Узвҳои таносул: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 51:
Нуқсҳои назарраси рушди узвҳои таносул боиси имконнопазирии таваллуд ва ҳаёти ҷинсӣ мегарданд. Нуқсҳои сабуктар ҳаёти ҷинсӣ ва пешоброниро халадор мекунанд, ба илтиҳоб ва диг. бемориҳо гирифтор месозанд.
 
Аксар амрози узвҳои таносулро дар сурати барвақт ба пизишк муроҷиат кардани волидон пурра табобат намудан мумкин аст. Амрози илтиҳобии узвҳои таносули мардон аксар вақт табиати сироятӣ, занбӯруғӣ ё паразитӣ дошта, аз таъсири вирусҳо, занбӯруғҳо, соддатаринҳо, гелминтҳо ба вуҷуд меоянд. Аз бемориҳои илтиҳобии узви таносул [[баланит]] ва баланопостит (ниг. Баланит) бештар вомехӯрад. Ба илтиҳоби узвҳои таносул микроорганизмҳои маскуни организми одам – қаламчамикроби рӯда, протея, энтерококкҳо ва ғ. сабаб мешаванд. Ҳангоми заъфи умумии организм уфунат тавассути қад – қади маҷрои шоша ба рагҳои лимфа паҳн гашта, боиси иллати уретра (ниг. Уретрит), ғадуди простата (ниг. [[Простатит]]), манидон (везикулит), маҷрои манӣ, зоидҳо ва хояҳо мешавад. Баъзан уфунат ба аҷсоми исфанҷии олати таносул гузашта, боиси илтиҳоби онҳо мегардад. Аз бемориҳое, ки зери таъсири соддатаринҳо ба вуҷуд меоянд, бештар трихомониаз ба мушоҳида мерасад (ҳангоми мубошарат мегузарад).
 
Як силсила амрози сироятӣ – паротити вогир, туляремия, сил, грипп, гепатити вирусӣ – боиси илтиҳоби хоя (ниг. Орхит) ё зоидҳои он (ниг. Эпидидимит) шуда метавонанд.
Сатри 84:
 
Омосҳои бадфарҷом (саратони бачадон ва тухмдонҳо) бештар дар давраи климакс ё наздик ба он ба вуҷуд меоянд. Бинобар ин, барои сари вақт ошкор ва муолиҷа кардани амрози онкологӣ ҳамаи занон бояд соле ду бор аз муоинаи духтури генеколог гузаранд; ҳарчанд онҳо худро комилан солим ҳис кунанд ҳам, аз муоинаи профилактикӣ низ саркашӣ кардан раво нест.
 
 
== Эзоҳ ==