Тамашк: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Таксон | image file = Raspberries (Rubus Idaeus).jpg | image title = Тамашк | image descr = Меваи тамашк | regnum =...
 
Сатри 33:
 
== Хосияти шифоӣ ==
Дар тибби халқӣ хеле маъмул аст. Меваи хушк ё шохчаи барг ва гулу меваи тамашкро ҷӯшонида истеъмол мекунанд, барои табобати зангила, камхунӣ, исҳоли хунин ва илтиҳоб истифода мебаранд. Бо шарбати меваи тамашк таъми доруҳоро беҳтар мегардонанд. Тамашкро барои тархӯрӣ кор мефармоянд. Аз он мураббо, шарбат, мармелад, пастила, кампот, нӯшоба, маснуоти гуногуни қаннодӣ, машрубот (ликёр, май ва ғ.) тайёр мекунанд. Тамашк меваи серғизо буда, таркибаш аз қанд (глюкоза, фруктоза, пектоза), кислотаҳои органикӣ (ҷавҳари лиму, себ, ангур ва ғайра), витаминҳои С, А, В, РР иборат аст.
Дар тибби халқӣ барои муолиҷа мева, барг ва гули тамашкро истифода мебаранд. Тамашк воситаи хуби арақовар мебошад. Бо он бемориҳои гуногуни илтиҳобиро табобат менамоянд. Мураббо ва нӯшобаи тамашк ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва илтиҳобӣ (бронхит, дарди гулӯ, фарингит, илтиҳоби шуш) чун давои арақовар ва табшикан истифода мегардад. Барги тамашк ҳамчун воситаи зидди илтиҳоб дар мавриди газаки шадид ва кӯҳна, энтероколит, гулӯдард (ангина), стоматит, бронхит муфид аст. Нақеъи барги онро ҳангоми хунравии меъда, бинӣ ва диг. узвҳо чун воситаи хунбанд истеъмол менамоянд.
Аз тамашк бештар чой дам карда, ҳамчун давои арақрон менӯшанд. Бо ин мақсад дар 3 истакон оби ҷӯш 5 – 6 қошуқ меваи хушки онро андохта, дар давоми як соат истеъмол кардан лозим аст. Беҳтар аст дар ин маврид дар ҷогаҳ хобида, рӯйро бо кӯрпа пушонд. Дар натиҷа одам арақи бисёр карда сабук мешавад. Хусусияти арақронии тамашк барои ашхоси гирифтори бемории гипертония муфид аст, зеро ҳангоми арақ кардан аз организм намаки бисёр хориҷ мегардад.
Истеъмоли тамашк барои одамони гирифтори қабзият ва заъфи гувориш низ муфид аст. Оби тамашк барои муолиҷаи илтиҳоби рӯда ва исҳол нафъ дорад. Тамашкро барои табобати анемия низ кор мефармоянд. Моддаҳои органикии таркиби тамашк гувориши оҳанро дар роҳи аъзои ҳозима беҳтар месозад. Дар таркиби тамашк ҳамчунин йод мавҷуд аст, ки барои пешгирии атеросклероз ва ихтилоли фаъолияти дил нафъ дорад. Ҳангоми бемории диабети қандӣ оби тамашк ва компоти беқанди он муфид аст.
Тамашк дар тибби муосир ба сифати воситаи парҳезӣ, зиддиилтиҳобӣ, табшикан ва арақовар ба кор бурда мешавад. Тамашк афзоиши стафилококкҳоро бозмедорад, барои табобати бемории анемияи камоҳан муфид аст. Бо шарбати тамашк доруҳои бачагонаро хуштаъм менамоянд.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Тамашк"