Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 119:
Дар давраи солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Афғонистон сиёсати бетарафӣ ва дахолат накарданро пеш гирифт, вале таҳти таъсири Ин­қилоби Октябр гурӯҳҳои навандеш ва пеш­рафт­хоҳи мамлакат фаъолияти густарда намуда, барои истиқлоли комили Афғонистон мубориза мебурданд. Соли 1919 (20 феврал) Ҳабибуллоҳхон дар наздикии Ҷалолобод ба қатл расид. Ба сари давлат писари ӯ Амонуллоҳхон (1919–1929) омад. 28 феврали1919 Афғонистон давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд. Дар навбати аввал истиқ­лоли Афғонистонро Россияи Шӯравӣ ба расмият шинохт. 7 апрели 1919 Амонуллоҳхон бо мактуб ба В. И. Ленин муроҷиат карда, барои бо Россияи Шӯравӣ доштани робитаҳои дӯстона изҳори хоҳиш намуд. 27 майи 1919 бо имзои В. И. Ленин ва М. И. Калинин ҷавоби мусбати мактуби Амонуллоҳхон ба Афғонистон расид. Дар баробари ин, Амонул­лоҳ­хон эълон дошт, ки дар мамлакат бояд фавран ислоҳоти дохилидавлатӣ карда шавад, вале англисҳо истиқлоли Афғонистонро қабул надоштанд ва моҳи майи 1919 байни Афғонистон ва Британия боз ҷанг (ҷанги сеюми афғону англис) оғоз гардид. Муқовимати шадиди афғонҳо англисҳоро ба оштӣ маҷбур сохт ва 8 августи 1919 дар Равалпиндӣ Шартномаи сулҳи байни Афғонистон ва англисҳо ба имзо расид, ки тибқи он англисҳо расман истиқлоли Афғонистон-ро пазируфтанд. 28 феврали 1921 дар Маскав байни Россияи Шӯравӣ ва Афғонистон шартномае имзо шуд, ки тибқи он дар байни ду давлат муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардиданд ва тарафайн уҳдадор шуданд, ки бар зидди якдигар бо давлати сеюм тааҳҳуд нахоҳанд кард. Давлати Шӯравӣ розӣ шуд, ки ба Афғонистон ёрии иқтисодӣ ва техникӣ расонад. Ин нахустин шартномаи баробарҳуқуқии Афғонистон бо яке аз давлатҳои бузурги он давр буд. Ноябри 1921 байни Британия ва Афғонистон низ шартномаи дигарон ба имзо расид. Вале аз муҳтавои шартнома бармеомад, ки нақшаҳои худхоҳонаи мустамликадорони англис қатъ нагардиданд, баръакс Британия ният дошт ба корҳои дохилии давлат мудохила кунад ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоии онро ба манфиати худ истифода барад. Соли 1923 нахустин Конститутсияи Афғонистон қабул карда шуда, сардорони ақвому қабоил аз ҳуқуқи ҷамъ кардани андоз маҳрум шуданд; таъсири рӯҳониён ба мактаб ва умури адлия маҳдуд гардид, чанд мактаби дунявӣ, аз ҷумла, мактабҳои махсус барои занону духтарон ба кор шурӯъ карданд.
[[Акс:King Zahir Shah of Afghanistan in 1963.jpg|alt=Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ, 1963|thumb|Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ, [[1963]]]]
Ислоҳоти буржуазии ҳукумати Амонуллоҳхон харҷу сарфи бисёреро ба вуҷуд овард, ки бори гарони зиндагии мардуми одии заҳматкаш боз ҳам вазнинтар шуд ва ба ҳамин сабаб солҳои 1924–1928 дар манотиқи алоҳидаи мамлакат шӯришҳои мардумӣ сар заданд. Пешвои калонтарин шӯриши тоҷикони Куҳистон ва Куҳдоман [[Ҳабибуллоҳи Калаконӣ]] буд, ки душманон ба ӯ лақаби Бачаи Саққоро дода буданд ва бо ин ном машҳур шуд. Дар нати­ҷаи фишори шӯришчиён моҳи янв.январи соли 1929 Амонуллоҳхон аз амирӣ даст кашид ва пешвои шӯришиён – Ҳабибуллоҳхон амири Афғонистон эълон шуд. Бешубҳа, рӯҳониён, ки аз ислоҳоти пеш аз вақти Амонуллоҳхон норозӣ буданд, аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ пуштибонӣ менамуданд. Бинобар ин подшоҳи нав ислоҳоти Амонуллоҳро бекор кард ва ба манфиати мардум чораҳои муҳим андешид. Тамоми боқидории молиёти гузаштаро барҳам дод, хидмати аскариро бекор кард. Ҳар кас ихтиёрӣ ба давлат бояд хидмат мекард. Барои ҳар аскар моҳона 20 рупияи нақд ва 4 ир (1 ир – 7 кг) гандум маош муайян кард, молиёте, ки болотар аз шароити вазъшуда бошад, бекор карда мешуд. Мизони молиёт аз рӯйи шароити ахлоқӣ муайян карда мешуд. Ҳабибуллоҳ тамоми боқиёт аз хироҷи замин, боғу молиёти тоҷирон ва пешаваронро, ки аз давраи Амонуллоҳ ва падари ӯ Ҳабибуллоҳ монда буданд, барҳам дод. Яъне маҳз ба фоидаи мардуми заҳматкаш чораҳои мушаххас андешид. Аммо кишварҳои хориҷӣ Ҳабибуллоҳи Калакониро дастгирӣ накарданд. Сталинро тоҷик будани ӯ ба ташвиш оварда буд, англисҳоро истиқлолхоҳиаш. Бинобар ин Британия Нодирхонро, ки барояш одами худӣ буд, ёрӣ ва мусаллаҳ намуда, бар зидди Калаконӣ таҳрик намуд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, генерал Нодирхон бо мадади қабилаҳои ҷануби Афғонистон бо таҳрики эҳсосоти қавмии онҳо ба Кобул ҳамла оварда, онро ишғол намуд ва Ҳабибуллоҳхон (Бачаи Саққо)-ро қатл кард. Ҳукумати Нодирхон бо Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои дӯстонаро боз ҳам мустаҳкамтар карда, соли 1931 (24 июн) дар байни ИҶШС ва Афғонистон шартномаи бетарафӣ ва ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба тасвиб расид. Худи ҳамон соли 1931 Конститутсияи нави Афғонистон қабул карда шуд, ки дар асоси он сохти давлатӣ шакли монархияи конститутсионӣ гирифт.
 
Пас аз Нодиршоҳ 8 ноябри 1933 Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ ба сари ҳокимият омада, сиёсати дохилӣ ва хориҷии падарашро идома дод. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–1945), ки дар раванди он мавқеи бетарафӣ эълон карда буд, Зоҳиршоҳ кӯшиш кард дар Афғонистон навгониҳову тағйирот ба вуҷуд биёрад. Аз нимаи дуюми солҳои 50 Афғонистон 20 муносибатҳои ИҶШС ва Афғонистон густариш пайдо карданд ва аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони чандин муассисаи иқтисодӣ ва саноатӣ дар Афғонистон оғоз гардид. Дар нимаи авв. соли 1966 ислоҳоти васеи сиёсӣ анҷом дод. Моҳи сентябр Конститутсияи нав қабул шуд, соли 1965 интихобот ба парламент доир гардид. Конститутсияи озодихоҳӣ аҳзоби сиёсиро кафолат дод.