Узвҳои таносул: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 4:
 
== Узвҳои таносули мардон ==
{{Асосӣ|Узвҳои таносули мардон}}
Ба узвҳои таносули мардон хоя бо зоидҳояш, ки дар хоядон воқеанд, манироҳа бо манидон, ғадуди простата, ғадудҳои Купер ва олати таносул мансубанд.
 
Line 12 ⟶ 13:
Нара ва хоядон узвҳои берунии таносули мард мебошанд. Нара узвест, ки ду вазифаро ба ҷо меорад: ихроҷи манӣ ҳангоми ҷимоъ ва ихроҷи пешоб аз масона. Он аз аҷсоми ғорӣ (исфанҷӣ) иборат аст: ду аҷсоми исфанҷии худи нара ва ҷисми исфанҷии ҷӯяки пешоб, ки сараки узви таносулро ташкил медиҳанд. Аҷсоми исфанҷӣ аз сафедпардаи ғафсе таркиб ёфтаанд, ки аз он парда девораҳои сершумор ба дарун мераванд ва фазои байни онҳо «ғорҳое»-ро ташкил мекунанд, ки пур аз хун мебошанд. Туфайли сохти махсуси рагҳои хунгард хун ҳангоми бедории шаҳват аҷсоми исфанҷиро таҳти фишор пур мекунад ва ин боиси тарангу рост шудани нара, яъне эрексия мегардад.
 
Дар нӯги сари нара сӯрохи берунии ҷӯяки шоша воқеъ аст. Дарозии пӯсте, ки сари нараро мепӯшонад гуногун аст. Дар дохили пӯсти сари нара ғадудҳои арақ мавҷуданд, ки тарашшуҳи онҳо якҷоя бо ҳуҷайраҳои эпителӣ смегма ҳосил мекунанд.
 
== Узвҳои таносули занон ==