одамон коҳиш диҳад ва инчунин давомнокии умрро зиёд кунад.
Донишмандон солҳост, ки эътиқод доранд режимҳои ғизоии камкалория ки андозаи сарфи калория дар онҳо тақрибан 60 дарсади режимҳои имрӯзае аст метавонад сабаби афзоиши умри инсонҳо шавад.
Аммо донишмандони англис кашф карданд, ки калиди зиндагии тӯлонӣ коҳиши андозаи сарфи протеин аст ва на маҷмӯаи калорияи дарёфтии инсонҳо. Ба ин тартиб бар асоси кашфиёти навин мардум бидуни ниёз ба коҳиши андозаи калория ки дар тӯли рӯз сарф мекунанд метавонанд бо камтар сарф кардани маводи протеинй монанди гӯшт, моҳӣ ва ғайра умри худро афзоиш диҳанд. Доктор Мэттью Пайпер аз донишгоҳи колеҷи Лондон дар ин бора мегуяд: режимҳои ғизоии вобаста ба гиёҳхӯрӣ яке аз равишҳои расидан бар ин ҳадаф аст. Пажӯҳишҳои мо нишон медиҳад, ки коҳиши 30 дарсад дар андозаи калория дар тӯли рӯз метавонад хатари гирифтори саратон ва ҳамлаи дилро наздик ба 50 дарсад коҳиш дода ва тӯли умри инсонҳоро 33 дарсад афзоиш диҳад. Донишмандон бо анҷоми пажӯҳишҳо бо магасҳо муайян намуданд, ки аминокислотаҳо таъсири зиёде ба умри инсонҳо доранд. Бахусус тағйир дар андозаи сарфи як аминокислота ба номи метионин бисёр дар афзоиши тӯли умр вобаста будааст. Агарчӣ байни инсонҳо ва магасҳо тафовути зиёде вуҷуд дорад, аммо пажӯҳишгарон боварй доранд, ки натиҷаи ин озмоишҳо ба қисми зиёди ҳайвоноти гуногун ва ҳамчунин инсонҳо мувофиқат мекунад. Метионин дар шаклгирии бисёре аз протеинҳо лозим аст. Ин модда ба таври табиӣ дар ғизоҳое монанди моҳӣ, гӯшт ва тухм вуҷуд дорад. Он ҳамчунин дар маводҳои растанӣ ба монанди меваву сабзавот ва лӯбиёгиҳо ба миқдори кам мавҷуд аст.
Мувофиқи маълумоти Анҷумани Диетологии Амрико (ADA) режимҳои ғизоии гиёҳхӯрон, гиёҳхӯрони комил ё веганҳо солим ҳастанд ва на танҳо маводи хурокаи лозим барои баданро таъмин мекунанд, балки дар пешгирӣ ва дармони бемориҳои ҳамчун фарбеҳӣ, диабети қанд ва бархе саратонҳо судманданд.
 
==Ҷуғрофия==