Content deleted Content added
|
|
== Таърих ==
Сохтмони Варзишгоҳи[[Варзишгоҳ]]и марказии Тоҷикистон соли 1939 оғоз шуда, солҳои [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] қатъ гардид. Соли 1946 корҳои сохтмонӣ аз нав шурӯъ шуда, нишастгоҳи ғарбӣ барои 5 ҳазор нафар бунёд ёфт. Соли 1962 трести «Душанбесохтмон» корро давом дод ва дар тӯли як сол майдони асосии варзишгоҳро барои 21 400 нафар ба итмом расонд ва ба фаъолият шурӯъ кард. Масоҳати маҷмаа зиёда аз 20 га (2014). Дар варзишгоҳ ҳамчунин Ҳавзи шиноварии ҷумҳурӣ, пойгаҷойи бозиҳои дастӣ (соли 1974 ба истифода дода шудааст) ва Қасри теннис (яке аз беҳтарин қасрҳои варзиш дар Осиёи Марказӣ) воқеъ гардидаанд. Зӯрхонаи ба номи А. Фирдавсӣ соли 2005 таъсис ёфт. Дар рафти омодагӣ ба Бозиҳои V Осиёи Марказӣ пойгаҷойи ҳаштхаттаи варзишгоҳ ва ҷойи ҷаҳидану партоби диску найзаву [[гурз]] бо резини сурхранг – эластур пӯшонида шуд. Ҳамчунин чуқуриҳои ҷаҳиш таъмир ва ливопояҳои нав гузошта шуданд, барои баргузории мусобиқот лавозимоти нави варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Айни замон варзишгоҳ дорои 19 ҳазор ҷойи нишаст мебошад (2014). Майдони футбол соли 2012 азнавсозӣ шуд. Ҳамчунин дар варзишгоҳ Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол; Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук; Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои зимистона; Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба риштаҳои амалӣ; Мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр оид ба варзиши сабук, Клуби футболи «Истиқлол» ва Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бозиҳои варзишӣ ва машқу тамрин мекунанд. Мусобиқаҳои байналмилалӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва тимҳои футболи пойтахт ҳамсола дар майдони варзишгоҳ баргузор мешаванд.
== Меъморӣ ==
|