Content deleted Content added
илова
Сатри 13:
Хомшӯрбояшро аз [[гӯшт]]и лаҳми сер[[равған]] ва аз устухони [[гӯсфанд]] ё [[гов]] мепазанд. [[Гулкарам]]ро аз ӯзакаш ҷудо карда, бо [[пиёз]]у сабзии майдарезашуда якҷоя карда, ба хомшӯрбо меандозанд. Картошкаи доирашакл буридашуда ва [[намак]]у [[қаламфур]] низ илова мекунанд. Дар [[оташ]]и паст 20 [[дақиқа]] меҷӯшонанд. Сипас, [[гулкарам]]шӯрборо ба [[коса]]ҳо кашида, бо кабудӣ ва пиёзи кабуд истеъмол мекунанд. Ба 500 г [[гӯшт]] 1 кг гулкарам, 2 сабзӣ, 3 картошка, 1-2 пиёз 1 бандча кабудӣ ва пиёзи кабуд, намак ва адвиёт (мувофиқи табъ) лозим аст.
==Карамшӯрбо==
[[Гӯшт]] ва [[пиёз]]и резашударо дар [[равған]]и тасфон то [[сурх]]шавӣ бирён мекунанд. Сипас, ба [[дег]] помидори резашуда ё хамираи помидори пухта андохта, 10 [[дақиқдақиқа]]а бирён мекунанд ва баъд сабзии наргасӣ ва картошкаи гирда-гирда резашударо меандозанд. Баъди бирён шудани масолеҳ ба дег 3 литр об, қаламфур намак, барги ғор, [[карам]]и майдарезашуда андохта, 35-40 дақиқа меҷӯшонанд. Карамшӯрборо ба [[коса]]ҳо кашида, ба рӯяш мурч ва кабудӣ мепошанд. Бо [[қаймоқ]] ё [[ҷурғот]] низ истеъмол мекунанд. Ба 500 г [[гӯшт]] 150 г равған, 2 пиёз, 3-4 дона помидор, ё 1 қошуқ хамираи помидори пухта, 2-3 дона сабзӣ, 300 г картошка, 300 г карам, 1 дона қаламфур, 2-3 дона барги ғор, мувофиқи табъ намак, 1 қошуқча мурч, ним бандча [[шибит]], [[кашнич]] ё [[ҷаъфарӣ]] лозим аст.
==Кадушӯрбо==
Ба [[дег]] [[об]] рехта, аввал [[гӯшт]]и устухондорро меандозанд. Баробари ҷӯшидани об кафкашро гирифта, пораҳои [[каду]] ва [[сабзӣ]], [[пиёз]]и реза, [[қаламфур]]и булғорӣ, [[помидор]], [[намак]]у [[зира]] ва ғайраро паиҳам меандозанду 50-60 дақиқа дар [[оташ]]и паст меҷӯшонанд. Каме пештар аз пухтани кадушӯрбо картошкаи поракардаро меандозанд. Баъди пухтани картошка кадушӯрбо пурра тайёр мешавад. Маҳсулоти кадушӯрбо гӯшт, каду, сабзӣ ва картошкаро ба табақ ва оби онро ба косаҳо кашида, ба болояш мурчу кабудии реза пошида, ба [[дастархон]] мегузоранд. Ба 500 г гӯшт 800 г [[каду]], 3-4 дона сабзӣ, 3-4 дона картошка, 2 пиёз, 1-то қаламфури сурх ва 2 дона қаламфури булғорӣ, мувофиқи табъ намаку мурч лозим аст.
 
==Дӯлмашӯрбо==
Гӯшти устухондори [[гӯсфанд]] ё [[гов]]ро ба [[дег]]и [[об]]аш хунук андохта меҷӯшонанд, аз [[гӯшт]]и лаҳм қима тайёр мекунанд. Ба қима [[пиёз]], [[биринҷ]], ҷаъфарӣ, намак, адвиёт ва [[тухм]] илова намуда, омехта мекунанд. Тухм ва думчаи қаламфури булғориро гирифта мепартоянд; [[қаламфур]]и холиро бо қима пур мекунанд. Дӯлмаҳоро ба деги ҷӯшидаистода андохта, 30-40 дақиқа дар [[оташ]]и паст мепазанд. Ба шӯрбо [[пиёз]], помидор, сабзӣ, картошка низ меандозанд. Ба [[таом]]и тайёр намак андохта, ба [[коса]]ҳо мекашанд. Ба 500 г гӯшт, 10-20 дона қаламфури булғорӣ, 0,5 истакон биринҷ, 1 дона тухм, 2-3 дона бехпиёз, 2-3 дона картошка, 2-3-то помидор, ним бандча ҷаъфарӣ, мувофиқи табъ намак ва зира зарур аст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Шӯрбо"