Фишорнигор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: thumb|left|Барограф. Акс:Barogramm.jpg|thumb|Барограмма сильного шторма в северной части Гер...
 
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Barograph.JPG|thumb|left|Барограф.]]
[[Акс:Barogramm.jpg|thumb|Барограмма сильного шторма в северной части Германии (2005 г.).]]
'''Барóграф''' (аз {{lang-grc|βάρος}} «вазнинӣ, вазн» ва {{lang-grc2|γράφω}} «менависам») ё '''барометрограф'' — асбоби худнавис барои муттасил ба қайд гирифтани фишори атмосферӣ. Дар пойгоҳҳои бодуҳавошиносӣ (метеорологӣ), инчунин самолётҳо ва аэростатҳо барои бақайдгирии баландӣ (аз рӯйи тағйирёбии фишор) истифода мешавад. Вобаста ба тарзи кор барографҳо анероидӣ ва симобӣ (вазнӣ ва шиноваракдор) мешаванд. Дар амалия барографҳои анероидие бештар маъмуланд, ки қисми қабулкунакашон аз якчанд қуттиҳои анероидии ба ҳам насбкардашуда иборат аст. Ҳангоми тағйир ёфтани фишори атмосферӣ қуттиҳо фишурда ё васеъ мешаванд, ки дар натиҷаи ин сарпӯши онҳо боло ё поён мешавад. Ин ҷойивазкунӣ ба қалам таъсир намуда, он дар навори ба фишорҳо тақсимшуда хатти каҷро мекашад. 1мм-и он нисбати хатти амудӣ ба 1 мбар (1мбар = 100 н/м2) мувофиқат мекунад. Аз рӯйи вақти пурраи гардиши чарх барографҳо ба шабонарӯзӣ ва ҳафтагӣ ҷудо мешаванд. Кори барографро дар натиҷаи муқоисаи он бо барографи симобӣ назорат мекунанд. Барографи ҳассосияташ бузург микробарограф ном дорад, ки дар он тағйирёбии 0,1 мбар фишор ба 1–3 мм-и ҷойивазкунии амудии қалам мувофиқат мекунад.
 
== Эзоҳ ==