Боғдорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 18:
Феълан дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор хоҷагиҳои деқонӣ мавҷуд аст, ки як қисми онҳо ба боғдорӣ машғуланд (2012). Хоҷагиҳои фермерии боғдорӣ асосан дар ноҳияҳои вилояти Суғд, водии Ҳисор, водии Рашт ва минтақаҳои Кӯлоб ҷойгиранд. Анвои меваҷоти Тоҷикистон аз ҳисоби навъҳои таҳҷоӣ ва дигар кишварҳо тадриҷан меафзояд. Ҳоло (2012) дар ҷумҳурӣ 11 навъи анор (Шириндона, Сурханор, Нордон, Қазоқианор, Туршдона, Шайнакӣ, Ҳисорӣ, Сафеддона ва ғайра), 6 навъи анҷир (Зарди самарқандӣ, Ноканҷир, Кадота, Сиёҳи ҳисорӣ, Қримии 43 ва ғайра), 6 навъи биҳӣ (Фаровонӣ, Самарқандии калонмева, Турш биҳии бухороӣ, Нордон ва ғайра), 9 навъи бодом (Каҷак бодом, Сангбодом, Қоғотаки ялтагӣ, Дрейк ва ғайра), 6 навъи гелос (Сарви субҳонӣ, Гулобиранги маҳаллӣ, Аштархо нӣ, Негретянка ва ғайра), 13 навъи зардолу (Аҳрорӣ, Бобоӣ, Исфарак, Кӯрисодиқӣ, Мирсанҷарӣ, Рухи ҷавонон, Субҳонӣ, Хурмоӣ, Паррак, Қандак ва ғайра), 15 навъи нок (Ноки ғармӣ, Ноки ворухӣ, Дилафрӯз, Бере Боск, Вилямс, Кулӯланок, Шӯрнок, Мурӯд ва ғайра), 9 навъи олу (Кӯксултон, Сиёҳолу, Заролу, Венгерка, Пионерка ва ғайра), 6 навъи олуболу (Ховалингӣ, Самарқандӣ, Гриот, Испанкаи сиёҳ ва ғайра), 17 навъи себ (Хубонӣ, Маликӣ, Себи сур-хи понғозӣ, Шоҳмахмурӣ, Пахтасеб, Ҷонатан, Ҳосилдор, Ренет Симиренко, Старкримсон, Розмарини сафед, Голден грайм, Голден делишес ва ғайра), 7 навъи хурмо (Хиакуми, Гошогакӣ, Зенҷи Мару, Вахш, Тоҷикӣ, Шарқӣ, Ҳисорӣ ва ғайра), 9 навъи унноб (Вахш, Финик, Ҳисорӣ, Ҷанубӣ ва ғайра), 15 навъи шафтолу (Анҷиршафтолуи сурх, Лола, Норанҷӣ, Равғани гов, Элберта, Луччаки сурх, Сафедшафтолу, Фарҳод, Чемпион, Старт ва ғайра), 5 навъи тут (Балхитут, Бедонаи тоҷикӣ, Марворидак, Сафеди бедона, Шоҳтут), 2 навъи санҷид (Қандак, Нонҷигда), 5 навъи лиму (Мейер, Вилла франк, Лиссабон ва ғайра) парвариш карда мешавад. Дар ҳаётаи аҳолӣ бештар аз 500 анвои меваи таҳҷоӣ мавҷуд аст, ки ба гурӯҳи навъҳои стандартии Тоҷикистон дохил нестанд. Минбаъд дар назар аст, ки дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ навъҳои нави зардолу (Аҳрорхоҷагӣ, Аҳмадӣ, Зарафшонӣ, Олимӣ, Хуҷандӣ ва ғайра), шафтолу (Гулдор, Равшан, Сунбулӣ ва ғайра), нок (Рухи дилбар), анор (Бедонаи тоҷикӣ) ва себ (Шафеӣ, Рахшсеб) парвариш карда мешаванд. Соҳаи дигари боғдорӣ ситруспарварӣ аст. Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли лиму дар собиқ ИҶШС ҷойи аввалро ишғол менамуд. Масоҳати рустаниҳои ситрусӣ зиёда аз 250 га буда, бештарин қисми он дар хоҷагиҳои водии Вахш ҷойгир аст. Имрӯз дар 50 хоҷагии деҳқонии ҷумҳурӣ лиму мепарваранд. Аз ҳар га лимузор ба ҳисоби миёна 100–180 сентнер ҳосил ғундошта мешавад; 95 дарсади лимуи Тоҷикистонро ноҳияҳои водии Вахш истеҳсол мекунанд (2012).
 
== Таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи боғдорӣ ==
Боғдорӣ дар Тоҷикистон пешомади калон дорад. Мувофиқи ''Барномаи рушди соҳаи боғдорӣ ва фармони [[Президенти Тоҷикистон|Президенти ҶТ]] (№ 683 а)з 27. 08. 2009'' ''<u>«Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2014»</u>'' бояд боз 46 ҳазор га боғ бунёд карда шавад. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2012 масоҳати боғоти меваҳои ситрусӣ 350 га афзуда, ҷамъоварии умумии лиму 2–3 маротиба зиёд мегардад. Дар Тоҷикистон барои нигоҳ доштани 250 ҳазор тонна мева сохтани анборҳои махсус дар назар аст. Ҳамчунин иқтидори корхонаҳои консерв афзун гардонда, истеҳсоли консерви мева ба 500 млн қуттии шартӣ расонда мешавад. Масоҳати боғот бештар аз ҳисоби заминҳои лалмӣ, санглох ва мавзеъҳои кӯҳдоман афзун мегардад. Ноҳияҳои Данғара, Муъминобод, Шӯрообод, Ҳисор, Ашт ва Панҷакент ба маркази асосии боғдории ҷумҳурӣ табдил меёбанд.