Абдуҳалим Назарзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Created by translating the page "Назарзода, Абдухалим Мирзо"
(бе тафовут)

Нусха 08:07, 24 июни 2016

Ҳоҷӣ Абдуҳалим Мирзо Назарзода (маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим; 1964 — 2015) — генерал-майори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини вазири мудофиа, соли 2015 як шӯриши мусаллаҳ сохта, дар он кушта мешавад.

Тарҷумаи ҳол

Солҳои аввал

Ӯ соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаводаи коргар ба дунё омада, дар кӯчаи Қаротегин дар як канори шарқии шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Дар давраи Шӯравӣ Абдуҳалим Назарзода ду сол дар корхонаи нассоҷӣ ва баъди адои хидмати ҳарбӣ ду соли дигар дар “Курортстрой” кор карда, аз соли 1986 мудири анбори “Межоблагропром” будааст.

Ҷанги шаҳрвандӣ

Исми Абдуҳалим Назарзода бори аввал дар баҳори соли 1992, вақте матраҳ шуд, ки дар баробари ду майдони Шаҳидону Озодӣ гурӯҳе аз ҷавонон дар майдони назди ҳайкали Садриддин Айнӣ дар маҳаллаи “Садбарг”-и пойтахт “митинги ҷавонони Душанбе”-ро ба роҳ андохтанд. Маҳз пайвастани аҳли ин гирдиҳамоӣ ба майдони Шаҳидон дар моҳи майи соли 1992 таносуби нирӯҳоро ба нафъи майдони Шаҳидон гардонд.

Баъди пирӯзии майдони Шаҳидон Абдуҳалим Назарзода дар қатори онҳое, ки дар пирӯзии аҳли ин майдон саҳм доштанд, сафари Ҳаҷ кард ва аз он ба баъд бо номи “Ҳоҷӣ Ҳалим” маъруф шуд.

Мансаби низомӣ

Нахустин маълумоти олии Абдуҳалим Назарзода – дипломи Академияи низомии Ситоди кулли артиши Русия – аз соли 2007 аст, ки ӯ 43 сол дошт ва маълумоти дуввуми олиаш – дипломи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – аз соли 2009, ки Абдуҳалим Назарзода аллакай ба синни 45 расида буд.

Ҳаводиси соли 2015

Ҳаводиси рӯзи 4 сентябр ба ҳамаи ин равнақи ҳам тиҷорату ҳам карйераи ин генерали 51-сола нуқта гузошт. Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар Душанбе Вазорати корҳои дохилӣ масъулияти раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши Ҳоҷӣ Ҳалим бор кард ва гуфт, ӯ бо ҷамъе аз силоҳбадастони дигар ба дараи Ромит фирор кардааст. Худи ҳамон рӯз бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Абдуҳалим Назарзода бо тавҷеҳи нодири “бинобар содир кардани ҷиноят” аз мақоми муовини вазири дифоъ барканор карда шуд.

11-уми сентябри соли 2015 дар ВАО пайёме дар хусуси нест кардани роҳбари шуришгар пайдо шуд, ва тавре ки баъдан ошкор шуд воқеан баъдан 16 сентябр Назарзода дар маҳалли баландкӯҳе кушта шуд.

Эзоҳ

Пайвандҳо