Шӯрбо (форсӣ: شوربا) хӯроки обакӣ, ки аз гӯшт, сабзавот ва нахӯд пухта мешавад.

« Ба як табақи чӯбӣ шӯрбо меоварданд, аснофи буқулот дар он андохта.
»

Шӯрбо яке аз хӯрокҳои хеле пурғизо ва писандидаи мардуми тоҷик аст.

Навъҳои шӯрбо

вироиш

Навъҳои шӯрбо гуногунанд, ки аз як қисми танҳо номашон боқӣ мондаанд. Қисме дигари шӯрбоҳо то ба имрӯз дар тоҷикони манотиқи гуногуни Осиёи Марказӣ маъмул мебошанд. Номи шӯрбоҳои маъмулӣ инҳоянд:

Чи тавре ки аз номи шӯрбоҳо бармеояд, мардум номи онҳоро вобаста ба масолеҳаш (масалан, Нахӯдшӯрбо ё Каллапочашӯрбо) ва баъзан аз рӯйи тарзи пухтупаз (Хомшӯрбо) ё обҷӯшон ва Шӯрбои тагҷаз муносиб донистаанд.

Дӯлма як навъи таоми монанд ба шурбо аст. Вобаста ба масолеҳ дӯлмаҳо чанд хел мешаванд: карамдӯлма, қаламфурдӯлма, чарбудӯлма, бодинҷондӯлма ва ғайра.

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.