Барбадос: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 37:
 
== Сохти давлатдорӣ ==
Сохти давлатдорӣ – демократияи парламентӣ. Сардори давлат – Шоҳбонуи Британия, намояндаи ӯ дар Барбадос – генерал-губернатор. Мақоми қонунгузор – парламенти дупалатагӣ: Палатаи Маҷлис (28 аъзо, ки бо раъйпурсии умумӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд) ва Сенат (21 аъзо, ки генерал-губернатор таъйинашон мекунад). Сарвари ҳукумат – сарвазир. Ҳокимияти судӣ аз Суди олӣ ва 8 суди магистратуравӣ иборат аст. Барбадос узви СММ, Иттиҳоди Британия ва диг. созмонҳои байналхалқист<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|ЭМТ]], Ҷ. 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2013, - с.348-350</ref>.
 
== Табиат ==
Релйефи Барбадос асосан мусаттаҳ буда, ба самти марказ баланд шуда меравад (кӯҳи Ҳиллэби, баландиаш 336 м аз сатҳи баҳр). Баъзе ҷойҳои танаи ҷазираро рифҳои марҷонӣ иҳота кардаанд. Бештари соҳил бо реги сафеди гулобитоб пӯшида шудааст. Захираҳои начандон калони нафту газ дорад.
 
=== Иқлим ===
=== Иқлимаш тропикию пассатӣ ===
Иқлимаш тропикию пассатӣ. Ҳарорати миёнаи сентябр +27°С, феврал 25°С. Моҳҳои июл–октябр мавсими боронгарист (боришот – то 1400 мм дар як сол). Дар соҳилҳо зуд-зуд тӯфон рух медиҳад. 96%-и оби истифодашавандаро аз чоҳҳои зеризаминӣ мегиранд. Ҷангалзорони тропикии ҷазира қариб пурра нобуд шудаанд (танҳо дар ҳудуди 30 га дар Таммерс-Ҳолл маҳфуз мондаанд). 64 дарсади ҳудуди Барбадосро заминҳои корам ишғол кардаанд. Хокаш латеритии ҷигаритоб, ҳосилхез. Олами ҳайвоноташ ноқис: асосан маймунҳои сабзранг ва росу (мангуст) (дар замонаш – асри 17 аз Африқои Ғарбӣ оварда буданд), 2 намуд кӯршабпарак, 40 намуд паранда (бузургҷуссааш – куланги сафед) дар оби наздики соҳилҳо – моҳии паррон. Дар минтақаи ботлоқии Грэмхел барои ҳифзи парандагон ва намудҳои нодири наботот мамнӯъгоҳ таъсис дода шудааст. Масоили экологӣ – ифлосшавии обҳои наздисоҳилӣ ба сабаби ба миқдори зиёд ҷамъ шудани партовҳо.
 
== Аҳолӣ ==