Бемориҳои омезишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Манбаъ: гурӯҳ
х fixed typo
Сатри 1:
'''БЕМОРИҲÓИ ЗУҲРАВӢ''', бемориҳои ҷимоъӣ, бемориҳои таносулӣ, бемориҳои муқорибатӣ, бемориҳои омезишӣ, касалиҳое, ки асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбанд. Ба бемориҳои зуҳравӣ [[сифилис]], [[сӯзок]], оташак, т[[рихомоноз]], [[ВИЧ/СПИД]], гепатитҳои вирусӣ, лимфогранулемаи қадкашак, гранулемаи зуҳравӣ ва ғайра мансубанд.<br />
Бемориҳои зуҳравӣ аз давраҳои қадим маълуманд. Маълумоти аввалин оид ба онҳо 2500 сол муқаддам вуҷуд доштанд; нишонаҳои сӯзок дар асарҳои табибони барҷастаи атиқа [[Буқрот]] (асри 4 то милод), А. Селс (асри 1 милодӣ), [[Ҷолинус]] (асри 2 милодӣ), [[Абуали Ибни Сино|Абуалии Сино]] тасвир ёфтаанд. Таҳқиқи ангезандаи бемориҳои зуҳравӣ то охири асри 19 бенатиҷа монд. Бисёр олимон бемориҳои зуҳравиро шакл­ҳои гуногуни як беморӣ мепиндоштанд. Соли 1879 духтури немис А. Нейсер ангезандаи сӯзок, соли 1889 духтури итолиёӣ П. Феррари басиллаи оташак, соли1905соли 1905 олимони немис Ф. Шаудин ва Е. Гоффман ангезандаи сифилис (трепонемаи сафедча)-ро кашф намуданд.<br />
Бо вуҷуди комёбиҳои назарраси тиб бемориҳои зуҳравӣ то имрӯз дар ҳама ҷо паҳн шуда, яке аз мушкилоти асосии иҷтимоию ахлоқӣ гаштаанд. Бемориҳои зуҳравӣ барои саломатии бемор ва ҷамъи­ят хатарнок мебошанд. Онҳо зуд паҳн шуда, ба насл таъсири номатлуб мерасонанд. Бенаслии занон ва мардҳо аксар натиҷаи сӯзок ё оризаи он аст. Дар кишварҳое, ки сифилис бағоят вусъат ёфтааст, он яке аз сабабҳои асосии фавти аҳолӣ буда, аз насл ба насл мегузарад, кӯдакони ноқис таваллуд меёбанд. Бемориҳои зуҳравӣ боиси нобиноӣ (аз сӯзок) ва карии модарзодӣ (аз сифилис) гашта, дар натиҷа кӯдакон гунг ба дунё меоянд.<br />
Сабаби асосии густариш ёфтани бемориҳои зуҳравӣ алоқаи ҷинсии бетартиб аст. Падару модар ва рафиқон дар тарбияи ҷинсии кӯдак мавқеи муҳим доранд. Бемориҳои зуҳравӣ бештар дар байни ҷавононе вомехӯрад, ки волидайни онҳо нисбат ба ҳамдигар бевафоӣ мекунанд, ба тарбияи кӯдакон диққати зарурӣ намедиҳанд. Майзадагӣ ҳам яке аз сабабҳои асосии бадахлоқии ҷинсӣ мебошад. Мастӣ ба алоқаи ҷинсии тасодуфӣ роҳ мекушояд, одамро ба зоҳир намудани рафтори беҳаёона водор месозад, оиларо вайрон мекунад. Алоқаи ҷинсии бармаҳал ва бетартиб, ки боиси Бемориҳои зуҳравӣ мегардад, ба акселератсия марбут дониста мешавад. Барои он ки дар наврасон ҳисси шаҳват бармаҳал пайдо нагардад, онҳоро бо василаҳои гуногуни истироҳати маданӣ, хусусан ба [[корҳои ҷамъиятӣ]], [[варзиш]], [[рассомӣ]], [[мусиқӣ]] ва [[театр]] ҷалб намудан аҳаммияти калон дорад.<br />